ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

1. Қонуни мазкур ба истиснои моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шаванд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Қонуни мазкур ба таъмини асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии кормандоне равона шудааст, ки шароити меҳнаташон махсус мебошад ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ машғуланд.

БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ - низоми аз ҷониби давлат муқарраргардидаи муносибатҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷамъоварии маблағи аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохтаи корфармо ба кормандони шароити меҳнаташон махсус ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ (минбаъд - корҳои шароиташон махсус) машғул ва аз истифодабарии ин маблағҳо барои пардохти нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат иборат мебошад;
- муассисаи суғурта - мақомоти ваколатдори давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- суғуртакунанда - корфармо аз ҷумлаи шахсони ҳуқуқӣ (аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ бо сармоягузории хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд), намояндагию филиалҳои онҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шартномаҳои меҳнатӣ корҳои шароиташон махсусро пешниҳод намуда, саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро пардохт менамояд;
- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба ў барои иҷрои корҳои шароиташон махсус саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт карда мешавад;
- саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ - пардохтҳои ҳатмии суғуртакунанда барои ҷамъоварии маблағҳо ҷиҳати таъминоти нафақавии касбӣ;
- собиқаи касбӣ - давомнокии кори шароиташон махсуси шахси суғурташудае, ки дар давоми он ба ў саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт гардидааст;
- собиқаи махсус - давомнокии кори шароиташ махсус, ки барои нафақаи меҳнатии имтиёзнок аз рўи синну сол вобаста ба шароити махсуси меҳнат ё ба нафақаи меҳнатӣ барои хизмати дарозмуддат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад;
- давраи пеш аз мўҳлати нафақавии шахси суғурташуда - давраи аз моҳи баъди моҳе, ки шахси суғурташуда барои таъини нафақаи касбии пеш аз мўҳлат муроҷиат кардааст, то моҳи расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ;
- андўхтҳои нафақавии касбӣ - маблағе, ки барои нафақаи касбии шахси суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории он ҷамъгардида пардохта мешавад;
- нафақаи касбӣ - маблағи ҳармоҳае, ки аз ҳисоби андўхтҳои нафақавии касбӣ дар шакли нафақаи касбии пеш аз мўҳлат ё нафақаи касбии иловагӣ пардохт карда мешавад;
- нафақаи касбии пеш аз мўҳлат - нафақаи касбие, ки ба шахси суғурташуда дар давраи пеш аз расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ пардохт мешавад;
- қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда - шакли баҳисобгирии махсус, ки дар он маблағи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, натиҷаҳои сармоягузорӣ, пардохтҳо ба шахси суғурташуда, давомнокии собиқаи касбӣ ва дигар маълумоти зарурӣ, ки ҷихати амалӣ намудани ҳуқуқҳо барои пардохт аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ мутобиқи Қонуни мазкур инъикос мегардад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои асосии ташкил ва амали суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз рўи принсипҳои зерин ташкил меёбад ва амал мекунад:
- масъулияти корфармоён оид ба эҳтимолияти паст гардидани қобилияти кории корманд дар натиҷаи ба корҳои шароиташон махсус машғул будан то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ;
- пешниҳод намудани нафақаи касбӣ то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ ё дар намуди пардохти иловагӣ ба нафақа баъди расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ бо мақсади ҷуброни музди меҳнате, ки дар натиҷаи қатъ гардидани корҳои шароиташон махсус аз он маҳрум шудааст;
- интихоби ҷуброни корҳои шароиташон махсус аз ҷониби шахси суғурташуда;
- бо роҳи андўхт ҷамъоварӣ кардани маблағи пардохти нафақаҳои касбӣ;
- ҳамарзишии андозаи нафақаи касбӣ ба ҳаҷми андўхтҳои нафақавӣ;
- шарикии иҷтимоӣ ҳангоми амалӣ гардонидани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ;
- назорати давлатӣ ба амалигардонии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ.

Дополнительная информация