ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАСЛИ ХII. ҲУҚУҚИ ШЎРОҲОИ МАҲАЛЛИИ ДЕПУТАТҲОИ ХАЛҚ ВА КОЛЛЕКТИВҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР БОБАТИ ТАЪМИНОТИ МОДДИИ НАФАҚАХЎРОН

Моддаи 119. Ҳуқуқи Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ дар бобати муқаррар намудани навъҳои иловагии таъминоти моддии нафақахўрон

Бо ин Қонун сатҳи тазминшудаи таъминоти моддии иштирокдорони ҷангу меҳнат ва дигар шаҳрвандони корношоями Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағи худ метавонанд бо назардошти буҷети ҳадди ақалли истеъмолии ин минтақа тадбирҳои иловагии таъминоти моддии нафақахўронро муқаррар намоянд.

Ба нафақахўрону маъюбон аз ҳисоби маблағи дахлдори буҷети маҳаллӣ иловапулию имтиёзҳои зайл муқаррар шуда метавонанд:

иловапулӣ ба ҳадди ақалли нафақа, ба ҳамаи намудҳои нафақаҳо мувофиқи тағйири арзиши зиндагонӣ ва афзоиши музди меҳнат дар ҷумҳурӣ(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

иловапулӣ барои нигоҳубини нафақахўрони танҳо, ки мўҳтоҷи нигоҳубини каси дигаранд;

имтиёзи адои хизмати тиббӣ ва муолиҷа дар санаторияю курортҳо;

имтиёзи додани музди хона, музди хизмати коммуналӣ ва рафтуомад дар нақлиёти ҷамъиятӣ;

имтиёзи нархи билети нафақахўрон ҳангоми рафтан ба муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳо.

Моддаи 120. Ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ

Маъмурияти корхонаю ташкилотҳо якҷоя бо кумитаҳои иттифоқҳои касаба ва Шўрои коллективи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ, ки барои пaрдохти музди меҳнат пешбинӣ шудааст, масъалаҳои вобаста ба беҳдошти шароити зисти собиқадорон ва маъюбони дар ҳамин коллективҳо коркарда ва дигар нафақахўронро ҳал намояд, аз ҷумла корҳои зайлро анҷом диҳад:

бо назардошти саҳми меҳнатии корманд, давомнокии собиқаи кории умумӣ ва бефосила ба нафақаҳо иловапулӣ муқаррар намояд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

барои кормандони дар корҳои дорои шароити номусоид ё дар ноҳияҳои дорои шароити махсуси иқлимӣ машғулбуда нафақаи пеш аз мўҳлат ҷорӣ намояд, агар онҳо аз рўи шароити меҳнат мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи нафақаи имтиёзнок надошта бошанд;

хорич карда шуд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

ба нафақахўрони яккаву танҳое, ки мўҳтоҷи нигоҳубини каси дигаранд, барои нигоҳубини онҳо иловапулӣ муқаррар намояд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

нисбати нафақаҳо иловапулиҳои (пардохтҳои иловагии) шахсӣ ҷорӣ намояд, ҳангоми ба нафақа баромадан ба кормандоне, ки дар назди ҳамин коллективи меҳнатӣ хизмати шоён кардаанд ва пеш аз ҳама барои муваффақиятҳои зиёд дар меҳнат ёрдампулии якдафъаина диҳад.

Корхонаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ барои равнақу ривоҷи иҷтимоии пешбинишуда ба нафақахўрон дар бобати додани хонапулӣ, хароҷоти тарбияи кўдакони кўдакистонҳои тобеи корхонаю ташкилотҳо имтиёзҳо муқаррар намоянд, музди сўзишворӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, воситаҳои инфиродии ҳаракат, дигар молҳои ба нафақахўрон зарур, саҳмпулии кооперативҳои сохтмони манзил, боғдорӣ, сохтмони гараж, арзиши билетҳои ҳамаи хелҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва тамошо, муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳоро қисман ё пурра ба зимма гиранд, ба нафақахўрон ёрии дигар расонанд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд ба нафақахўрон зимни истифодаи комплексҳои варзишию солимгардонӣ, хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, санаторияҳо, муассисаҳои маданияту маърифати тобеи ин ташкилоту корхонаҳо имтиёзҳо диҳанд.

Раиси

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э. РАҲМОНОВ

ш.Душанбе, аз 25 июни соли 1993 № 796

 

Дополнительная информация