Фармоиш аз 22.06.2015, №64, 95 ва 112

Бо Фармоиши муштараки Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, №64, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, №95 ва
Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз 22 июни соли 2015, №112 тасдиқ шудааст


ТАРТИБИ
мубодилаи иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур дар асоси қисми 9 моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таҳия гардида, тартиби мубодилаи иттилоотро дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон байни мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти ваколатдор оид ба пардохти нафақа ҷиҳати сари вақт пешгирӣ намудани ҳолатҳои маблағгузорӣ ва пардохти нафақа ба нафақагир пас аз вафот муайян менамояд.
2. Мубодилаи иттилоот байни шуъбаву бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти САҲШ), раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сохтори Агентӣ) ва филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (минбаъд – филиали Бонк) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки субъектҳои мубодилаи иттилоотӣ маҳсуб меёбанд, сурат мегирад.
3. Ба мубодилаи иттилоотӣ тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо низ тавассути мақомоти САҲШ ҷалб карда мешаванд.  
4. Мубодилаи иттилоот аз рўи маълумоте, ки барои иҷрои вазифаҳои мансуб ба салоҳияти субъектҳои мубодилаи иттилоотӣ вогузоршуда зарур мебошанд, амалӣ мегардад. Мубодилаи иттилоот дар шакли иттилооти дахлдори доимӣ, дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намудани он дар воситаҳои паҳнгардонии хаттӣ ва электронӣ бо назардошти муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи иттилоот ба роҳ монда мешавад.
5. Барои ташкили мубодилаи иттилоотӣ дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як субъекти мубодилаи иттилоотӣ як нафар шахси масъулро дар мақомоти худ муайян намуда, дар ин бора ба тарафи дигари мубодилаи иттилоотӣ расман хабар медиҳанд.  
6. Шахсони масъули муайяншуда вазифадоранд, ки рафти омода намудан, сари вақт пешниҳод кардан, саҳеҳ, дақиқ ва қонунӣ будани маълумоти пешниҳодшударо назорат намоянд.

2. ВАЗИФА ВА УҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ САҲШ
ДАР ҶАРАЁНИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТӢ

7. Мақомоти САҲШ вазифадоранд, ки дар бораи шаҳрвандоне, ки вафот кардаанд ва аз бақайдгирии давлатӣ гузаронида шудаанд, маълумот омода намуда, дар як моҳ ду маротиба (санаи 15-уми моҳ ва рўзи охирини моҳ) аз рўи Шакли №1 ва инчунин тариқи электронӣ ба сохтори Агентӣ бо мактуби ирсолии аз ҷониби роҳбар имзошуда пешниҳод намоянд.
8. Мақомоти САҲШ вазифадоранд, ки барои пурра фаро гирифтани иттилоот дар бораи вафоти шаҳрвандон дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» барои дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод шудани иттилоот оиди вафоти шаҳрвандон дар муассисаи тиббӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва қисмҳои ҳарбӣ чораҳо андешанд.
9. Барои мукаммал ва дақиқ гардидани иттилоот барои мақсадҳои Тартиби мазкур мақомоти САҲШ бояд ба ғайр аз талаботи пешбининамудаи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (ба таври истисно) аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар як моҳ ду маротиба дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон ҳисобот талаб намояд. Иттилооте, ки дар асоси банди 7 Тартиби мазкур омода ва ба сохтори Агентӣ пешниҳод карда мешавад, бояд бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандонеро, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот гузаронида шудаанд, низ дар бар гирад.
10. Шахси масъули мақомоти САҲШ иттилоотро дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон, ки ба сохтори Агентӣ ирсол мешавад, дар китоби алоҳидаи шаклаш муқарраршуда (Замимаи 1) ба қайд мегирад.  
11. Иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон бо мақсади мубодилаи саривақтӣ тавассути қосид (курер) ба сохтори Агентӣ ирсол карда мешавад.  
12. Мубодилаи иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти САҲШ ройгон сурат мегирад.

Дополнительная информация