ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 99. Додани нафақа аз рўиваколатнома ва тартиби ба расмият даровардани он

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)

Нафақаро ба истиснои нафақаи маъюбони гурўҳҳои II ва III аз рўиваколатнома додан мумкин аст.Ваколатнома ба мўҳлати на бештар аз 12 моҳ дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).

Агар дар ваколатнома мўҳлат зикр нашуда бошад, он дар давоми як соли пас аз рўзи ба расмият дароварданаш эътибор дорад. Ваколатномаро бояд идораи нотариалӣ, идораи манзил ё ташкилотҳои дигари хонагии манзили маҳалли истиқомати нафақахўр ва ё муассисаи табобатие, ки нафақахўр дар он бистарию муолиҷа мешавад, тасдиқ намояд(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).

Моддаи 100. Додани нафақаи давраи гузашта

Пули нафақае, ки онро нафақахўр дар вақташ нагирифтааст, барои давраи гузаштаи на бештар аз 3 соли пеш аз муроҷиаташ барои гирифтани нафақа дода мешавад.

Маблағи нафақае, ки бо айби мақомоти нафақатаъинкунанда ё нафақадиҳанда сари вақт гирифта нашудааст, барои давраи гузашта бе ягон маҳдудияти мўҳлат дода мешавад.

Моддаи 101. Масъулияти дурустии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд ва сари вақт таъин накардану напардохтани нафақа

(Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748)

Корхона (ташкилот, шаҳрванд) барои дурустии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд, масъул мебошад.

Дар ҳолатҳое, ки маълумоти дар ҳуҷҷатҳо овардашуда нодуруст буда, дар асоси онҳо нафақа дода шудааст, корхона зарари расонидашударо ба мақомоти ваколатдор ҷуброн мекунад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Шахсоне, ки барои вайрон кардани моддаи мазкур гуннаҳкоранд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд(Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).

Моддаи 102. Додани нафақа ба шахсоне, ки дар хонаю интернатҳои пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд

Ба нафақахўроне, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд, моҳе 10 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки андозаи нафақаи онҳо аз хароҷоти парасторӣ дар ин хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиёд бошад, фарқи нафақа ва пули парасторӣ дода мешавад, вале он ҳар моҳ на камтар аз 10 фоизи нафақаи таъингардида ва на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ бошад.

Агар нафақахўр дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ карда, аъзои корношоями оила дошта бошад ва онҳо нонхўри вай бошаид (модаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми Қонуни мазкур), нафақа аз рўи тартиби зерин дода мешавад: 10 фоизн нафақа, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини синну сол ба худи нафақахўр ва қисми боқимондаи нафақа, вале на бештар аз 50 фоизи нафақаи таъингардида ба ин аъзои оила дода мешавад.

Нафақаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи камтарин аз рўи синну сол пардохт мешаванд.

Моддаи 103. Додани нафақа дар давраи муолиҷа дар табобатхона

Дар давраи дар табобати статсонарӣ дар беморхона, клиника, госпитал ва дигар муассисаҳои табобатӣ, инчунин махавхонаҳо будан нафақа пурра дода мешавад.

Моддаи 104. Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон

Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон дар асосҳои умумӣ ва пурра аз ҷониби сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор дар маҳали ҷойгиршавии муассисаҳои ислоҳи, бо роҳи гузаронидани нафақа ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон анҷом дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 84, аз 26.12.2011 № 789).

Моддаи 105. Касри нафақа

Нафақа дар мавридҳои зерин каср карда мешавад:

а) дар асоси қарорҳо, таъиноту ҳукмҳои суд (дар қисмати ситонидани амвол), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иҷрояшон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад;

б) дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор барои ситонидани маблағе, ки ба нафақахўр бар асари суиистеъмол аз ҷониби ў зиёдатӣ пардохт шудааст (дар натиҷаи пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти қасдан ғалат, пинҳон кардани музди меҳнат ё дигар даромад, пешниҳод накардани маълумоти тағйири ҳайати аъзои оила)(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Ғайр аз мавридҳои дар боло зикргардида ба ягон хел касри дигари нафақа роҳ дода намешавад.

Андозаи маблағи касри нафақа аз маблағе, ки ба нафақахўр бояд пардохт шавад, ҳисоб карда мешавад.

Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), товони зарари дуздии амволи ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифтаи музди меҳнат на бештар аз 50 фоизи нафақа каср шуда метавонад.

Аз рўи тамоми намудҳои дигари маблағситонӣ на бештар аз 20 фоизи нафақа каср шуда метавонад. Нафақа дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор зиёда аз касрҳои дигар ба андозаи на бештар аз 20 фоизи нафақа каср мешавад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Дар тамоми ҳолатҳои касри нафақа барои нафақахўрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.

Агар пардохти нафақа пеш аз пурра кандани қарзе, ки дар натиҷаи барзиёд гирифтани нафақа каср мешаваду он дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор қатъ гардидааст (масалан, бар асари барқаpop шудани коршоямӣ), қарзи боқимонда аз тариқи судӣ ситонида мешавад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Дополнительная информация