ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ж) коргарзанони истеҳсолоти нассоҷӣ, ки дар дастгоҳҳою мошинҳо аз рўи рўйхати истеҳсолоту касбҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;

з) ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ мувофиқи рўйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 15-солаш бевосита дар кори мазкур;

занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш бевосита дар кори мазкур;

и) коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мустақиман машғул буда, амнияти ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд, аз рўи Номгўи касбу мансабҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда;

ронандагони автомобилҳои боркаш, ки дар ҷараёни технологияи шахтаҳо, конҳои маъдан ва конҳои кушода мустақиман ширкат варзида, ангишт, сланетс, маъдан ва сангу маъдан мекашонанд:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикршуда(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748).

То расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраргардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Хорич карда шуд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Хорич карда шуд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Ба кормандони дигари истеҳсолот, касбу вазифаҳо нафақаҳои пеш аз мўҳлат вобаста аз шароити меҳнат (вале на пештар аз расиданашон ба синни 55 барои мардҳо ва синни 50 барои занон) метавонанд аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз ҳисоби маблағи барои пардохти музди меҳнат пешбинишудаи корхонаю ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти нафақаҳо то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешаванд, муқаррар гарданд(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748).

Тартиби таъмини нафақаи шахсоне, ки то ҷорӣ шудани ҳамин Қонун корҳоеро анҷом медоданд, ки шароиташон зиёновару вазнин буда, дар қонунгузории пештар амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, дар моддаи 117-уми Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

Назорат ба дурустии истифодаи рўйхатҳои таъмини нафақаи имтиёзнок (бандҳои "а"; "б" ва "и") ва сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ дар корхонаю ташкилотҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои такмили ин рўйхатҳо ба зиммаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат гузошта мешавад. Низомномаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748).

Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад(Қонуни ҶТаз 11.12.1999 № 911).

Моддаи 13. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба кормандоне, ки дар конҳои зеризаминӣ ва кушода кор мекунанд

Кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии гурўҳҳои наҷотдиҳӣ аз фалокатҳои кон), оиди истихроҷи ангишт, сланетс, маъдан ва маъданҳои дигар, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд - аз рўи феҳристи кору касбҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, сарфи назар аз синну солашон, ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар ин корҳо на камтар аз 25 сол кор карда бошанд ва кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: коргарони конҳо, коргоҳи истихроҷи маъдан, нақбканҳо, маъданканҳо бо метини маъданканӣ, мошинистҳои мошинҳои маъданбарорӣ дар сурате, ки дар ин корҳо на камтар аз 20 сол кор карда бошанд.

Дар сурати мавҷудияти собиқаи кории корҳои зеризаминӣ камтар аз 10 сол барои мардҳо ва 7 солу 6 моҳ барои занон барои ҳар як соли пурраи ин корҳо синни нафақавии дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда 1 сол кам карда мешавад.

Моддаи 14. Баҳисобгирии мутақобилаи корҳои дорои шароити гуногуни махсуси меҳнат

Фаъолияти меҳнатии дорои шароити махсуси меҳнат бо тартиби зерин ҷамъбаст мешавад:

ба кори дорои шароити вазнини меҳнат (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур) кори зеризаминӣ, кори дорои шароити зараровар ва кор дар коргоҳҳои (сехҳои) гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) ва давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми Қонуни мазкур), илова карда мешаванд;

ба кор дар вазифаи тракторчиён-мошинистҳо дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин мошинистҳои мошинҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ, боркунанда ва борфароранда (бандҳои "в" ва "г"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), кори зеризаминӣ, кори дорои шароити басо зараровар ва кор дар коргоҳҳои гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун), кор дар шароити вазнин (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), инчунин давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми ҳамин Қонун) илова карда мешавад;

ба кор дар саноати бофандагӣ (банди "ж"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) тамоми дигар корҳои фавқуззикр илова карда мешаванд.

Дополнительная информация