ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 29. Андозаи нафақаи донишҷўён

Ба донишҷўёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курсҳо, аспирантура ё ординатура кор накардаанд, инчунин ба талабагони мактабҳои таълими умумӣ, ки ба сабаби маибшавӣ дар кор ё бемории касбии вобаста ба омўзиши истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ маъюб гаштаанд, нафақа дар мавриди маъюбӣ ба андозаҳои дар моддаи 27-уми Қонуни мазкур муқарраргардида таъин карда мешавад.

Моддаи 30. Андозаи нафақаи шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ маъюб гаштаанд

Ба шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд (шахсоне, ки дар бандҳои "а", "е" ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикр нагардидаанд) нафақа ба андозаи дар моддаи 27-уми ҳамин Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.

Моддаи 30.1 Нафақаҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинишуда

Дар асосҳои баробар бо хизматчиёни ҳарбӣ, мувофиқи модаҳои 24.1 ва 24.2 нафақа ба инҳо таъин карда мешавад:

ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ. Зимнан дар назар дошта мешавад, ки маъюбии онҳо дар асари захм, контузия ва маҷрўҳӣ, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст;

ба шаҳрвандоне, ки ба сабабҳои осори захм, контузия, маҷрўҳӣ ё бемориҳои дар давраи хизмат дар баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои ҳимоякунандаи халқ ба амаломада маъюб шудаанд;

ба шаҳрвандоне, ки барои таълим ва санҷиши омодагии ҳарбӣ даъват шудаанд ва дар натиҷаи захм, контузия ё маҷрўҳии ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ дар давраи гузаштани ин гуна ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба амаломада маъюб шудаанд.

Шаҳрвандони иштироккунандаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ки дар натиҷаи осори захм, контузия ё маҷрўҳӣ дар вақти ҳимояи сохти констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб дониста шудаанд ва маъюбии онҳо бо маъюбии дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад, аммо маъюбие, ки дар натиҷаи дигар сабабҳои дар давраи гузаштани хизмат дар мақомоти номбаршуда ҷойдошта ба амал омадааст, бо маъюбии дар натиҷаи бемориҳои дар давраи хизмати ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 30.2 Шартҳое, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизматчиёни ҳарбӣ муайян мекунанд

Нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1), ё дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (моддаи 24.2) новобаста аз муддати собиқаи умумии кор, аз он ҷумла хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 30.3 Андозаи нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ

Нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) барои гурўҳҳои I ва II ба андозаи 85 фоиз ва барои гурўҳи III 50 фоиз мувофиқи ҳаҷми таъмини пулӣ (музди меҳнат) таъин карда мешавад.

Ҳадди ақали нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:

- ба маъюбони гурўҳи I -3 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;

- ба маъюбони гурўҳи II -2,5 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;

- ба маъюбони гурўҳи III -2 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 31. Иловапулӣ ба нафақа

Ба нафақа аз рўи маъюбӣ, аз ҷумла нафақае, ки ба ҳадди ақал ҳисоб шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар мегарданд:

а) ба маъюбони гурўҳҳои I ва II, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои корношоями оила доранд, ба ҳар кадом узви корношоями оила, вале на бештар аз 3 нафар нонхўр (модаҳои 36, 39, 40-уми Қонуни мазкур) - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

б) ба маъюбони гурўҳи I (ғайр аз маъюбони гурўҳи I аз рўи нобино), ҳамчунин ба маъюбони яккаву танҳои гурўҳи II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол; ба маъюбони гурўҳи I аз рўи нобиноӣ ва ба маъюбони осеби ҳарбидидаи гурўҳҳои I ва II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар ҳаҷми ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол. Нафақаи маъюбони осеби ҳарбидидаи гурўҳи II (моддаи 24.1), ки барои гирифтани дигар намудҳои нафақа ва иловапулӣ барои нигоҳубин ҳуқуқ надоранд, 50 фоиз, барои маъюбони гурўҳи III дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 16.04.2012 № 823).

Дополнительная информация