Созишнома аз 2.04.2015

9. Бо мақсади назорати татбиқи амалии созишномаи мазкур, тарафҳо шакл, тартиб ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи ягонаро, ки дар он корҳои аз ҷониби ҳар се мақомот ба анҷом расонида шуда, инъикос мегардад таҳия намуда, бо протокол, ки қисми ҷудонашавандаи созишномаи мазкур ба ҳисоб меравад тасдиқ менамоянд.  
10. Дар сурати ба ягон хатогиҳо роҳ додани мақомоти омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳангоми таъмини субъектҳои хоҷагидор бо рамзҳо ва рақамҳои мушаххаси  суғуртавӣ, онҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мактуб мақомоти андозро огоҳ намоянд ва мақомоти андоз андозсупорандаро даъват намуда, барои ислоҳи хатогии ҷойдошта бо тарафҳо ба мувофиқа ояд.
11. Ҳамкории тарафҳо тибқи талаботи созишномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи Раёсати бақайдгирии андозсупорандагон, аз ҷониби Агентии омор дар сатҳи Раёсати Регистри корхонахо, ташкилотхо, таснифотхо ва ташкили хисоботи омори ва аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар сатҳи Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 3. Ҳуқуқҳои тарафҳо

1. Кумитаи андоз ҳуқуқ дорад:

- дастрасии маълумотҳо ва иҷрои саривақтии таъмини субектҳои хоҷагидорӣ бо рамзҳои оморӣ ва рақами  мушаххаси  суғуртавиро аз ҷониби Агентии омор ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафака дар муҳлати муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», талаб намояд.
-  дар сурати ғалат  таъмин намудани шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ  ва филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ бо     рамзҳои оморӣ ва рақами  мушаххаси  суғуртавӣ аз чониби мақомоти омор ва мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ислоҳи онҳоро  аз ин мақомот дар муҳлати кутоҳтарини имконпазир талаб намояд.

2. Агентии омор ҳуқуқ дорад.
        - барои босифат анҷом додани ҷараёни  рамзгузори мувофиқи Низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории иттилооти техникӣ – иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар барномаи СИА “Равзанаи ягона” барои шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташуда, барҳамдодашуда ва фаъолияткунанда, аз мақомоти  бақайдгиранда маълумоти босифат талаб намоянд.
        - ҳангоми қабули маълумотҳои  ғайри қаноатбахш, ки барои дуруст амалӣ намудани рамзгузори монеа  мешаванд ҳуқуқ дорад, ки то  аз тарафи  мақомоти бақайдгиранда маълумот ислоҳ карда нашавад, ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташаванда, аз нав бақайд гирифташаванда рамзгузоӣ карда нашавад.
3. Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа ҳуқуқ дорад.      
- аз руи маълумотхои Феҳристи ягонаи давлатии  барномаи СИА «Равзанаи ягона» нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи (копия подтверждающую регистрацию)  бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷии бақайдгирифташуда, азнавбақайдгирифташуда, барҳамдодашуда ва фаъолияткунандаро барои корбари ва асос дастрас намояд;
- дастрасии маълумот оиди соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд ва дар фаъолияти худ дар асоси шартномаи меҳнати қувваи кирояи кориро истифода мебаранд, инчунин маълумот оиди хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд ва дар фаъолияти худ дар асоси сертификати замин саҳмдорон ва ё аъзоёни хоҷагии деҳқониро истифода мебаранд, барои корбари ва асос талаб намояд;
- таҳияи шакл ва намуди ҳисоботҳои ҷамъбастии баҳисобгирии инфиродии дохилии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфиродиро аз рўи барномаи СИА «Равзанаи ягона» барои корбари тибқи принсипҳои  ягонаи ташкилӣ ва якшаклӣ  дар Агентӣ, талаб намояд;

Моддаи 4. Уҳдадориҳои тарафҳо

1.  Кумитаи андоз уҳдадор аст:
      - талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро саривақт ва дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро намояд;
      - пас аз қабули ҳуҷҷатҳои таъсисӣ дар муддати то  се рўзи корӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва дар муддати як рўзи корӣ нисбат ба  соҳибкорони инфиродӣ маълумотро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намояд;  
    - дар муҳлати муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», дастрасии маълумотҳоро пурра ба Агентии омор ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва  нафака таъмин намояд;
      - коршоямии барномаи СИА “Равзанаи ягона”, Феҳристи ягонаи давлатӣ ва махзани иттилоотӣ (FTP - сервер) – ро пайваста таҳти назорат ва нигоҳубинӣ қарор диҳад;
      - додани Иқтибос аз   Феҳристи ягонаи давлатӣ бе рамзҳои оморӣ ва рақами мушаххаси  суғуртавӣ  аз тарафи мақомоти бакайдгиранда  катъиян манъ аст;
       - ҳангоми ба вуҷуд омадани проблемаҳои техникӣ вобаста  ба инъикоси рамзҳои оморӣ дар Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, нисбати ислоҳи он сари  вақт чораҳо андешида шаванд.

Дополнительная информация