ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 81. Ҳисоб кардани музди давраи кор дар хориҷа

Ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи моҳонаи кормандоне, ки барои кор ба хориҷа фиристода шудаанд (рафтаанд), аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маоше, ки пеш аз фиристодан рафтан ба хориҷа мегирифтанд (моддаҳои 70-76-уми ин Қонун) ва ё мувофиқи интихобашон маоше, ки дар асоси моддаи 82-юми ин Қонун муайян мешавад, ба назар гирифта мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 82. Ҳисоб кардани нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд

Нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, аз музди меҳнат (даромаде), ки аз он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шудаанд, ҳисоб карда мешавад.

Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтнамудаашон ҳисоб карда мешавад.

Тартиби ҳисоби нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 83. Ҳисоб кардани нафақаи мавриди маҳрум шудан аз саробон. Ҳисоби нафақаи оилаҳои нафақахўрон

Ҳангоми ҳисоб кардани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мутобиқан моддаҳои 70 - 76, 80 - 82 ва 86-и Қонун истифода мешаванд.

Нафақаи оилаҳои нафақахўрон барои маҳрум шудан аз саробон аз ҳамон музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.

Нафақаи оилаҳои нафақахўроне, ки ҳуқуқи аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи тартиби пешбиникардаи моддаи 78-уми ин Қонун доштанд, аз музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.

Моддаи 84. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Моддаи 85. Аъзои оилае, ки барояшон иловпулӣ ҳисоб карда мешавад

Иловапулӣ ба нафақаи нафақахўроне, ки кор намекунанд ва аъзои корношоями оила доранд, барои аъзои оила, ки дар моддаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми ин Қонун зикр ёфтаанд, дода мешавад. Ин иловапулӣ барои аъзои оила, ки худ нафақаи меҳнатӣ ё иҷтимоӣ мегиранд, дода намешавад.

Дар сурати дар оила будани ду ва зиёда нафақахўри бекор ҳар узви корношоями оила, ки дар таҳти саробонии ягонаи онҳо қарор доранд, ҳангоми ҳисоб кардани иловапулӣ бо хости худи нафақахўрон фақат барои яке аз нафақахўрон муайян карда мешавад.

Моддаи 86. Ҳисоб кардани нафақаи шахсони сокини ноҳияҳое, ки барои музди меҳнат коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст

Барои шахсони сокини ноҳияҳое, ки дар он ҷо ба музди меҳнати коргарону хизматчиён коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст, ҳангоми таъини нафақа музди воқеии меҳнат бо истифодаи коэффисиенти ноҳиявӣ ба назар гирифта мешавад.

Андозаи камтарини нафақае, ки аз рўи ин Қонун барои ноҳияҳои коэффисиенти ноҳиявиашон муқарраршуда таъин мегардад, барои давраи истиқомат дар ин ноҳияҳо бо татбиқи коэффисиенте, ки дар ҳамин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ ҷорӣ аст, муайян карда мешавад.

Моддаи 87. Аз нав ҳисоб кардани нафақа бинобар тағйир ёфтани вазъи оила, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор

Агар нафақахўр баъд аз таъмини нафақа бинобар тағйир ёфтани шароити оилавӣ, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор ба гирифтани иловапулӣ барои аъзои корношоями оила ҳуқуқ пайдо кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум шавад, ё андозаи ин иловапулӣ тағйир ёбад, нафақаи вай мутаносибан аз нав ҳисоб карда мешавад.

ФАСЛИ VIII. ТАЪИН КАРДАНИ НАФАҚА

Моддаи 88. Тартиби муроҷиат барои таъин кардани нафақа

Ариза дар бораи таъин кардани нафақа ба коргарон, хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо (дар ҳолати маҳрум шудан аз саробон) тавассути маъмурияти корхона, муассисаю ташкилоти ҷои охирини кор дода мешавад.

Ариза дар хусуси таъини нафақаи аъзои колхозҳо ва кооперативҳои дигар ва оилаҳои онҳо тавассути раёсати колхоз (кооператив) дода мешавад.

Маъмурият (раёсат) дар якҷоягӣ бо кумитаи иттифоқи касаба дар муддати даҳ рўзи баъд аз воридшавии ариза ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи собиқаи корӣ ва музди меҳнат ба расмият дароварда, якҷоя бо ариза ва дархости худ онҳоро ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори маҳалли истиқомати аризадиҳанда равон мекунад. Агар пешниҳод барои таъини нафақаи корманде, ки муроҷиат намудааст, рад карда шавад, ба ў дар ин хусус ба шакли хаттӣ хабар дода, сабабҳои он зикр карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Дар ҳолатҳое, ки шахси барои нафақа муроҷиаткарда бо қарори маъмурият (раёсат) ва кумитаи иттифоқи касаба дар бораи рад карда шудани пешбариаш барои таъини нафақа розӣ набошад, метавонад дар хусуси таъини нафақа бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор ариза диҳад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Ариза дар бораи нафақаи шаҳрвандони дигар ва аъзои оилаҳои онҳо бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори аҳолии маҳалли истиқомати аризадиҳанда супурда мешавад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки аз рўи масъалаҳои таъини нафақа тавзеҳоту маълумот диҳанд ва ба аризадиҳанда дар гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат намоянд(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Шўъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ҳақ доранд аз корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ҳуҷҷатҳои дахлдор талаб кунанд, ҳамчунин дар мавриди зарурат асоснок будани дода шудани онҳоро тафтиш намоянд.

Дополнительная информация