Фармоиш аз 22.06.2015, №64, 95 ва 112

Бо Фармоиши муштараки Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, №64, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015, №95 ва
Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз 22 июни соли 2015, №112 тасдиқ шудааст


ТАРТИБИ
мубодилаи иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур дар асоси қисми 9 моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таҳия гардида, тартиби мубодилаи иттилоотро дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон байни мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти ваколатдор оид ба пардохти нафақа ҷиҳати сари вақт пешгирӣ намудани ҳолатҳои маблағгузорӣ ва пардохти нафақа ба нафақагир пас аз вафот муайян менамояд.
2. Мубодилаи иттилоот байни шуъбаву бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти САҲШ), раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сохтори Агентӣ) ва филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (минбаъд – филиали Бонк) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки субъектҳои мубодилаи иттилоотӣ маҳсуб меёбанд, сурат мегирад.
3. Ба мубодилаи иттилоотӣ тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо низ тавассути мақомоти САҲШ ҷалб карда мешаванд.  
4. Мубодилаи иттилоот аз рўи маълумоте, ки барои иҷрои вазифаҳои мансуб ба салоҳияти субъектҳои мубодилаи иттилоотӣ вогузоршуда зарур мебошанд, амалӣ мегардад. Мубодилаи иттилоот дар шакли иттилооти дахлдори доимӣ, дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намудани он дар воситаҳои паҳнгардонии хаттӣ ва электронӣ бо назардошти муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи иттилоот ба роҳ монда мешавад.
5. Барои ташкили мубодилаи иттилоотӣ дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як субъекти мубодилаи иттилоотӣ як нафар шахси масъулро дар мақомоти худ муайян намуда, дар ин бора ба тарафи дигари мубодилаи иттилоотӣ расман хабар медиҳанд.  
6. Шахсони масъули муайяншуда вазифадоранд, ки рафти омода намудан, сари вақт пешниҳод кардан, саҳеҳ, дақиқ ва қонунӣ будани маълумоти пешниҳодшударо назорат намоянд.

2. ВАЗИФА ВА УҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ САҲШ
ДАР ҶАРАЁНИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТӢ

7. Мақомоти САҲШ вазифадоранд, ки дар бораи шаҳрвандоне, ки вафот кардаанд ва аз бақайдгирии давлатӣ гузаронида шудаанд, маълумот омода намуда, дар як моҳ ду маротиба (санаи 15-уми моҳ ва рўзи охирини моҳ) аз рўи Шакли №1 ва инчунин тариқи электронӣ ба сохтори Агентӣ бо мактуби ирсолии аз ҷониби роҳбар имзошуда пешниҳод намоянд.
8. Мақомоти САҲШ вазифадоранд, ки барои пурра фаро гирифтани иттилоот дар бораи вафоти шаҳрвандон дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» барои дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод шудани иттилоот оиди вафоти шаҳрвандон дар муассисаи тиббӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва қисмҳои ҳарбӣ чораҳо андешанд.
9. Барои мукаммал ва дақиқ гардидани иттилоот барои мақсадҳои Тартиби мазкур мақомоти САҲШ бояд ба ғайр аз талаботи пешбининамудаи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (ба таври истисно) аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар як моҳ ду маротиба дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон ҳисобот талаб намояд. Иттилооте, ки дар асоси банди 7 Тартиби мазкур омода ва ба сохтори Агентӣ пешниҳод карда мешавад, бояд бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандонеро, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот гузаронида шудаанд, низ дар бар гирад.
10. Шахси масъули мақомоти САҲШ иттилоотро дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон, ки ба сохтори Агентӣ ирсол мешавад, дар китоби алоҳидаи шаклаш муқарраршуда (Замимаи 1) ба қайд мегирад.  
11. Иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон бо мақсади мубодилаи саривақтӣ тавассути қосид (курер) ба сохтори Агентӣ ирсол карда мешавад.  
12. Мубодилаи иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти САҲШ ройгон сурат мегирад.


3. ВАЗИФА ВА УҲДАДОРИҲОИ СОХТОРИ АГЕНТӢ
ДАР ҶАРАЁНИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТӢ

13. Шахси масъули сохтори Агентӣ иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон, ки аз ҷониби мақомоти САҲШ пешниҳод мешавад, дар китоби алоҳидаи шаклаш муқарраршуда (Замимаи 2) ба қайд мегирад.
14. Шахси масъули сохтори Агентӣ вазифадор аст, ки дар муҳлати 2 рўзи корӣ иттилооти аз ҷониби мақомоти САҲШ пешниҳодшударо таҳлил намуда, ба мақомоти САҲШ дар бораи қабул гардидан ё нагардидани он ба таври шифоҳӣ хабар диҳад. Дар ҳолати қабул нагардидани иттилоот бояд сабабҳои он вобаста аз талаботи муайяннамудаи Тартиби мазкур шифоҳӣ фаҳмонида шаванд.   
15. Мақомоти САҲШ баъди расидани хабар дар бораи қабул нагардидани иттилооти пешниҳодшуда вазифадор аст, ки онро аз нав баррасӣ намуда, дар сурати тасдиқи худро ёфтани камбудиҳо иттилоотро тасҳеҳ намуда, аз нав бо тартиби муқарраршуда ба сохтори Агентӣ пешниҳод намояд.
16. Шахси масъули сохтори Агентӣ пас аз таҳлили иттилооти пешниҳодшуда шаҳрвандоне, ки вафот кардаанд ва дар сохтори Агентӣ ҳамчун нафақагир ба қайд гирифта шудаанд, муайян намуда, рўйхати алоҳида тартиб медиҳад.
17. Дар вақти таҳлил шахси масъул вазифадор аст, ки шаҳрвандонеро, ки барои онҳо ба нафақаи падару модарашон иловапулӣ муқаррар шудааст ва ё бинобар сабаби ноболиғ буданашон асноди нафақавӣ дар номи падар ё модарашон ба расмият дароварда шудааст ва дар давраи ҳисоботӣ онҳо вафот кардаанд, низ таҳлил ва муайян намояд.
18. Пас аз муайян гардидани рўйхати нафақагирони вафоткарда ва шаҳрвандоне, ки барои онҳо падару модарашон иловапулӣ мегиранд ё асноди нафақавии онҳо бинобар сабаби ноболиғ буданашон дар номи падар ё модарашон ба расмият дароварда шудааст, шахси масъул онро ба роҳбари сохтори Агентӣ пешниҳод менамояд.
19. Роҳбари сохтори Агентӣ вазифадор аст, ки пас аз шинос шудан бо рўйхат, агар талаботи маблағгузорӣ барои моҳи оянда пешниҳод нашуда бошад, нафақагирони вафоткардаро аз талабот барорад ва пардохти минбаъдаи онҳоро қатъ намояд. Инчунин, бо сабаби вафот кардани аъзои оила, ки барои ў ба нафақагир, яъне падар ё модараш иловапулӣ муқаррар шудааст, қисми маблағи дахлдор (яъне иловапулии муқарраршуда) аз талабот бароварда шуда, андозаи минбаъдаи нафақа бе назардошти иловапулӣ муқаррар карда мешавад.    
20. Агар талабот барои моҳи оянда то муайян намудани рўйхат барои маблағгузорӣ ва пардохт ба филиали Бонк пешниҳод шуда бошад, дар ин маврид, сохтори Агентӣ рўйхатро аз рўи Шакли №2, инчунин дар шакли электронӣ омода намуда, бо мактуби ирсолӣ бо имзои роҳбар ба филиали Бонк барои қатъ намудани пардохти нафақаи нафақагирони вафоткарда пешниҳод менамояд.
21. Бо мақсади мубодилаи саривақтӣ рўйхати нафақагирони вафоткарда аз ҷониби сохтори Агентӣ ба филиали Бонк тавассути қосид (курер) ирсол мегардад.  
22. Рўйхате, ки ба филиали Бонк ирсол мешавад, аз ҷониби шахси масъули сохтори Агентӣ дар китоби алоҳидаи шаклаш муқарраршуда (Замимаи 3) ба қайд гирифта мешавад.  
23. Иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон, ки аз ҷониби мақомоти САҲШ пешниҳод мегардад, дар сохтори Агентӣ бо риояи тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

4. ВАЗИФА ВА УҲДАДОРИҲОИ ФИЛИАЛИ БОНК
ДАР ҶАРАЁНИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТӢ

24. Шахси масъули филиали Бонк руйхати нафақагирони вафоткардаро, ки аз ҷониби сохтори Агентӣ пешниҳод мегардад, дар китоби алоҳидаи шаклаш муқарраршуда (Замимаи 4) ба қайд мегирад.
25. Шахси масъули филиали Бонк рўйхати пешниҳодшударо дар муҳлати 2 рўзи корӣ таҳлил намуда, бо роҳбари филиал мувофиқа карда, ба марказҳои хизматрасонии бонкии филиал дастрас менамояд.
26. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо тавассути рўйхатҳои ном ба ном амалӣ мешавад, роҳбари филиали Бонк вазифадор аст, ки рўйхати нафақагирони вафоткардаро, ки вобаста аз ҷойи зист ба маркази хизматрасонии бонкӣ тақсим карда шудаанд, дар муҳлати 2 рўзи корӣ ба масъули пардохткунандаи нафақа расонад.
27. Шахси масъули маркази хизматрасонии бонкӣ, ки нафақаро пардохт менамояд, вазифадор аст, ки дар асоси рўйхати дастрасшуда нафақаи нафақагирони вафоткардаро пардохт накунад.
28. Инчунин нафақаи нафақагироне, ки барои аъзои оила иловапулӣ ба нафақа мегирифтанд ва аъзои оила вафот кардааст ё асноди нафақавии нафақагири вафоткарда бинобар сабаби ноболиғ буданаш дар номи падар ё модараш ба расмият дароварда шудааст, пардохт карда намешавад.
29. Дар ин маврид, масъулини филиали Бонк вазифадоранд, ки сабабҳои қатъ гардидани пардохти нафақаро ба шахсоне, ки барои гирифтани нафақа муроҷиат менамоянд, фаҳмонанд ва ба онҳо тавсия диҳанд, ки барои баррасии масъала ба сохтори Агентӣ муроҷиат намоянд.   
30. Маблағи нафақаи пардохтнашуда бо тартиби муқарраршуда бо ҷамъбасти пардохти моҳи ҳисоботӣ бо тартиб додани санади муқоисавӣ байни филиали Бонк ва сохтори Агентӣ ба суратҳисоби Агентӣ бозпас гардонида мешавад.


31. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо тавассути корти бонкӣ амалӣ мешавад, роҳбари филиали Бонк вазифадор аст, ки дар муҳлати 2 рўзи корӣ рўйхати нафақагирони вафоткардаро, ки сохтори Агентӣ пешниҳод намудааст, ба воҳиди сохтории дахлдори дастгоҳи марказии Бонк барои қатъ намудани амалиёт дар корти бонкӣ пешниҳод намояд.
32. Сохтории дахлдори дастгоҳи марказии Бонк вазифадор аст, ки дар муҳлати 1 рўзи корӣ амалиётро аз рўи корти бонкии шахсони дар рўйхат пешниҳодшуда қатъ намояд.
33. Бо ҷамъбасти пардохти моҳи ҳисоботӣ бо тартиб додани санади муқоисавӣ байни филиали Бонк ва сохтори Агентӣ маблағи нафақаи нафақагири вафоткарда, нафақагироне, ки барои аъзои оила иловапулӣ ба нафақа мегирифтанд ва аъзои оила вафот кардааст ё шахсоне, ки асноди нафақавии нафақагир бинобар сабаби ноболиғ буданашон дар номи падар ё модарашон ба расмият дароварда шудааст, ба суратҳисоби Агентӣ бозпас гардонида мешаванд.
34. Ҳисоб кардан ва минбаъд пардохт намудани нафақаи нафақагирони фавтида барои рўзҳои дар қайди ҳаёт будани нафақагир пас аз вафот ба ворисони онҳо ё аз нав ҳисоб намудани андозаи нафақаи нафақагир бе назардошти иловапулӣ барои аъзои оила, ки вафот кардааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохтори Агентӣ дар ҷойи қайди нафақагир амалӣ карда мешавад.

5. УҲДАДОРИҲОИ МУШТАРАКИ СУБЪЕКТҲОИ
МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТӢ

35. Субъектҳои мубодилаи иттилоотӣ уҳдадоранд:
- иттилооти бадастовардаро танҳо барои иҷрои мақсадҳои пешбининамудаи Тартиби мазкур истифода намоянд;
- барои пурра, саҳеҳ ва сари вақт пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ масъулият дошта бошанд;
- ба ҳаракатҳое, ки бар хилофи муқаррароти Тартиби мазкур буда, барои расидан ба ҳадафи он монеа мегарданд ва метавонанд ба тарафи дигари субъекти мубодилаи иттилоотӣ зараровар бошанд, роҳ надиҳанд;
- сари вақт тарафи дигари мубодилаи иттилоотиро дар бораи омилҳое, ки барои иҷрои муқаррароти Тартиби мазкур аҳамият доранд, огоҳ намоянд;
- барои сари вақт пешгирӣ намудани ҳолатҳои маблағгузорӣ ва пардохти нафақа ба нафақагир пас аз вафот иҷрои муқаррароти Тартиби мазкурро дар муҳлатҳои пешбинишуда таъмин намоянд.

6. ҶАВОБГАРИИ СУБЪЕКТҲОИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТӢ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ
ИТТИЛООТИ НОСАҲЕҲ

36. Субъектҳои мубодилаи иттилоотӣ барои пешниҳоди иттилооти пешниҳоднамудаашон, ки барои қатъ намудани маблағгузорӣ ва пардохти нафақаи шаҳрванд асос мегардад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

7. ТАРТИБИ БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ БАҲСНОК
БАЙНИ СУБЪЕКТҲОИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТӢ

37. Масъалаҳои баҳсноке, ки оид ба истифода ва тавзеҳи Тартиби мазкур байни субъектҳои мубодилаи иттилоотӣ ба миён меоянд, бо роҳи гузаронидани гуфтушунид ва машваратҳо, аз ҷумла бо ҷалби мақомоти болоии онҳо, баррасӣ карда мешаванд.

 

Дополнительная информация