ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди меҳнаташон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон будан ба андозаи ду фоизи музди меҳнаташон зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад(Қонуни ҶТаз 25.07.2005 № 104, аз 16.04.2012 № 823)

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 17. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи кории нопурра

Шахсоне, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кории кофӣ надоранд (моддаи 11-уми Қонуни мазкур), дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сол ба онҳо мутаносиби собиқаи кории мавҷуда (моддаи 77-уми Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, нафақа аз рўи синну сол бо собиқаи нопурра таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Ҳангоми таъин кардани нафақа бо собиқаи кории нопурра шартҳои имтиёзноки синну сол ва собиқаи кори барои таъин намудани нафақаҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода намешаванд.

Ба нафақаҳо аз рўи синну сол, ки бо собиқаи кории нопурра таъин гардидаанд, иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 18. Иловапулиҳо ба нафақа

Ба нафақа аз рўи синну сол, аз ҷумла нафақае, ки ба андозаи ҳадди ақал ҳисоб карда шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

а) ба нафақахўроне, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзоёни корношоями оила доранд (модаҳои 37, 38, 39, 40-уми Қонуни мазкур), ба ҳар як узви оила, вале на ба беш аз 3 нафар - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

б) нафакахўрони яккаю танҳо, ки ба синни 80 расидаанду ба нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷ доранд,- барои нигоҳубини онҳо ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол. Дар айни замон далели мансубият ба нафақахўрони яккаю танҳо, инчунин эҳтиёҷманди нигоҳубини каси дигар аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789,аз 16.04.2012 № 823).

Иловапулиҳои дар бандҳои "а" ва "б"-и ҳамин модда пешбинишуда метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд:

в) нафақаи синну соли маъюбони ҷанги гурўҳҳои I-II-150 фоиз, барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - маъюбони гурўҳҳои I-II аз сабаби бемориҳои умумӣ ва маъюбони ҷанги гурўҳи III - 100 (фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, зиёд мегардад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

г) нафақаи синну сол барои дигар иштирокчиёни ҷанг аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони ҳайати кироя, писархондҳои (тарбиятгирандагони) полкҳо ва юнгаҳо, ки дар ҳайати армияи амалкунанда, дастаҳою қисмҳои партизанӣ хизмат кардаанд, хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок кардаанд, ба андозаи 75 фоизи нафақаи камтарини синну сол зиёд карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

д) нафақаи синну сол барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд - 50 фоиз, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи Нишони Шарафи меҳнат мукофотонида шудаанд, шахсони дар давраи аз 22 маи соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбӣ буда (ғайр аз шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар ҷойҳои муваққатан ишғолкардаи душман, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ва барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз

22.06с.1941 то 3.09 с.1945) бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд15 фоизи нафақаи камтарини синну сол меафзояд(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223 аз 22.05.1998 № 622,аз 2.12.2002 № 76).

е) нафақа аз рўи синну сол барои маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2 вобаста ба рафъи садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтақаҳои олудагии радиоактивӣ1 150 фоиз зиёд мешавад;

нафақаи иштирокчиёни рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтакахои олудагии радиоактиви маъюбони гуруххои I ва II беморихои умуми ва маъюбони гурухи III, ки дар натичаи осори офатхои экологи маъюб гардидаанд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Нафака аз руи синну сол ба иштирокчиёни минтакахои офатхои экологи ба андозаи 75 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);

Дополнительная информация