ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ж) нафака аз руи синну сол ба сокинони Ленингради мусодирашуда дар давраи аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1945: зиндониёни ноболиги конслагерхои фашисти, чойхои акаллиятнишин ва нигахдории мачбури, ки аз чониби фашистони олмони ва иттифокчиёни онхо дар давраи чанги дуюми чахон сохта шуда буданд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

з) нафақа аз руи синну сол ба онхое, ки беасос аз руи акидахои сиёсиашон хабс шуда, баъдан сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди акали нафақа аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

и) нафақа аз руи синну сол ба шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

к) нафақа аз руи синну сол ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд, ба андозаи 10 фоизи нафакаи мукарраршуда зиёд мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 16.04.2012 № 823);

л) нафака аз руи синну сол ба шахсоне, ки дар нохияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истикомати доими мекунанд, ба андозаи ду нафакаи хадди акали синну сол зёд карда мешавад(Қонуни ҶТаз 13.11.1998 № 696);

м) иловапулиҳо ба нафақаи аз рўи синну сол таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТаз 2.12.2002 № 76).

Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ў иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад (Қонуни ҶТаз 2.12.2002 № 76).

Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд (Қонуни ҶТаз 2.12.2002 № 76).

Иловапулиеро, ки дар бандҳои "в", "г" ва "д", "е", "ж", "з", "и", "к", "л" ва "м"-и ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дар як вақт ҳисоб карда додан мумкин аст Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 19. Даврае, ки барои он нафақа таъин мегардад

Нафақаи синну сол, сарфи назар аз ҳолати қобилияти корӣ, умрбод таъин карда мешавад.

Моддаи 20. Андоза ва тартиби пардохти нафақа ба нафақахўроне, ки кор мекунанд

Андоза ва тартиби пардохти нафақаро ба нафақахўроне, ки кор мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад(Қонуни ҶТаз 11.12.1999 № 911).

ФАСЛИ III. НАФАҚА A3 РЎИ МАЪЮБӢ

Моддаи 21. Шартҳо ва давраи таъини нафақаи маъюбӣ

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)

Нафақаи маъюбӣ дар сурати фаро расидани маъюбие, ки боиси пурра ё қисман аз даст додани қобилияти корӣ гардидааст, ба сабабҳои зайл таъин мегардад:

а) маъюб шудан дар кор ё бемории касбӣ;

б) бемории умумӣ (аз ҷумла маъюбии новобаста ба кор, маъюбӣ аз кўдакӣ);

в) осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);

г) беморие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд (моддаи 24.2).

Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "а" ва "б" таъин шудаанд, новобаста аз он, ки маъюбӣ кадом вақт рўй додаст - дар давраи кор, то оғози кор (таҳсил) ё баъди анҷоми он муқаррар карда мешаванд. Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "в" ва "г" таъин шудаанд, дар он сурат муқаррар карда мешаванд, ки маъюбият дар давраи хизмати ҳарбӣ ё на дертар аз се моҳи баъди ҷавобшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ё худ баъдтар аз ин мўҳлат, вале дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемориҳои давраи хизмати ҳарбӣ рўй дода бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).

Моддаи 22. Гурўҳҳои маъюбӣ

Маъюбон вобаста аз дараҷаи гум кардани қобилияти кор ба се гурўҳ тақсим мешаванд.

Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурўҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва мўҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).

Низомномаи ин комиссияҳоро, ки онҳо дар асоси он амал мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Дополнительная информация