ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 89. Мақомоти таъинкунандаи нафақа

Нафақаро мақомоти ваколатдор таъин менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Моддаи 90. Мўҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои таъини нафақа

Ҳуҷҷатҳои таъини нафақаро мақомоте, ки нафақа таъин мекунанд (моддаи 89), на дертар аз 10 рўзи расидани онҳо баррасӣ менамоянд.

Қарори рад кардани таъини нафақа ба сабабҳои мувофиқат накардани он ба шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар тамоми ҳолатҳо танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор қабул мешавад. Шўъбаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ на дертар аз 5 рўзи пас аз баровардани қарори дахлдор ба корхона, ташкилот ё арзкунанда хабари рад шудани таъини нафақаро ба дасташон медиҳад ва ё мефиристад ва дар он сабабҳои радшавӣ ва тартиби шикоят карданро нишон медиҳад ва ҳамзамон тамоми ҳуҷҷатҳоро бармегардонад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Моддаи 91. Шикоят аз болои қарори мақомоти ваколатдор

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789)

Аз болои қарори мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Моддаи 92. Мўҳлати таъини нафақа

Нафақа аз рўзи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад, ғайр аз ҳолатҳои зерин, ки нафақа пештар таъин карда мешавад:

а) нафақа аз рўи синну сол ва маъюбӣ аз рўзи расидан ба сини нафақа ё мутобиқан муқаррар намудани маъюбӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таъин карда мешавад, агар барои нафақа на дертар аз 3 моҳи рўзи расидан ба синни нафақа ё муқаррар намудани маъюбӣ муроҷиат шуда бошад(Қонуни ҶТаз 30.07.2007 № 333);

б) нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аз рўзи ҳуқуқ ба нафақа пайдо кардан, вале на бештар аз 12 моҳи пеш аз муроҷиат барои нафақа таъин карда мешавад.

Моддаи 93. Мўҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаи таъиншуда

Нафақаи таъиншуда дар мўҳлатҳои зерин аз нав ҳисоб карда мешавад:

дар мавриди фаро расидани ҳуқуқи зиёд кардани нафақа - аз рўзи якуми моҳе, ки дар он нафақахўр барои аз нав ҳисоб кардани нафақа муроҷиат кардааст, агар аризаи дахлдор бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ то рўзи 15-уми моҳ дода шуда бошад ва аз рўзи якуми моҳи оянда, агар ў ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро баъди рўзи 15-уми моҳ дода бошад;

дар мавриди рўй додани ҳолатҳое, ки боиси кам шудани нафақа мегарданд, аз рўзи якуми моҳе, ки дар он ин ҳолатҳо рўй додаанд, агар онҳо то рўзи 15-уми моҳ фаро расида бошанд ва аз рўзи якуми моҳи оянда, агар онҳо пас аз рўзи 15-уми моҳ воқеъ шуда бошанд.

Дар ҳолатҳои пешбиникардаи модаҳои 33 ва 50-уми Қонуни мазкур нафақа аз мўҳлате, ки дар ҳамин модаҳо зикр гардидааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 94. Аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронидан

Нафақахўрро аз як нафақа ба нафақаи дигар мақомоти ваколатдор мегузаронад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Нафақахўр аз рўзи супурдани аризаи дахлдор ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (агар онҳо дар парвандаи нафақа набошанд), аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронида мешавад.

Моддаи 95. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

ФАСЛИ IХ. ДОДАНИ НАФАҚА

Моддаи 96. Пардохти нафақа

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Нафақаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори пардохткунандаи нафақа дарҷойи қайдивоқеии нафақагир,пардохт карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823, аз 18.03.2015 № 1199).

Моддаи 97. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Моддаи 98. Вазифаи нафақахўрон ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳо дар бобати хабардор кардани сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор ва тағйироти шароите, ки ба нафақагирӣ таъсир мерасонанд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789)

Дар ҳолатҳое, ки бинобар мавҷуд будани музди кор ё даромади дигар нафақаи таъиншуда ба андозаи камтар дода шавад ё умуман дода нашавад, нафақахўрон бояд аз хусуси музди кор ё даромади дигарашон ба сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдорро хабар диҳанд(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Нафақахўроне, ки барои маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, ҳамчунин вазифадоранд, ки аз хусуси тағйир ёфтани ҳайати аъзои оила, ки барои онҳо нафақа ё ин ки иловапулӣ ба нафақа мегиранд, шўъбаҳои таъминоти иҷтимоиро огоҳ намоянд.

Роҳбарони корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд, ки аз хусуси ба кор қабул шудани нафақахўрон ба сохторҳои маҳаллии дахлдори мақомоти ваколатдор дар мўҳлати 5 рўз хабар диҳанд. Дар акси ҳол маблағи зарари расонидашуда аз корхонаи гуннаҳкор ва нафақахўр мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ситонида мешавад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Дополнительная информация