ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 25. Нафақа ба шаҳрвандони муҳоҷире, ки аз мамлакатҳои дигар омадаанд

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои дигар ворид гашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накардаанд нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:

а) аз рўи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ сарфи назар аз собиқаи корӣ;

б) аз рўи маъюбӣ дар асари бемории умумӣ - дар сурати мавҷуд будани собиқаи корие, ки аз рўи синну сол то рўзи муқаррар намудани маъюбӣ зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчида омадаанд, нафақа мувофиқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад, агар чизи дигаре дар аҳдномаю созишномаҳои байни ин кишварҳо пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 26. Нафақаи донишҷўён

Ба донишҷўёни таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курси омўзиши кадрҳо, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:

а) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор ё бемории касбӣ, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё машғулиятҳои амалӣ вобаста мебошанд, сарфи назар аз муддати дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ будан. Дар айни замон ба маъюбӣ бар асари маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, маъюбие баробар карда мешавад, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатию ҷаъмиятӣ ё супоришҳои маъмурият, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ё бинобар иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ фаро расидааст;

б) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ - агар донишҷў, аспирант ё ординатори клиникӣ дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дар давоми мўҳлати лозимаи дар моддаи 23-юми ҳамин Қонун зикргардида таҳсил карда бошад.

Ба талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ нафақа дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, сарфи назар аз мўҳлати таҳсил, таъин карда мешавад.

Моддаи 27. Андозаи нафақа

Нафақа дар мавриди маъюбӣ, ки дар бандҳои "а", "б", "г"-и моддаи 21 дар назар дошта шудаанд ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223):

ба маъюбони гурўҳҳои I ва II - 70 фоиз, ба гурўҳи III - 50 фоизи музди меҳнат модаҳои 70-86-уми Қонуни мазкур)(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748,аз 16.04.2012 № 823).

Агар маъюбони гурўҳҳои I, II ва III барои таъин кардани нафақа аз рўи синну сол, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок, собиқаи кории зарурӣ дошта бошанд, нафақа аз рўи маъюбӣ ба андозаи нафақа аз рўи синну сол, мувофиқи собиқаи кории дахлдор таъин карда мешавад.

Ҳадди ақалли нафақа ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

барои маъюбони гурўҳҳои I ва II ба андозаи 100 фоиз, маъюби гурўҳи III - 50 фоизи нафақаи ҳадди ақалли аз рўи синну сол.

Ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

- ба маъюбони гурўҳи 1-10 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;

- ба маъюбони гурўҳи II - 8 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;

- ба маъюбони гурўҳи III - 6 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Дар ҳама ҳолат андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи маъюбӣ наметавонад аз андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол камтар бошад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 28. Нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра

Ба маъюбони гурўҳҳои I ва II ба сабаби бемории умумӣ, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кофии корӣ надоранд (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) нафақа аз рўи маъюбӣ дар сурати нопура будани собиқаи корӣ ба андозае таъин карда мешавад, ки мутаносиби собиқаи кории мавҷуда буда, вале на камтар аз 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол ба маъюбони гурўҳи I, маъюбони гурўҳҳои I ва II аз кўдакӣ ва 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол ба маъюбони гурўҳи II бошад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Ба нафақаҳо аз рўи маъюбӣ бо собиқаи кории нопурра иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 31 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Дополнительная информация