ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 111. Татбиқи коэффисиенти ноҳиявӣ ба андозаи нафақа

Барои шахсони истиқоматкунандаи ноҳияҳое, ки дар он ҷо нисбати музди меҳнати кормандон ва хизматчиён коэффисиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидаанд, андозаи нафақаи иҷтимоӣ барои давраи истиқомати онҳо дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффисиенти дар ин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ муқарраргардида муайян карда мешавад.

Моддаи 112. Ҳуқуқи интихоби нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулии нафақаи меҳнатӣ

Дар сурати дар як вақт мавҷуд будани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони гирандаи нафақаи иҷтимоӣ барои аъзои корношоями оила тибқи моддаҳои 18 ва 31 Қонуни мазкур, мувофиқи интихоби муроҷиаткунанда ё нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони ў таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 113. Тартиби таъин кардан ва додани нафақаи иҷтимоӣ

Нафақаи иҷтимоӣ аз рўи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад. Ҳангоми таъин кардан ва додани нафақаи иҷтимоӣ мутобиқан модаҳои 89 - 91, 93, 94, 96, 98 - 106 ва 108-уми Қонуни мазкур истифода мешаванд.

ФАСЛИ ХI. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ A3 НАВ ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА

Моддаи 114. Зиёд кардани андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ

Андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешаванд(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748).

Моддаи 115. Аз нав ҳисоб кардани нафақаи пештар таъингардида

Нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои синну сол, собиқаи корӣ, музди меҳнат ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар парвандаи нафақа то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ мавҷуд мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳои иловагие, ки онҳоро нафақахўр то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ пешниҳод кардааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.

Агар нафақахўр баъдтар ҳуҷҷатҳои иловагиеро (дар хусуси собиқаи корӣ, музди меҳнат, вазъи оилавӣ ва ғайра), ки ҳуқуқи минбаъдаи зиёд кардани нафақаро медиҳанд, пешниҳод намояд, нафақа бинобар татбиқи Қонуни мазкур аз нав дар асоси нормаҳои Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол нафақа аз рўи мўҳлатҳое, ки дар моддаи 93-юми Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз нав ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 116. Музди меҳнате, ки ҳангоми аз нав ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешавад

Нафақаҳое, ки мувофиқи қонунгузории пештар амалкунанда таъин гардидаанд, бо интихоби нафақахўр аз музди миёнаи моҳонаи 5 сол ё 2 соли (модаҳои 70 - 76 ва 86-уми Қонуни мазкур) пеш аз татбиқи Қонуни мазкур барои категорияҳои дахлдори нафақахўрон ё пеш аз таъини нафақа ё аз музди маҳнате, ки пештар нафақа ҳисоб карда шуда буд, аз рўи ҳуҷҷатҳои дар парвандаи нафақа буда аз нав ҳисоб карда мешавад.

Зимни аз нав ҳисоб кардани нафақа аз музди кор маош тибқи индекси афзоиши музди миёнаи моҳонаи ҷумҳурӣ барои даврае меафзояд, ки аз лаҳзаи ҳисоб кардани нафақа гузаштааст. Тартиби аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи ҳамин модда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 117. Тартиби таъини нафақаи имтиёзнок ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ доштанд

Ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба кори шароити меҳнаташ зараровару вазнин машғул буданд ва ин дар қонунгузории собиқа пешбинӣ шуда буд, нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои зерин таъин карда мешавад:

а) ба шахсоне, ки то рўзи татбиқи Қонуни мазкур собиқаи пурраи корҳои мазкурро, ки ба нафақаи шартҳояш имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, доранд, нафақа ба андозаи пешбиникардаи Қонуни мазкур мутобиқи талаботи синну сол ва собиқаи корие, ки бо қонунгузории пештар амалкунанда муқаррар шудааст, таъин карда мешавад;

б) синни шахсоне, ки собиқаи пурраи кори дорои шароити зараровар вa вазнини меҳнат надоранд, ва ин синн мувофиқи моддаи 11-уми ҳамин Қонун барои таъини нафақа зарур аст, мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо тартиби пешбиникардаи моддаи 12-уми Қонуни мазкур дар асоси талаби собиқаи кории дар қонунгузории ҷории пештар муқарраргардида кам карда мешавад.

Моддаи 118. Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун илова ба нафақаи таъингардидаи меҳнатӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки мувофиқи Қонуни мазкур нафақаи меҳнатӣ таъин гардидааст, муқаррар карда мешавад.

Шартҳо ва тартиби таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Дополнительная информация