Фармоиш аз 26.07.2014, №61 ва №84

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва                                                         Вазорати адлияи
     нафақаи назди Ҳукумати                                                         Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   
   аз «21» июли соли 2014, №61                                             аз «26» июли соли 2014, №84


Фармоиши Муштарак
оид ба тасдиқи Дастурамал дар бораи тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазо ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд


Бо мақсади иҷрои моддаи 104 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 103, 104 ва 111 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазо ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд, ф а р м о и ш  м е д и ҳ е м:
1. Дастурамал дар бораи тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар давраи адои ҷазо ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти нафақаи маҳкумшудагон ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагонеро, ки дар давраи адои ҷазо ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд, аз рўи тартиби пешбининамудаи Дастурамали мазкур ба роҳ монанд.
3. Назорати иҷрои Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Одинаева ва муовини Вазир – Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Шарифзода гузошта шавад.  

   Директори Агентии суғуртаи                                                       Вазири адлияи
     иҷтимоӣ ва нафақаи назди                                                    Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     
            С. Наҷмудинов                                                                       Р. Шоҳмурод

 

Бо Фармоиши муштараки Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «21» июли соли 2014, №61
ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «26» июли соли 2014, №84
тасдиқ шудааст


ДАСТУРАМАЛ
дар бораи тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони
маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагоне, ки дар
давраи адои ҷазои ҷиноӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд

1. Муқаррароти умумӣ

1. Дастурамали мазкур мутобиқи моддаи 104 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 103, 104 ва 111 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда ва таъминоти нафақаи маҳкумшудагонеро, ки дар давраи адои муҳлати ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамоянд, муайян менамояд.
2. Муқаррароти Дастурамали мазкур нисбати шаҳрвандоне татбиқ мегардад, ки дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамоянд.

2. Тартиби пардохти нафақа ба нафақагирони маҳкумшуда

3. Баъди аз озодӣ маҳрум шудани нафақагир ва ба муассисаи ислоҳӣ ворид гардидани он маъмурияти муассиса дар мўҳлати на зиёда аз 15 рўз расман раёсати (шуъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – раёсати (шуъбаи) Агентӣ) дар ҷои истиқомати нафақагирро, ки асноди нафақавиаш дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, дар ин хусус огоҳ менамояд.
4. Раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ҷои истиқомати нафақагири маҳкумшуда пас аз гирифтани мактуби дахлдори муассисаи ислоҳӣ дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз пардохти нафақаи маҳкумшударо қатъ намуда, асноди нафақавиро расман ба раёсати (шуъбаи) Агентӣ дар ноҳияи (шаҳри) ҷои ҷойгиршавии муассисаи ислоҳие, ки нафақагир дар он ҷо адои ҷазо менамояд, барои пардохти минбаъдаи маблағи нафақа ирсол менамояд.
Дар сурате, ки пардохти нафақаи нафақагири маҳкумшуда тавассути корти бонкӣ ба роҳ монда шуда бошад, раёсати (шуъбаи) Агентӣ ба филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои бастани суратҳисоби пардохтӣ ва бекор кардани корти нафақагири маҳкумшуда мактуб мефиристонад.
Маблағи нафақае, ки то маҳкум шудани нафақагир дар суратҳисоби пардохтӣ, яъне корти бонкиаш мавҷуд буд, бояд бо боваринома ба шахси ваколатдодашудааш пурра пардохт карда шавад, агар ҳалномаи суд ҳукми дигареро дар ин хусус муқаррар накарда бошад.

Дополнительная информация