Созишнома аз 2.04.2015
СОЗИШНОМА
оид ба ҳамкорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентии омор), Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумитаи андоз) ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа), ки дар якҷоягӣ минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», ки 19 майи соли 2009 таҳти № 508 қабул карда шудааст, бо мақсади густариш, тақвият ва такмили ҳамкориҳои сеҷониба дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дурустии маълумотҳо ва коркарди барномаи компютерии СИА «Равзанаи ягона» ва иҷрои саривақтии Қонуни мазкур, ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1. Мавзуъи Созишнома
1. Тарафҳо ба созиш омаданд, ки дар доираи Созишномаи мазкур баҳри иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», тартиби ҳамкории судмандро миёни тарафҳо ва дурусту саривақт ба қайди давлатӣ гирифтани субъектҳои хоҷагидориро дар асоси принсипи «Равзанаи ягона» ва таъмини онҳо бо РМА, РЯМ рамзҳои оморӣ ва рақами мушахасси сугуртави (РМС), дар асоси истифодаи барномаи компютерии таъминкунандаи бақайдгирии давлатӣ – Системаи иттилоотии андоз (СИА) «Равзанаи ягона», ба роҳ монанд.
Моддаи 2. Тартиби ҳамкорӣ
Тартиби ҳамкорӣ байни тарафҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», бо дастрасии барномаи СИА «Равзанаи ягона» ба роҳ монда шуда, ҳолатҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Бақайдгирии давлатӣ дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бақайдгирии яквақтаро дар мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (мақомоти андоз), мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатиро дар назар дорад.
2. Кумитаи андоз ҳамчун мақоми ваколатдоркардашудаи давлатӣ татбиқкунандаи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
3. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъминкунандаи рамзҳои мушаххаси суғуртавӣ барои субъектхои хочагидори бакайдгиранда ба ҳисоб мераванд.
4. Агентии омор таъминкунандаи рамзҳои оморӣ барои субъектхои хочагидории бакайдгиранда ба ҳисоб мераванд.
5. Мақомоти андоз пас аз қабули ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар муддати то се рўзи корӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва дар муддати як рўзи корӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ маълумотҳоро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намуда, пас аз иҷрои амали мазкур дастрасии ин маълумотро дар шакли электронӣ барои гузаронидани қайди дохилии баҳисобгирӣ ба мақомоти давлатии омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ таъмин менамояд.
6. Мақомоти давлатии омор ва суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз рўи маълумоти дастраснамудаи мақомоти андоз, дар муддати на дертар аз як рўзи корӣ (8 соат) қайди дохилии баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродиро анҷом дода, дастрасии маълумотро доир ба субъектҳои мазкур пурра ба макомоти андоз таъмин менамоянд.
7. Оид ба мубодилаи маълумотҳо ва дастрасии онҳо байни тарафҳо тибки барномаи СИА «Равзанаи ягона», маълумотхо аз махзани (сервери) макомоти андоз ба махзани (сервери) макомоти омор ва макомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ тибки речаи «On - line» бо тарики автомати фиристонида мешавад. Ҳангоми мубодилаи маълумотҳои электронӣ тарафҳо аз системаҳои ҳифзи криптографии маълумотҳо ва шабакаҳои бехатарии алоқа (VPN) истифода мебаранд.
8. Дар сурати нофаҳмиҳо дар барнома тарафҳо аз он ҷумла мақомоти омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои гирифтани посух оид ба масъалаҳои ҷойдошта ба бахши иттилоотӣ (Call - center) бо рақами телефони “151” занг мезананд ва бахши иттилоотӣ ба саҳми мутахассисони Кумитаи андоз мерасонанд.
Дар сурати пайдо гардидани нофаҳмиҳо ва нуқсонҳои техникӣ дар фаъолияти барнома тарафҳо аз он ҷумла мақомоти омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои гирифтани посух ҷиҳати бартараф намудани онҳо бо телефони 233-06-96 ва 233-06-80 ба Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Дар сурате, ки нофаҳмиҳо ва нуқсонҳои техникӣ дар фаъолияти барнома аз ҷониби Раёсати бақайдгирии андозсупорандагон дар муҳлати се соати корӣ бартараф карда нашавад, иҷрои уҳдадориҳои тарафҳо, ки дар банди 5-и созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба рўзи дигар гузаронида мешаванд. Дар баробари ин, тарафҳо метавонанд оид ба масъалаҳои зерин вобаста ба хизматрасонии технологияҳои иттилоотӣ ба Кумитаи андоз муроҷиат намоянд.
- иҷозат додан ва бастани иҷозат ба FTP-сервери Кумитаи андоз
- иҷозат додан ва бастани иҷозат ба СИА «Равзанаи ягона»
- мубодилаи маълумоти XML файлҳо аз СИА «Равзанаи ягона» ва сабти онҳо ба папкаи FTP-сервери Кумитаи андоз.
9. Бо мақсади назорати татбиқи амалии созишномаи мазкур, тарафҳо шакл, тартиб ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи ягонаро, ки дар он корҳои аз ҷониби ҳар се мақомот ба анҷом расонида шуда, инъикос мегардад таҳия намуда, бо протокол, ки қисми ҷудонашавандаи созишномаи мазкур ба ҳисоб меравад тасдиқ менамоянд.
10. Дар сурати ба ягон хатогиҳо роҳ додани мақомоти омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳангоми таъмини субъектҳои хоҷагидор бо рамзҳо ва рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ, онҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мактуб мақомоти андозро огоҳ намоянд ва мақомоти андоз андозсупорандаро даъват намуда, барои ислоҳи хатогии ҷойдошта бо тарафҳо ба мувофиқа ояд.
11. Ҳамкории тарафҳо тибқи талаботи созишномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи Раёсати бақайдгирии андозсупорандагон, аз ҷониби Агентии омор дар сатҳи Раёсати Регистри корхонахо, ташкилотхо, таснифотхо ва ташкили хисоботи омори ва аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар сатҳи Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 3. Ҳуқуқҳои тарафҳо
1. Кумитаи андоз ҳуқуқ дорад:
- дастрасии маълумотҳо ва иҷрои саривақтии таъмини субектҳои хоҷагидорӣ бо рамзҳои оморӣ ва рақами мушаххаси суғуртавиро аз ҷониби Агентии омор ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафака дар муҳлати муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», талаб намояд.
- дар сурати ғалат таъмин намудани шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ бо рамзҳои оморӣ ва рақами мушаххаси суғуртавӣ аз чониби мақомоти омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ислоҳи онҳоро аз ин мақомот дар муҳлати кутоҳтарини имконпазир талаб намояд.
2. Агентии омор ҳуқуқ дорад.
- барои босифат анҷом додани ҷараёни рамзгузори мувофиқи Низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории иттилооти техникӣ – иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар барномаи СИА “Равзанаи ягона” барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташуда, барҳамдодашуда ва фаъолияткунанда, аз мақомоти бақайдгиранда маълумоти босифат талаб намоянд.
- ҳангоми қабули маълумотҳои ғайри қаноатбахш, ки барои дуруст амалӣ намудани рамзгузори монеа мешаванд ҳуқуқ дорад, ки то аз тарафи мақомоти бақайдгиранда маълумот ислоҳ карда нашавад, ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташаванда, аз нав бақайд гирифташаванда рамзгузоӣ карда нашавад.
3. Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа ҳуқуқ дорад.
- аз руи маълумотхои Феҳристи ягонаи давлатии барномаи СИА «Равзанаи ягона» нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи (копия подтверждающую регистрацию) бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташуда, азнавбақайдгирифташуда, барҳамдодашуда ва фаъолияткунандаро барои корбари ва асос дастрас намояд;
- дастрасии маълумот оиди соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд ва дар фаъолияти худ дар асоси шартномаи меҳнати қувваи кирояи кориро истифода мебаранд, инчунин маълумот оиди хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд ва дар фаъолияти худ дар асоси сертификати замин саҳмдорон ва ё аъзоёни хоҷагии деҳқониро истифода мебаранд, барои корбари ва асос талаб намояд;
- таҳияи шакл ва намуди ҳисоботҳои ҷамъбастии баҳисобгирии инфиродии дохилии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфиродиро аз рўи барномаи СИА «Равзанаи ягона» барои корбари тибқи принсипҳои ягонаи ташкилӣ ва якшаклӣ дар Агентӣ, талаб намояд;
Моддаи 4. Уҳдадориҳои тарафҳо
1. Кумитаи андоз уҳдадор аст:
- талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро саривақт ва дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро намояд;
- пас аз қабули ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар муддати то се рўзи корӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва дар муддати як рўзи корӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ маълумотро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намояд;
- дар муҳлати муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», дастрасии маълумотҳоро пурра ба Агентии омор ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафака таъмин намояд;
- коршоямии барномаи СИА “Равзанаи ягона”, Феҳристи ягонаи давлатӣ ва махзани иттилоотӣ (FTP - сервер) – ро пайваста таҳти назорат ва нигоҳубинӣ қарор диҳад;
- додани Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ бе рамзҳои оморӣ ва рақами мушаххаси суғуртавӣ аз тарафи мақомоти бакайдгиранда катъиян манъ аст;
- ҳангоми ба вуҷуд омадани проблемаҳои техникӣ вобаста ба инъикоси рамзҳои оморӣ дар Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, нисбати ислоҳи он сари вақт чораҳо андешида шаванд.
2. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа уҳдадораст:
- фаъолияти худро тибқи тартиби дар моддаи 2 Созишномаи мазкур пешбинишуда, амали созанд;
- аз рўи маълумоти дар барномаи СИА “Равзанаи ягона” мавҷудбуда, дар муддати на дертар аз як рўзи корӣ қайди дохилии баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкори инфиродиро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом дода, дастрасии маълумотро доир ба шахсони мазкур (бо таъмини рамзхои омори ва рақами мушаххаси суғуртавӣ) ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ таъмин намоянд;
- уҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро оиди таъмини рамзҳои оморӣ ва рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ пурра ва саривақт иҷро намоянд;
- маълумот оиди шумораи шахсони суғурташуда, шумораи шахсони суғурташудаи нафақагири корманд, шумораи шахсони нафақагири маъюби корманд, шумораи кормандони зану мард, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷии фаъолияткунанда ном ба номи шахси суғурташудагон пешниҳод мегарданд, барои гузаронидани муқоиса ва ё таҳлилҳо бо Кумитаи андоз ҳар семоха баъди ҷамъбасти ҳисобот, иҷро намояд;
- ҳисоботи ҷамъбастии баҳисобгирии инфиродиро оиди фаъолияти шахсони суғурташуда (кормандони корхонаю муассисаҳо – шахсони ҳуқуқӣ) дар микқси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳур барои гузаронидани муқоиса ва ё таҳлилҳо бо Кумитаи андоз ҳар семоха баъди ҷамъбасти ҳисобот, иҷро намояд;
- ҳар семоҳа вобаста ба ҷамъбасти ҳисоботҳо барои корбарӣ ба Кумитаи андоз дар хусуси баҳисобгирии инфиродии шахсони суғурташуда маълумот пешниҳод намояд;
- дар сурати ба хатоги роҳ додан нисбати ислоҳи он сари вақт чораҷўи намояд.
3. Агентии омор уҳдадораст:
- фаъолияти худро тибқи тартиби моддаи 2 Созишомаи мазкур пешбинишуда, амалӣ созанд;
- аз рўи маълумоти дар барномаи СИА «Равзанаи ягона» мавҷудбуда, дар муддати на дертар аз як рўзи корӣ (8 соат) қайди дохилии баҳисобгирии шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродиро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро анҷом дода, дастрасии маълумотро доир ба шахсони мазкур (бо таъмини рамзҳои оморӣ ва рақами мушаххаси суғуртавӣ) ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ таъмин намоянд;
- уҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро оиди таъмини рамзҳои оморӣ ва рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ пурра ва саривақт иҷро намоянд;
- ҳар семоҳа вобаста ба ҷамъбасти ҳисоботҳо барои корбарӣ ба Кумитаи андоз дар хусуси баҳисобгирии инфиродии шахсони суғурташуда маълумот пешниҳод намояд;
- дар сурати ба хатоги роҳ додан нисбати ислоҳи он сари вақт чораҷўи намояд.
Моддаи 5. Тартиби баррасии баҳсҳо
1. Ҳама гуна баҳсҳо ва гуногунфаҳмиҳое, ки ҳангоми иҷрои муқаррароти Созишномаи мазкур ба миён меоянд, Тарафҳо кўшиш менамоянд, ки онҳоро тавассути машварат ва гуфтушунидҳо мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Моддаи 6. Ҳолатҳои қувваи рафънопазир
1. Тарафҳо барои қисман ё пурра иҷро накардани уҳдадориҳои худ танҳо дар ҳамон маврид аз ҷавобгарӣ озод мешаванд, агар онҳо исбот намоянд, ки ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо бо сар задани ҳолатҳои қувваи муқовиматнопазир, яъне ҳолатҳои фавқулодда ва рафънашаванда вобаста буд.
2. Дар ин гуна маврид оиди ҳолатҳои қувваи муқовиматнопазир тасдиқи расмии ташкилотҳои салоҳиятнок зарур аст.
3. Тарафе, ки имконияти иҷро намудани уҳдадориҳои худро надорад, фавран тарафи дигарро на дертар аз 1 (як) рузи корӣ пас аз оғоз (қатъшавӣ)-и ҳолат, аз оғозу анҷоми ҳолатҳои дар боло зикргардида, бояд ба таври хаттӣ огоҳ намояд. Саривақт хабар надодан аз ҳолатҳои қувваи муқовиматнопазир Тарафи дахлдорро аз ҳуқуқи озод шудан аз иҷрои уҳдадориҳои Созишномавӣ бо сабабҳои ҳолатҳои зикргардида маҳрум месозад.