ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 15. Дигар намудҳои нафақаҳои имтиёзнок

Инҳо ба нафақаҳои имтиёзнок ҳуқуқ доранд:

а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва доимӣ дар он ҷо истиқомат мекунанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд;

мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;

б) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на амтар аз 20 сол;

в) заноне, ки панҷ ва беш аз ин кўдак зоида, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кўдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мўҳлати нигоҳубини кўдакон (бандҳои "ж" ва "з"-и моддаи 63-юми Қонуни мазкур) ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мўҳлати зикргардидаи нигоҳубини кўдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд. Дар айни замон кўдакони маъюби то синни 18-сола, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ доранд (моддаи 109-уми Қонуни мазкур), ҳамчунин ба ҷумлаи шахсони аз кўдаки маъюб мансуб мебошанд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

г) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизари (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб ба нафақа аз рўи синну сол дар мавридҳои зайл ҳақ доранд:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;

занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;

д) маъюбони гурўҳи 1 аз ҷиҳати биноӣ:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;

занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 10 сол;

е) иштирокдорони рафъи оқибатҳои фалокати корхонаи зappaвии барқии Чернобил дар синну соли зайл ба нафақа ҳақ доранд;

Мардҳо - баъд аз расидани ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол.

Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад.

Моддаи 16. Андозаҳои нафақа

Нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо - 25 сол ва занҳо - 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) таъин карда мешавад. Барои ҳар як соли пурраи корӣ зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 16.04.2012 № 823).

Нафақаи кормандоне, ки бо корҳои дар банди "а"-и моддаи 12 ва моддаи 13-уми Қонуни мазкур пешбинишуда машғул мебошанд, барои ҳар як соли корӣ зиёда аз 10-солаи мардҳо ва 7 солу 6 моҳаи занон, ки барои нафақа бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба андозаи 1 фоизи маош зиёд мешавад.

Андозаи нафақаи шахсоне, ки собиқаи кории зарурӣ (мардҳо 25 сол ва занҳо 20 сол) доранд, наметавонад аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол кам бошад. Нафақаҳо аз рўи синну сол, ки ба андозаи ҳадди ақал таъин гардидаанд, барои ҳар як соли пурраи тамоми собиқаи кории зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон ба андозаи 1 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд мешаванд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823, аз 03.07.2012 № 853).

Андозаи нафақа аз рўи синну сол, ки мутобиқи қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур ҳисоб карда шудааст, наметавонад аз 75 фоизи маош аммо ба онҳое, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд, - мардҳо - 25 сол ва занон - 20 сол, наметавонад аз 80 фоизи маош зиёд бошад зиёд бошад(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 25.07.2005 № 104,аз 16.04.2012 № 823).

Андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар дар ҳаҷми 2,5 баробари ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол муқаррар карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Қисми шашум хориҷ карда шуд(Қонун аз 12.12.97с. № 421).

Дополнительная информация