Созишнома аз 2.04.2015

СОЗИШНОМА
оид ба ҳамкорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентии омор), Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумитаи андоз) ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа), ки дар якҷоягӣ минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», ки 19 майи соли 2009 таҳти № 508 қабул карда шудааст, бо мақсади густариш, тақвият ва такмили ҳамкориҳои сеҷониба дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дурустии маълумотҳо ва коркарди барномаи компютерии СИА «Равзанаи ягона» ва иҷрои саривақтии Қонуни мазкур, ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1. Мавзуъи Созишнома

1. Тарафҳо ба созиш омаданд, ки дар доираи Созишномаи мазкур баҳри иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», тартиби ҳамкории судмандро миёни тарафҳо ва дурусту саривақт ба қайди давлатӣ гирифтани субъектҳои хоҷагидориро дар асоси принсипи «Равзанаи ягона» ва таъмини онҳо бо РМА, РЯМ рамзҳои оморӣ ва рақами мушахасси сугуртави (РМС), дар асоси истифодаи барномаи компютерии таъминкунандаи бақайдгирии давлатӣ – Системаи иттилоотии андоз (СИА) «Равзанаи ягона», ба роҳ монанд.

Моддаи 2. Тартиби ҳамкорӣ

Тартиби ҳамкорӣ байни тарафҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», бо дастрасии барномаи СИА «Равзанаи ягона» ба роҳ монда шуда, ҳолатҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Бақайдгирии давлатӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бақайдгирии яквақтаро дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (мақомоти андоз), мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи  иҷтимоии  давлатиро  дар назар дорад.

2. Кумитаи андоз ҳамчун мақоми ваколатдоркардашудаи давлатӣ татбиқкунандаи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
3. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъминкунандаи рамзҳои мушаххаси  суғуртавӣ барои субъектхои хочагидори бакайдгиранда ба ҳисоб мераванд.
4. Агентии омор таъминкунандаи рамзҳои оморӣ барои субъектхои хочагидории бакайдгиранда ба ҳисоб мераванд.
5.  Мақомоти андоз пас аз қабули ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар муддати то  се рўзи корӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва дар муддати як рўзи корӣ нисбат ба  соҳибкорони инфиродӣ маълумотҳоро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, пас аз иҷрои амали мазкур дастрасии ин маълумотро дар шакли  электронӣ барои гузаронидани қайди дохилии баҳисобгирӣ ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ таъмин менамояд.
6. Мақомоти давлатии омор ва суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз рўи маълумоти  дастраснамудаи мақомоти андоз, дар муддати на дертар  аз  як  рўзи корӣ (8 соат)  қайди дохилии баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродиро анҷом дода,  дастрасии маълумотро доир ба субъектҳои мазкур пурра ба макомоти андоз таъмин менамоянд.
7. Оид ба мубодилаи маълумотҳо ва дастрасии онҳо байни тарафҳо тибки барномаи  СИА «Равзанаи ягона», маълумотхо  аз махзани (сервери) макомоти андоз  ба махзани (сервери) макомоти омор ва макомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ тибки речаи «On - line» бо тарики  автомати фиристонида мешавад. Ҳангоми мубодилаи маълумотҳои электронӣ тарафҳо аз системаҳои ҳифзи криптографии маълумотҳо ва шабакаҳои бехатарии алоқа (VPN) истифода мебаранд.
8. Дар сурати нофаҳмиҳо дар барнома тарафҳо аз он ҷумла мақомоти омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои гирифтани посух оид ба масъалаҳои ҷойдошта ба бахши иттилоотӣ (Call - center) бо рақами телефони “151” занг мезананд ва бахши иттилоотӣ ба саҳми мутахассисони Кумитаи андоз мерасонанд.
Дар сурати  пайдо гардидани  нофаҳмиҳо  ва нуқсонҳои  техникӣ дар фаъолияти барнома тарафҳо аз он ҷумла мақомоти омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои гирифтани посух ҷиҳати бартараф  намудани онҳо  бо телефони 233-06-96 ва 233-06-80 ба Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Дар сурате, ки нофаҳмиҳо ва нуқсонҳои  техникӣ дар фаъолияти барнома аз ҷониби Раёсати бақайдгирии андозсупорандагон дар муҳлати се  соати корӣ бартараф карда нашавад, иҷрои уҳдадориҳои  тарафҳо, ки дар банди  5-и созишномаи мазкур  пешбинӣ шудаанд, ба рўзи дигар гузаронида мешаванд. Дар баробари ин, тарафҳо метавонанд оид ба масъалаҳои зерин вобаста ба хизматрасонии технологияҳои  иттилоотӣ ба Кумитаи андоз муроҷиат намоянд.
- иҷозат додан ва бастани иҷозат ба FTP-сервери Кумитаи андоз
- иҷозат додан ва бастани иҷозат ба СИА «Равзанаи ягона»
- мубодилаи маълумоти XML файлҳо аз СИА «Равзанаи ягона» ва сабти онҳо ба папкаи FTP-сервери Кумитаи андоз.

Дополнительная информация