ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 106. Додани нафақаи нагирифтаи нафақахўр бинобар фавти ў ва додани ёрдампулӣ барои дафн

Маблағе, ки ба нафақахўр бояд пардохт мешуду бинобар фавтиданаш пурра гирифта нашудааст, ба мерос дохил карда намешавад ва ба он аъзои оила пардохт мешавад, ки ба ҷумлаи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансубанд (модаҳои 36, 37, 39, 40-уми Қонуни мазкур). Аммо волидайн ва ҳамсар, инчунин дигар аъзои оилаи нафақахўр, ки то рўзи фавташ бо ў якҷоя истиқомат мекарданд, новобаста аз он ки ба доираи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансуб намебошанд, ба гирифтани ин маблағ ҳуқуқ доранд.

Дар сурати муроҷиати якчанд аъзои оила маблағи нафаға, ки онҳо ба он ҳақ доранд, дар байнашон баробар тақсим карда мешавад.

Маблағи мазкур дар мавриде пардохт мешавад, ки барои гирифтани он на дертар аз 6 моҳи баъди фавти нафақахўр муроҷиат карда бошанд.

Дар сурати фавти нафақагир ба аъзои оилаи ў тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмакпулӣ барои дафн пардохт карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Агар маросими дафни нафақахўрро шахсоне анҷом диҳанд, ки аъзои оила намебошанд, кўмакпулӣ ба ин шахсон ба андозаи на зиёдтар аз маблағи хароҷоти воқеии дафн дар ҳудуди андозаи зикргардидаи ёрдампулӣ дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 107. Додани нафақа ба шаҳрвандоне, ки ба хориҷа рафтаанд

Ба шаҳрвандоне, ки барои истиқомати доимӣ ба хориҷа рафтаанд, нафақа таъин намешавад.

Нафақае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз рафтан ба хориҷа барои истиқомати доимӣ таъин гардидааст, қабл аз рафтан ба хориҷа барои 6 моҳ пешакӣ дода мешавад. Ҳангоми дар хориҷа будани ин шаҳрвандон танҳо нафақаҳое дода мешаванд, ки ба сабаби маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъин шудааст.

Тартиби таҳвили нафақаҳои бар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъингардида ба дигар кишварҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 108. Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар оид ба муҳофизати иҷтимоӣ

Дар ҳолатҳое, ки дар созишномаҳои (шартномаҳои) ҳимояи иҷтимоии аҳолии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар қоидаҳои дигаре нисбат ба қоидаҳои дар Қонуни мвзкур зикргардида пешбинӣ шуда бошанд, мутобиқан қоидаҳои дар ин созишномаҳо (шартномаҳо) муқарраргардида истифода мешаванд.

ФАСЛИ Х. НАФАҚАҲОИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 109. Шаҳрвандоне, ки ба нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд

Нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсони зерине, ки кор намекунанд (ғайр аз маъюбон аз кўдакӣ), дар сурати надоштани ҳуқуқи нафақаи меҳнатӣ таъин карда ва дода мешаванд:

Маъюбони гурўҳҳои I ва II, аз ҷумла ба маъюбон аз кўдакӣ, инчунин маъюбони гурўҳи III;

шахсоне, ки ба синну соли зерин расидаанд:

мардҳо - 65 сол, занҳо - 60 сол;

кўдакон - дар сурати маҳрум шудан аз саробон (банди "а"-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур);

кўдакони маъюби то 18-сола(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Номгўи далелҳои тиббие, ки ба кўдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршаванда муайян карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 110. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ

Нафақаи иҷтимоӣ аз рўи андозаҳои зерин таъин карда мешавад:

а) ба маъюбони гурўҳи I, маъбони гурўҳҳои I ва II аз кўдакӣ ва кўдакони маъюби то 18-сола - 100 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рўи синну сол(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

б) ба маъюбони гурўҳи II, ғайр аз маъюбон аз кўдакӣ, шахсони ба ин синн расида: мардҳо ба 65, занҳо ба 60, ба кўдакон барои маҳрум шудан аз саробон (банди "а"-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур) барои ҳар як кўдак - 50 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рўи синну сол; ба кўдакони аз волидайн маҳрумшуда (ятимони якка) - 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол;

в) ба маъюбони гурўҳи III - 30 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол.

Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд, нафақаи иҷтимоӣ дар ҳар кадом ҳолат ба андозаи на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол таъин карда мешавад.

Дополнительная информация