Хабарҳои Агентӣ

Ҳамаи хабарҳо...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ»

Меъёрҳои моддаи 24 ва қисми 4 моддаи 46 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 татбиқ карда шаванд (дар таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон аз 18 марти соли 2015, №1200).

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ»
(дар таҳрири қонунҳои ҶТ аз 25.03.2011, №708, аз 01.08.2012, №894 ва
аз 28.12.2012, №909, аз 18.03.2015, №1200)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, инчунин манбаъҳои маблағгузории онҳоро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- нафақагир - шахсе, ки ба ў нафақа таъин ва пардохт мегардад;
- нафақаи заминавӣ – нишондиҳанда барои ҳисоби нафақа ва иловапулиҳо ба нафақа, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд;
- нафақаи суғуртавӣ - пардохти пулие, ки барои шахси суғурташуда дар низоми давлатии суғуртаи нафақавӣ таъин гардидааст;
- нафақаи иқтимоӣ – пардохти ҳармоҳаи давлатӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади таъминоти иқтимоӣ ва дастгирии моддии гурўҳҳои муайяни аҳолӣ, ки ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, таъин карда мешавад;
- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - шакли танзими давлатии муносибатҳои нафақавӣ, ки ба ташкили баҳисобгирии пардохти саҳмҳои нафақавӣ асос ёфтааст;
- баҳисобгирии инфиродӣ - тартиби қамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоте, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи нафақавӣ зарур мебошад;
- маҳрум шудан аз саробон - ҳолати аз даст додани манбаи даромад вобаста ба фавти саробони оила, ки аъзои корношоями он таҳти саробонии ў қарор доштанд;
- таъмини нафақаи касбӣ - шакли таъмини нафақае мебошад, ки ба кормандони кироя аз ҳисоби маблағи корфармо вобаста ба шароити махсуси меҳнат барои тадриқан гум кардани қобилияти корӣ то расидан ба синну соли нафақавӣ пардохта мешавад;
- иловапулӣ ба нафақа - маблағе, ки бар иловаи андозаи муқарраршудаи нафақа дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад;
- индексатсия – тағйир додани андозаи нафақаҳои таъингардида ва сармояи шартии нафақавӣ бинобар тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ;
- захираи нафақавии инфиродӣ - маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи иқтимоӣ ё фонди ғайридавлатии нафақа мавқуда;
- маъюбӣ - нуқсёбии устувори саломатии инсон, ки аз фаъолияти номўътадили қисм дарак дода, ба қисман ё пурра гум кардани қобилияти корӣ оварда расонидааст;
- собиқаи суғуртавӣ - даврае, ки шаҳрванд ё корфармо бо тартиби муқарраргардида саҳмҳои суғуртавиро пардохт намудааст ва он дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба назар гирифта шуда, барои таъин ва пардохти нафақа ҳуқуқ медиҳад;
- сармояи шартии нафақавӣ - ҳақми умумии саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавие, ки ба ҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои шахси суғурташуда ё аз қониби худи шахси суғурташуда гузаронида шудааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоқикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоқикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоқикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур

1. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- давра ба давра ташкил кардани низоми нафақаи бисёрсатҳие, ки сатҳи аз қониби давлат кафолатдодаи даромади шаҳрвандони ба нафақа ҳуқуқдоштаро таъмин менамояд;
- муқаррар намудани нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, муайян намудани тартиби пардохти онҳо;
- муқаррар кардани манбаъҳои маблағгузорӣ аз рўи намудҳои таъминот ва гурўҳҳои нафақагирон;
- фароҳам овардани шароит барои иштироки шаҳрвандон дар ташаккули маблағи нафақа ва идораи қамъиятии низоми таъминоти нафақа.
2. Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, шаҳрвандони хориқӣ ва шахсони бешаҳрванде дахл дорад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон фаъолияти меҳнатиро анқом дода, бо суғуртаи ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шудаанд.

Моддаи 4. Принсипҳои таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ

Низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- танзими давлатии сатҳи даромади суғурташаванда ва пардохтҳои минбаъдаи суғуртавӣ ба шаҳрвандон;
- мутобиқати андозаи нафақаҳои суғуртавии таъиншаванда ба ҳуқуқҳои андўхти нафақавӣ ва ҳақми даромади суғурташудаи шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- масъулияти баробари давлат, корфармо ва шаҳрванд барои таъминоти нафақаи шаҳрванд дар пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд;
- мутобиқгардонии механизми шарикии иқтимоӣ ва танзими бевоситаи давлат дар идоракунии низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ;
- таъминоти нафақаи аз қониби давлат кафолатдодашуда дар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур муайян намудааст;
- бисёрқанбагии манбаъҳои маблағгузорӣ ва ҳавасмандии иштироки бахши ғайридавлатӣ дар таъминоти иқтимоӣ ва нафақавии шаҳрвандон;
- аз нав тақсим кардани маблағ дар байни шахсони суғурташуда.


Моддаи 5. Ҷалб намудани шаҳрвандон ба идораи низоми таъминоти нафақа

Ҷалб намудани шаҳрвандон ба раванди таҳиясозӣ ва татбиқи сиёсати давлатии нафақа дар Тоқикистон тибқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи шарикии иқтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 6. Низоми таъминоти нафақа

Дар Ҷумҳурии Тоқикистон низоми ягонаи таъминоти нафақа иборат аз намудҳои зерин амал мекунад:
- таъминоти нафақаи суғуртавӣ;
- таъминоти нафақаи давлатӣ.

Моддаи 7. Намудҳои нафақа ва таркиби онҳо

1. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои суғуртавӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол;
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ;
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон.
2. Таркиби нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол ва маъюбӣ аз қисмҳои суғуртавӣ ва захиравӣ иборат мебошад.
3. Қисми суғуртавии нафақа - қисми асосии нафақа, ки вобаста ба ҳақми сармояи шартии нафақавӣ, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааанд, ба шахси суғурташуда муқаррар карда мешавад.
4. Қисми захиравии нафақа – қисми нафақаи суғуртавӣ, ки вобаста аз ҳақми захираҳои инфиродии нафақавии шахси суғурташуда муқаррар гардида, аз рўи маълумоти дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда мавқудбуда ҳисоб карда шудааст.
5. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон аз қисми суғуртавӣ иборат мебошад.
6. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои давлатӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
- нафақаи иқтимоӣ аз рўи синну сол;
- нафақаи иқтимоӣ аз рўи маъюбӣ;
- нафақаи иқтимоӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон.
7. Нафақаҳои давлатӣ аз ҳисоби буқети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт карда мешаванд.

Моддаи 8. Ҳуқуқ ба интихоби нафақа

Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани якчанд намуди нафақаро доранд, аз рўи интихобашон як намуди нафақа таъин карда мешавад.

Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон дар соҳаи таъминоти нафақа

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон дар соҳаи таъминоти нафақа салоҳият, вазифа ва сохтори мақомоти ваколатдори давлатиро, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, таъин, индексатсия, пардохт ва дастрас кардани нафақаҳоро таъмин менамоянд, муайян мекунад.

Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа инҳо мансубанд:
- ташкили таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ;
- нигоҳдории маблағи барои пардохти нафақаҳо пешбинишуда, аз қумла саҳмҳои суғуртавии нафақавӣ, захираҳои нафақавӣ ва даромад аз нигоҳдории онҳо, маблағҳои буқети давлатӣ, ки барои пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо пешбинӣ гардидаанд;
- пешбурди суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташуда;
- муайян намудани андозаи сармояи шартии нафақавӣ, ҳақми маблағҳои захирашудаи дар суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташуда ба қайд гирифташуда ва дар асоси онҳо таҳия намудани дурнамои талабот ба маблағҳо барои пардохти нафақаҳои суғуртавӣ;
- ҳисоб ва муайян намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ.

БОБИ 2. ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ

Моддаи 11. Ташаккул ва таъминоти нафақаи суғуртавӣ

1. Нафақаи суғуртавӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, шаҳрвандони хориқӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба таври доимӣ дар қумҳурӣ истиқоматдошта, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъин ва пардохт карда мешавад.
2. Пардохти саҳмҳои суғуртавӣ барои нафақаи суғуртавӣ ҳатмӣ буда, аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ оғоз мегардад.
3. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон танзим менамояд.


Моддаи 12. Тартиби муайян намудани андозаи нафақаи заминавӣ

1. Андозаи нафақаи заминавиро Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар менамояд.
2.Андозаи нафақаи заминавӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқарраршуда муайян карда мешавад.

Моддаи 13. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол

1. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 аз рўи шартҳои зерин таъин карда мешавад:
- иқрои ўҳдадориҳо оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз қониби суғуртакунандаҳо (корфармоён), бевосита аз қониби худи шахсони суғурташаванда ё ба қойи онҳо;
- мавқуд будани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ барои занҳо.
2. Ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд, нафақаҳои суғуртавӣ аз рўи синну сол таъин карда мешаванд:
- ба мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
- ба занҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ.
3. Ба нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон кор кардаанд:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ ва на камтар аз 120 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ ва на камтар аз 96 моҳи он дар ноҳияи Мурғоб;
б) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизарӣ (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;
в) маъюбони гурўҳи I аз рўи биноӣ:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 43 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 120 моҳ;
г) иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил:
- мардҳо - пас аз расидан ба синни 58 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ;
- занҳо - пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;
д) занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кўдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кўдаки маъюб доранд ва ўро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд;
е) занҳое, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон кор ва доимӣ истиқомат карда, 5 ва зиёда аз он кўдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кўдаки маъюб дошта, ўро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 43 доранд.

Моддаи 14. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра

1. Нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ, ба истиснои шахсони дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда, ба шахсоне, ки на камтар аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ доранд, таъин карда мешавад.
Ба шахсоне, ки дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ ба мардҳо - ҳангоми расидан ба синни 63 ва ба занҳо - ҳангоми расидан ба синни 58 таъин карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра ҳангоми фарорасии ҳолати суғуртавӣ мутобиқи Қонуни мазкур таъин ва пардохт карда мешавад.

Моддаи 15. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ

1. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ ҳангоми фарорасии гурўҳҳои I, II ё III маъюбӣ, бо назардошти дарақаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, таъин карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ новобаста ба сабабҳои маъюбшавӣ, давом ёфтани фаъолияти меҳнатии маъюб, инчунин новобаста ба он, ки маъюбӣ ҳангоми кор, то фарорасии вақти кор ё баъди хотима ёфтани кор расидааст, таъин карда мешавад.
3. Барои таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ собиқаи суғуртавии на камтар аз 60-моҳа зарур мебошад.
4. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ барои давраи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ таъин карда мешавад.
5. Дар ҳолати вуқуд доштани захираи нафақавӣ дар суратҳисоби махсуси инфиродии шахси суғурташуда, ки маъюб дониста шудааст, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ баъд аз расидани ў ба синни муқарраршудаи нафақавӣ муқаррар карда мешавад.


Моддаи 16. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон

1. Ба нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, ки дар таъминоти ў қарор доштанд, ҳуқуқ доранд. Оилаи саробони бе ному нишон гумшуда ба оилаи саробонаш фавтида баробар дониста мешавад, ба шарте, ки бе ному нишон гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон эътироф шуда бошад.
2. Аъзои ғайриқобили меҳнати саробони фавтидаи оила инҳо эътироф карда мешаванд:
- фарзандон, бародарон, хоҳарон ва наберагони ноболиғе, ки падару модари қобили меҳнат надоранд ва дар шўъбаи рўзонаи муассисаҳои таълимии тамоми намудҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии маълумоти иловагӣ таҳсил менамоянд, то анқом додани таҳсил, аммо на калонтар аз синни 23 ё калонтар аз ин синну сол, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб гардида бошанд;
- падар ё модар, бобо ё бибии саробони фавтида, новобаста ба синну сол ва қобилияти меҳнатӣ, инчунин бародар, хоҳар ё фарзанди саробони фавтида, ки ба синни 18 расидааст, ба шарте, ки онҳо фарзандон, бародарон, хоҳарон ё наберагони ба синни 14 нарасидаи саробони фавтидаро, ки ба гирифтани нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд, нигоҳубин кунанд;
- падару модар ва ҳамсари саробони фавтида, ки ба синни муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни мазкур расидаанд ё маъюб мебошанд;
- бобо ва бибии саробони фавтида, ки ба синни нафақа расида, нафақаи суғуртавӣ намегиранд ё маъюб мебошанд ва шахси тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон онҳоро таъминкунанда надоранд.
3. Аъзои оилаи саробони фавтида ба шарте дар таъмини ў дониста мешаванд, ки қаблан дар таъминоти пурраи ў қарор дошта ё аз ў мунтазам кўмаке мегирифта бошанд, ки барои онҳо манбаи асосии рўзгузаронӣ ҳисоб меёфт.
4. Падару модари ғайри қобили меҳнати саробони фавтида ба шарте ба нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд, ки новобаста ба давраи баъди даргузашти саробон бе манбаи рўзгузаронӣ монда бошанд.
5. Ҳамсари ғайриқобили амали саробони фавтида ба нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон дар сурате ҳуқуқ дорад, ки агар ў ба нигоҳубини кўдаки маъюб, кўдаки маъюби аз овони кўдакии гурўҳи I ё кўдаки то фавти саробон ё дар давраи то панқ сол пас аз фавти саробони фавтида корношоямгардида машғул бошад.
6. Аъзои оилаи саробони фавтида, ки кўмаки ў барои онҳо доимӣ ва манбаи асосии рўзгузаронӣ буд, вале худашон ҳам ягон намуди нафақа мегирифтанд, ҳуқуқ доранд, ки ба нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон гузаранд.
7. Фарзандхондагон дар баробари падару модар ва ба фарзандӣ қабулшудагон дар баробари фарзандони ҳамхун ба гирифтани нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд. Фарзандони ноболиғ, ки аз рўи маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, дар ҳолати ба фарзандӣ қабул шуданашон низ аз ин ҳуқуқ бенасиб намегарданд.
8. Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақагир ҳам боқӣ мемонад.
9. Дар сурати мавқуд будани собиқаи камтар аз 60-моҳаи суғуртавии саробони фавтида ба оила мутобиқи Қонуни мазкур нафақаи иқтимоӣ таъин карда мешавад.
10. Дар ҳолати фавтидани шахси суғурташуда то ба ў таъин гардидани нафақаи суғуртавии аз рўи синну сол ё то бозҳисобӣ кардани андозаи нафақаи мазкур маблағи дар суратҳисоби инфиродии ў ба ҳисоб гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон пардохт карда мешавад.

Моддаи 17. Ҳисоби собиқаи суғуртавӣ барои таъини нафақаи суғуртавӣ

1. Барои муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ дар собиқаи суғуртавӣ давраҳои фаъолияти корие ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки дар ин муддат шахси суғурташуда (ё ба қои ў) саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро супорида бошад.
2. Собиқаи суғуртавӣ аз рўи моҳи пурра ба ҳисоб гирифта мешавад. Моҳи собиқаи суғуртавӣ моҳи тақвимие дониста мешавад, ки (барояш) шахси суғурташуда (ё ба қои ў) саҳмҳои суғуртавӣ супоридааст ва маълумот дар бораи музди меҳнати (даромади) моҳи мазкур пешниҳод гардидааст.
3. Ба собиқаи суғуртавӣ ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар баробари давраи корӣ ё фаъолияте, ки дар тўли он мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон саҳмҳои суғурта супорида шудааст, инчунин давраҳои фаъолияте ба ҳисоб гирифта мешавад, ки дар давоми он саҳмҳои суғурта супорида нашудааст, аз он қумла:
- давраи гузаштани хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизмати дигари ба он баробаркардашуда тибқи даъват;
- давраи таҳсил дар шўъбаи рузонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, дар мавриди мавқуд будани собиқаи меҳнатӣ (суғуртавӣ) на камтар аз панқ соли баъди анқоми таҳсил;
- таҳсил бе қудошавӣ аз истеҳсолот дар курсҳои такмили ихтисос, бозомўзии мутахассисон, ординатура, аспирантура ва докторантура;
- давраи гирифтани кўмакпулӣ аз рўи бекорӣ, аммо на бештар аз 24 моҳ дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ;
- давраи фарзандони хурдсолро нигоҳубин кардани падар ё модаре, ки муваққатан кор намекунанд, аммо то ба синни 3 расидани ҳар як кўдак вале дар мақмўъ на бештар аз 60 моҳ;
- давраи дар маҳбас будани шахсоне, ки беасос ба қавобгарии қиноятӣ кашида шудаанд, беасос таъқиб гардидаанд ва баъдан сафед карда шудаанд.
4. Давомнокии давраи бе пардохти саҳмҳои суғурта ба собиқаи суғуртавӣ дохилшуда дар мақмўъ набояд аз 60 моҳ зиёдтар бошад.
5. Собиқаи суғуртавӣ дар асоси маълумоти дар кисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва маълумоти пешниҳоднамудаи корфармо ё супорандаи саҳмҳои суғуртавӣ ҳангоми баҳисобгирии инфиродӣ ҳисоб карда мешавад.


Моддаи 18. Тартиби тасдиқи собиқаи суғуртавӣ

1. Ҳуққати асосии тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ дар давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 2013 дафтарчаи меҳнатии шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
2. Ҳуққати тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 маълумоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар асоси маълумоти суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб меравад.
3. Бо мақсади таъини нафақаи суғуртавӣ шахси суғурташуда ба ғайр аз дафтарчаи меҳнатӣ (нусхаи аслӣ), инчунин ҳуққатеро, ки ҳамчун шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод менамояд.
4. Давраҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва панқуми қисми 4 моддаи 17 Қонуни мазкур номбаршуда аз рўи ҳуққатҳои пешниҳодгардидаи муассисаҳои дахлдор, бо нишон додани асос барои додани онҳо ба ҳисоби собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд.
5. Собиқаи корӣ (ба истиснои кор дар назди шахсони алоҳида) барои давраи то 1 январи соли 1999 метавонад бо муқаррароти судӣ, нишондодҳои ду нафар шоҳид ё бештар аз он муқаррар карда шавад, ба шарте, ки ҳуққатҳои фаъолияти меҳнатӣ бар асари оғози амалиёти ҳарбӣ ва офатҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон гум шуда бошанд ва имконияти барқарор намудани онҳо мавқуд набошад.
6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, ки дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ҳуққатҳои боэътимоди тасдиқкунандаи пардохти саҳмҳои суғуртавӣ дар ин давра доранд, аммо фаъолияти кории онҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ қайд нагардидааст, метавонанд барои ворид намудан ба собиқаи суғуртавӣ онҳоро пешниҳод намоянд.

Моддаи 19. Тартиби баҳисобгирии (барқароркунии) собиқаи суғуртавӣ барои давраҳои меҳнатӣ ва хизмати давлатӣ, ки барои онҳо саҳмҳои суғуртавӣ пардохта нашудааст

1. Ҳангоми муроқиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон барои таъини нафақа, ки қисми собиқаи меҳнатиашро хизмати давлатӣ, аз он қумла берун аз ҳудуди мамлакат ё фаъолият дар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад ва дар ин давра саҳмҳои суғуртавӣ пардохта нашудааст, инчунин дар ҳолатҳое, ки онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҳуқуқи гирифтани нафақаро пайдо накардаанд, бо мақсади дохил намудани ин давраҳо ба собиқаи суғуртавӣ ба буқети суғуртаи иқтимоӣ маблағи умумии саҳмҳои суғуртавӣ бо ҳисоби зайл пардохта мешавад: музди миёнаи меҳнат ба теъдоди моҳҳои ба собиқаи суғуртавӣ дохилшаванда зарб зада шуда, ба тарофаи муқарраргардидаи саҳмҳои суғуртавии соли дахлдор зарб зада мешавад.
2. Пардохти маблағи саҳмҳои суғуртавиро барои давраи чунин фаъолият метавонад худи шаҳрванд (ё ба қои ў корфармо) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон амалӣ намояд.

Моддаи 20. Манбаъҳои маблағгузории пардохти нафақаи суғуртавӣ

1. Пардохти нафақаи суғуртавӣ аз манбаъҳои зайл маблағгузорӣ карда мешавад:
- қисми суғуртавии нафақа - аз маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- қисми захиравӣ - аз маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ бо назардошти даромад аз сармоягузорӣ мавқудбуда.
2. Дар сурате, ки андозаи ҳисобшудаи нафақаҳои суғуртавӣ аз андозаи камтарини дар моддаҳои 22, 25 ва 26 Қонуни мазкур муқарраршуда кам бошад, фарқияти байни андозаи нафақаҳои суғуртавии ҳисобшуда ва андозаи камтарини муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои буқети давлатӣ пардохт карда мешавад.
3. Маблағи пардохти қисми суғуртавии нафақа аз ин ҳисоб ташаккул меёбад:
- саҳмҳои нафақавие, ки суғуртакунандагон барои шахсони суғурташуда пардохт кардаанд;
- маблағи саҳмҳои суғуртаи нафақавие, ки худи шахсони суғурташуда пардохт намудаанд;
- даромади сармоявӣ аз сармоягузории қойгиркунии маблағҳои озоди суғуртавӣ.

Моддаи 21. Кафолатҳои давлатии таъминоти нафақа

Ба шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ пайдо накардаанд, давлат таъминоти нафақаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур кафолат медиҳад.

Моддаи 22. Ҳисоби қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол

1. Дар мавриди таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол маълумот оид ба собиқаи суғуртавӣ, ҳақми сармояи шартии нафақавӣ ва андўхти захираҳои нафақавие, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инифиродӣ қамъ шудаанд, инчунин дигар маълумоте, ки мувофиқи Қонуни мазкур пешниҳод мегарданд, истифода бурда мешаванд.
2. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол метавонад иловапулиҳои тибқи моддаи 39 Қонуни мазкур аз ҳисоби маблағи буқети давлатӣ таъингардидаро дар бар гирад.
3. Барои муайян намудани андозаи қисми суғуртавии нафақа аз рўи синну сол ҳақми уҳдадориҳои нафақавии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа - сармояи шартии нафақавӣ, бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад:
- уҳдадории нафақавии бо пул ифодагардида то давраи қорӣ намудани баҳисобгирии инфиродӣ тибқи муқаррароти моддаи 58 Қонуни мазкур;
- пардохти саҳмҳои суғуртавии дар низоми баҳисобгирии инфиродӣ ба назар гирифташудаи шахси суғурташуда бо роҳи индексатсияи ҳарсолаи онҳо мутобиқи моддаи 51 Қонуни мазкур.


4. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол бо роҳи тақсим кардани маблағи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташудаи барои нафақа муроқиатнамуда ба шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ баробар мебошад, муайян карда мешавад.
5. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол ба шахсоне, ки собиқаи зарурии суғуртавӣ надоранд, аз рўи тартиби муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур ҳисоб карда мешавад.
6. Барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии дар қисми 1 моддаи 13 пешбинишударо доранд, андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол наметавонад аз андозаи 100 фоиз ва барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии пешбинишударо надоранд, аз андозаи 70 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда кам бошад.

Моддаи 23. Хориқ карда шуд.

Моддаи 24. Зиёд намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол бо сабаби ба таъхир афтодани муроқиат барои таъини нафақа

1. Ба шахсоне, ки вобаста ба фарорасии синну соли нафақавӣ тибқи моддаи 13 Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол ҳуқуқ доранд, аммо фаъолияти меҳнатиро давом дода, саҳмҳои суғуртавиро пардохт менамоянд, ҳангоми мавқуф гузоштани муроқиат барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз қониби онҳо, қисми суғуртавии нафақа баъди муроқиат дар асоси маълумоти инфиродӣ бо назардошти давраи муроқиат ҳисоб карда мешавад ва тибқи шартҳои дар қадвал нишондодашуда бо кам кардани моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ баланд бардошта мешавад:

Миқдори солҳои пурраи мавқуф гузоштани муроқиат

Давраи пардохти эҳтимолӣ (бо моҳ)

1

1

174

2

2

168

3

3

162

4

4

156

5

5

150

6

6

145

7

7

140

8

8

135

9

9

130

10

10 ва беш аз он

125

2. Моддаи мазкур нисбат ба шахсони воқеие, ки ба таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол дар мавриди расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ ҳуқуқ доранд, татбиқ мегардад.

Моддаи 25. Ҳисоби қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ

1. Ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 22 Қонуни мазкур амалӣ гардида, нафақа ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
- ба маъюбони гурўҳи I – 100 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи II – 85 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи III – 70 фоизи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол.
2. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра:
- ба маъюбони гурўҳи I - 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурўҳи II - 125 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурўҳи III - 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурра:
- ба маъюбони гурўҳи I - 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурўҳи II - 85 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурўҳи III - 70 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.

Моддаи 26. Ҳисоби нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон

1. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон барои ҳар як узви оилаи бесаробонмонда, ки ба нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ дорад, бо ҳиссаи баробар (вобаста ба теъдоди аъзои оила, ки талаби гирифтани нафақаро доранд) аз нафақаи суғуртавӣ, ки саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ дошт, ҳисоб карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ барои кўдакони аз падару модар маҳрумшуда ба андозаи нафақаи суғуртавие, ки ҳар ду саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ доштанд, ҳисоб карда мешавад.


3. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он узви корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила – 70 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила – 105 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он узви корношоями оила – 140 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.
4. Нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон ба кўдакони аз падару модар маҳрумшуда наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он аъзои корношоями оила – 250 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:
- барои як узви корношоями оила – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои ду узви корношоями оила – 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои се ва зиёда аз он аъзои корношоями оила – 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
5. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон, ки вафоти саробон бар асари иқрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рўи даъват фаро расидааст, наметавонад аз 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида барои ҳар як узви корношоями оила кам бошад.
6. Бо хоҳиши яке аз аъзои оила, ки нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон мегирад, ҳиссаи ў аз нафақаи суғуртавии ба оила таъиншуда метавонад қудо карда шавад.

БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 27. Пардохтҳо аз рўи таъминоти нафақаи давлатӣ

1. Таъминоти давлатии нафақа аз намудҳои зерини пардохтҳо иборат мебошад:
- нафақаи иқтимоӣ аз рўи синну сол;
- нафақаи иқтимоӣ аз рўи маъюбӣ;
- нафақаи иқтимоӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон.
2. Ба нафақаҳои таъингардидаи гурўҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағи буқети маҳаллӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии мақомоти иқроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иловапулӣ муқаррар кардан мумкин аст.

Моддаи 28. Ҳуқуқ ба таъминоти нафақаи давлатӣ

Ба таъминоти нафақаи давлатӣ шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
- шахсоне, ки ба онҳо меъёрҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон татбиқ нагардидаанд ва татбиқ намегарданд;
- шахсоне, ки ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд.

Моддаи 29. Хориқ карда шуд.

Моддаи 30. Ҳуқуқ ба нафақаи иқтимоӣ

1. Ба нафақаи иқтимоӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, аз қумла:
- маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, аз қумла маъюбон аз овони кўдакӣ ва кўдакони маъюби то 18-сола;
- кўдакон ва наврасоне, ки то синни 18 (барои донишқўёни муассисаҳои таълимии шакли рўзона то синни 23) аз як ё ҳарду саробон маҳрум шудаанд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавии бо сабаби маҳрум шудан аз саробонро надоранд;
- шахсоне, ки ба синну соли пешбининамудаи қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур расидаанд;
- хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рўи даъват адо намудаанд ва мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавиро надоранд.
Номгўи нишондодҳои тиббие, ки ба кўдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иқтимоӣ медиҳанд, аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешавад.
2. Шахсоне, ки доимӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон истиқомат мекунанд ва мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавиро надоранд, нафақаи иқтимоӣ ба онҳо дар сурати расидан ба синни 58 ва 53 (мутаносибан мардҳо ва занҳо) таъин ва пардохт мешавад.


Моддаи 31. Андозаи нафақаҳои иқтимоӣ

1. Нафақаҳои иқтимоӣ ба шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани онро доранд, ба андозаҳои зерин таъин карда мешаванд:
а) нафақаи иқтимоӣ аз рўи синну сол - 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) нафақаи иқтимоӣ аз рўи маъюбӣ:
- ба маъюбони гурўҳи I ва маъюбони гурўҳи I ва II аз овони кўдакӣ, кўдакони маъюби то 18-сола – 100 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба маъюбони гурўҳҳои II ва III, маъюбони гурўҳи III аз овони кўдакӣ - 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
в) нафақаи иқтимоӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон:
- ба кўдакони то 18-сола, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд (донишқўёни муассисаҳои таълимии шакли рўзона - то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кўдак - 60 фоиз, барои ду кўдак - 90 фоиз, барои се ва зиёда аз он кўдак - 120 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- ба кўдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд (донишқўёни муассисаҳои таълимии шакли рўзона - то хатми таълимгоҳҳои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кўдак - 100 фоиз, барои ду кўдак - 150 фоиз, барои се ва зиёда аз он кўдак - 200 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида.
2. Нафақаи иқтимоӣ аз рўи маъюбӣ дар натиқаи осеби ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рўи даъват адо намудаанд, ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
- барои маъюбони гурўҳҳои I ва II – ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида;
- барои маъюбони гурўҳи III – ба андозаи 80 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида.
Нафақаи иқтимоӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оилаи хизматчии ҳарбии фавтида, ки хизмати ҳарбиро аз рўи даъват адо намудааст, ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда таъин карда мешавад.
3. Андозаи нафақаҳои иқтимоӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқараршуда муайян карда мешавад.

Моддаи 32. Тартиби таъин кардани нафақаҳои иқтимоӣ

1. Таъин кардан, бозҳисобии нафақаҳои иқтимоӣ ва аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани он аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ мегардад.
2. Барои таъин кардани нафақаи иқтимоӣ шаҳрванд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисте, ки расман ба қайд гирифта шудааст, бо ариза муроқиат менамояд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки шартҳои таъин намудани нафақаҳои иқтимоиро ба шаҳрвандон пурра фаҳмонад, инчунин ба қамъ овардани ҳуққатҳои зарурӣ ба онҳо мусоидат намояд.
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ҳуқуқ дорад, ки аз аризадиҳанда ва ё шахсе, ки ўро намояндагӣ мекунад, пешниҳод кардани ҳуққатҳои заруриро барои муқаррар намудани нафақаҳои иқтимоӣ талаб намояд, дар ҳолатҳои зарурӣ санқиши мутақобила гузаронад, санқиши воқеият ва асоснокии ҳуққатҳоро анқом диҳад.
5. Ҳуққатҳо барои муқаррар намудани нафақаи иқтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар давоми се рўзи бақайдгирии ариза баррасӣ карда мешаванд.
6. Ҳангоми таъин намудани нафақаҳои иқтимоӣ қарори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа қабул карда, ба шаҳрвандон шаҳодатномаи шаклаш муқарраргардида дода мешавад.
7. Дар сурати рад шудани таъини нафақа қавоби хаттӣ бо нишон додани сабабҳои он ба аризадиҳанда пешниҳод мешавад.
8. Нафақаи иқтимоӣ вобаста ба тағйир ёфтани дарақаи маҳдудияти қобилияти корӣ, сабабҳои маъюбӣ, шумораи аъзои корношоями оилаи саробони фавтида (ҳалокгардида), дар сурати аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани нафақаҳои иқтимоӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз нав дида баромада мешавад.
9. Номгўи ҳуққатҳое, ки барои таъини нафақаи иқтимоӣ заруранд, аз қониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян карда мешаванд.
10. Шаҳрвандон метавонанд аз қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мақомоти судӣ шикоят намоянд.

Моддаи 33. Хориқ карда шуд.

Моддаи 34. Хориқ карда шуд.

Моддаи 35. Хориқ карда шуд.

Моддаи 36. Хориқ карда шуд.

Моддаи 37. Хориқ карда шуд.

Моддаи 38. Хориқ карда шуд.


Моддаи 39. Иловапулиҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ

1. Ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буқети давлатӣ ба андозаҳои зерин иловапулиҳо муқаррар ва пардохт карда мешаванд:
а) ба андозаи 150 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба иштирокчиён ва маъюбони амалиёти қангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар;
- ба иштирокчиён ва маъюбони рафъи оқибати садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ва минтақаҳои дигари олудагии радиоактивӣ;
- ба маъюбони гурўҳи I, ки маъюбиашон ҳангоми иқрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рўи даъват фаро расидааст;
б) ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон доимӣ истиқомат мекунанд;
- ба шахсоне, ки на камтар аз 15 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд;
в) ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавӣ:
- ба маъюбони гурўҳи I ва гурўҳҳои I ва II аз овони кўдакӣ, ки кор намекунанд;
- кўдакони маъюби то 18-сола;
- ба маъюбони гурўҳи II, ки кор намекунанд ва маъюбиашон дар натиқаи иқрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбии даъватӣ ба амал омадааст.
2. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон» ҳуқуқи гирифтани иловапулӣ ба нафақаҳоро доранд.

БОБИ 4. ТАЪИН, БОЗҲИСОБӢ, АЗ ЯК НАМУД БА НАМУДИ ДИГАР ГУЗАРОНИДАН, ИНДЕКСАТСИЯ, ПАРДОХТ ВА ДАСТРАС НАМУДАНИ НАФАҚА

Моддаи 40. Тартиби таъин ва пардохти нафақа

Тартиби таъин ва пардохти нафақаҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян менамояд.

Моддаи 41. Тартиби муроқиат барои таъини нафақа

1. Ариза барои таъини нафақа ба шахси суғурташуда ё узви оилаи ў бо замимаи ҳуққатҳои зарурӣ, шаҳодатномаи суғуртаи нафақавӣ бо қайди рақами инфиродии шахсӣ аз қониби суғурташаванда ё корфармо ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар қои зисти шахси суғурташуда пешниҳод мегардад.
2. Барои таъини нафақаи суғуртавӣ пешниҳоди ҳуққатҳои зерин зарур аст:
- ҳуққати тасдиқкунандаи шахсият;
- дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуққатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ва собиқаи суғуртавӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон пешбинӣ намудааст;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси суғуртавӣ;
- дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуққатҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба нафақа.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки таъминоти нафақаро амалӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуққатҳоеро, ки барои таъини нафақа заруранд, талаб намояд, инчунин асоснокии дода шудани онҳоро санчад.
4. Мўҳлат барои таъини нафақа як моҳ пеш аз пайдо шудани ҳуқуқ ё дар мўҳлати дилхоҳ баъди пайдо гардидани ҳуқуқ барои гирифтани он муқаррар карда мешавад.
5. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар муддати 30 рўзи баъди қабули ариза масъалаи таъини нафақаро баррасӣ намуда, қарор мебарорад.
6. Ҳангоми рад гардидани ариза дар бораи таъини нафақа дар қарор сабабҳои рад гардидани таъини нафақа пурра нишон дода мешаванд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки дар давоми 10 рўзи баъди қабули чунин қарор аз натиқаи он аризадиҳандаро огоҳ намояд.
7. Тартиби муроқиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуққатҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 42. Мўҳлати таъин ва пардохти нафақа

1. Нафақа аз рўи синну сол якумра таъин мегардад.
2. Нафақа аз рўи маъюбӣ барои давраи корношоямии шахс, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, таъин карда мешавад.
3. Нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон ба мўҳлате, ки тўли он узви оила корношоям дониста мешавад, таъин мегардад.
4. Нафақа аз рўзи муроқиат, аммо на пештар аз ҳуқукдор шудан ба гирифтани нафақа, ба истиснои ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
- нафақа аз рўи синну сол аз рўзи ҳуқуқ пайдо намудан ба нафақа, агар муроқиат барои таъини нафақа на дертар аз се моҳ пас аз пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа сурат гирифта бошад, таъин мегардад;
- нафақа аз рўи маъюбӣ аз рўзи муқаррар гардидани гурўҳи маъюбӣ, ки онро мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян намудааст, дар ҳолате, ки муроқиат на дертар аз се моҳи баъди рўзи маъюбии муқарраргардида сурат гирифта бошад, таъин мегардад;
- нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон аз рўзи пайдо шудани ҳодисаи суғуртавӣ (фавти саробон), ки барои нафақа ҳуқуқ медиҳад, дар ҳолате, ки муроқиат на дертар аз 6 моҳи баъди фавти саробон сурат гирифтааст, таъин карда мешавад.
Дар дигар ҳолатҳо нафақа аз рўзи муроқиат таъин мегардад.
5. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъини нафақа бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон баррасӣ мегарданд.


Моддаи 43. Бозҳисобии нафақаҳои таъингардида

Андозаи нафақа тибқи муқаррароти Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин бозҳисобӣ мешавад:
- ба намуди дигари нафақа гузаштан;
- тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ;
- тағйир ёфтани теъдоди аъзои ғайриқобили меҳнати оила, ки бо нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон таъмин карда мешаванд;
- давом додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ баъди таъини нафақа.

Моддаи 44. Мўҳлатҳои бозҳисобии нафақаҳои таъингардида

1. Андозаи нафақаҳои таъингардида дар мўҳлатҳои зерин бозҳисобӣ карда мешавад:
- дар ҳолати пайдо шудани ҳуқуқ барои баланд бардоштани нафақа - аз рўзи якуми моҳе, ки нафақагир барои бозҳисобии нафақа муроқиат намудааст, аммо на пештар аз рўзи ҳуқуқ пайдо намудан ба бозҳисобии нафақа;
- ҳангоми ба амал омадани ҳолате, ки дар натиқаи он андозаи нафақа кам мешавад – аз рўзи якуми моҳе, ки баъди моҳи ба амал омадани чунин ҳолатҳо.
2. Ҳангоми тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ, ки сабаби зиёд гардидани андозаи нафақа мегардад, нафақа ба андозаи нав аз рўзи тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ пардохт карда мешавад.
3. Гузаронидан аз як намуди нафақа ба намуди дигари он аз рўзи якуми моҳи баъди моҳе, ки дар он муроқиат барои иқрои ин амал ворид шудааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 45. Ташкили баҳисобгирии нафақахўрон

1. Ба мақсади таъмини баҳисобгирии нафақагирон ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо ба таъминоти нафақавӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки баъди ба расмият даровардани ҳуққатҳо барои таъини нафақа ҳамаи нишондиҳандаҳои онҳоро ба Феҳристи (рўйхати) ягонаи давлатии нафақагирон дохил намояд.
2. Ҷорӣ кардани Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ мегардонад. Тамоми мақоми дигари давлатӣ, ки ба зиммаи онҳо таъини нафақа вогузор мебошад, вазифадоранд мутобиқи ҳамин моддаи Қонун маълумоти қайдгардидаро дар муддати 30 рўзи баъди таъини нафақа ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа пешниҳод кунанд.
3. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян менамояд.

Моддаи 46. Таъин, бозҳисобӣ ва гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар

1. Таъини нафақа, бозҳисобии андозаи он, гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар дар асоси аризаи шаҳрванд сурат мегирад.
2. Муроқиат барои таъини нафақа, бозҳисобии андозаи нафақа ва гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар дар ҳамаи ҳолатҳо баъди ҳуқуқдор шудан ба нафақа ва бозҳисобии андозаи он бе маҳдудияти мўҳлат баррасӣ мешавад.
3. Андозаи нафақа дар мавриди тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ, шумораи аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, бинобар идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ, инчунин дар ҳолати дигар шудани шартҳои таъминоти нафақаи суғуртавӣ бозҳисобӣ карда мешавад.
4. Бозҳисобии андозаи нафақаи суғуртавӣ бинобар аз қониби нафақагир идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ (ё барои ў) пас аз таъини нафақа, як маротиба пас аз қатъ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз қониби ў, амалӣ карда мешавад.
Дар ҳар сурат, бозҳисобӣ метавонад амалӣ карда шавад, агар нафақагир на камтар аз 24 моҳ пас аз таъини нафақа фаъолияти меҳнатиашро идома дода бошад.
Дар мавриди ҳисоб намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолии дар қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинигардида истифода карда мешавад.

Моддаи 47. Хориқ карда шуд.

Моддаи 48. Пардохт ва дастрас намудани нафақа

1. Нафақаро мақомоти ваколатдори давлатии қои истиқомати шахси барои нафақа муроқиаткарда пардохт ва дастрас менамояд. Дар мавриди дигар шудани қои истиқомати нафақагир нафақа дар қои истиқомати нав, дар асоси асноди нафақавӣ ва ҳуққатҳои бақайдгирӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз қониби мақомоти бақайдгирӣ дода шудаанд, дастрас ва пардохт карда мешавад.
2. Нафақа шахсан ба нафақагир пардохт карда мешавад ё ба суратҳисоби бонкӣ, ки дар аризаи нафақагир нишон дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани нафақа ба суратҳисоби бонкӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадоранд ҳар сол як маротиба ҳолатҳои аз тарафи бонк пардохт гардидани маблағи гузаронидашударо муқоиса намоянд.
3. Нафақа новобаста ба гирифтани музди меҳнат ва дигар даромадҳо бе маҳдудият пардохт карда мешавад.
4. Нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон ба кўдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд ва ё модари яккаву танҳояш вафот кардааст, инчунин дигар кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи пурра пардохт карда мешавад.
Ба кўдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум гардида, дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақа аз рўи маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 50 фоизи нафақаи таъингардида, вале на камтар аз 25 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Тартиби пардохти нафақа ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешавад.


5. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иқтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақаи суғуртавӣ ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаи иқтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, пардохт карда мешавад.
Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иқтимоӣ дар таъминоти пурра давлатӣ мебошанд, аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешавад.
6. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, нафақа ба андозаи пурра бо тартибе, ки аз қониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва мақомоти адлия муайян карда шудааст, пардохт карда мешавад.
7. Нафақа метавонад дар асоси ваколатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудааст, ба мўҳлати на зиёда аз шаш моҳ пардохт карда шавад.
8. Пардохти нафақа метавонад бо қарори сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ё қарори суд дар ҳолатҳои зерин то муайян намудани ҳолатҳои бавуқўъомада боздошт карда шавад:
- таъини нафақа дар асоси ҳуққатҳои дорои маълумоти носаҳеҳ;
- нагирифтани нафақаи ба мақомоти ваколатдор оид ба пардохти нафақа гузаронидашуда зиёда аз шаш моҳ;
- фавти нафақагир.
9. Пардохти нафақа ҳангоми фавти нафақагир дар асоси маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар мўҳлати то даҳ рўз пас аз рўзи бақайдгирии фавти нафақагир ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маълумот пешниҳод менамояд, қатъ карда мешавад.
Маълумот дар бораи фавти нафақагир аз рўи шакле, ки бо қарори муштараки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва адлия тасдиқ карда мешавад, пешниҳод мегардад.
10. Маблағи нафақаи нафақагир, ки бо сабаби фавти ў пардохт нагардидааст, то худи рўзи вафоташ ҳисоб карда шуда, ба аъзои оилаи ў, ки якқоя бо нафақагир зиндагӣ мекард, пардохт карда мешавад.
Дар сурати набудани аъзои оила, ки бо нафақагир якқоя зиндагӣ мекарданд, маблағи пардохтанашудаи нафақа ба мерос гузаронида мешавад.

Моддаи 49. Боздошти нафақа

1. Нафақа метавонад дар асоси санадҳои судӣ (дар қисмати ситонидани молу мулк), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон бо тартиби барои иқрои қарорҳои суд муқарраргардида ба иқро мерасанд, боздошта шавад.
2. Андозаи боздошти нафақа аз маблағи ба нафақахўр барои пардохт ҳисобкардашуда, ҳисоб карда мешавад.
3. Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), қуброни зарари ба молу мулки ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифта на бештар аз 50 фоизи нафақа боздошт шуда метавонад.
4. Дар тамоми ҳолатҳои боздошти нафақа барои нафақахўрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.

Моддаи 50. Тартиби пардохти нафақаи шахсоне, ки ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон барои истиқомати доимӣ кўчидаанд

1. Нафақаи тибқи Қонуни мазкур таъингардида ба шахсоне, ки қои зисти доимиашонро берун аз Ҷумҳурии Тоқикистон интихоб мекунанд, новобаста ба нигоҳ доштан ё тағйир додани шаҳрвандӣ бо тартиби зерин пардохт карда мешавад:
- ба шахсоне, ки нафақаи давлатӣ барояшон дар асоси Қонуни мазкур таъин шуда бошад, он дар асоси хабарнома дар бораи кўч бастани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон якбора барои шаш моҳи оянда пардохта, баъди он қатъ карда мешавад;
- ба шахсоне, ки нафақаи суғуртавӣ мегиранд, пардохти нафақаи онҳо ба андозаи қисмҳои суғуртавӣ ва захиравии он дар қои истиқомати нав давом меёбад. Дар ин маврид хароқоти интиқоли маблағи нафақа аз ҳисоби гирандагони нафақа аст. Тартиби ба хориқа интиқол додани маблағи нафақаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар менамояд.
2. Агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоқикистон эътироф намудааст, дар хориқа қоидаҳои дигари пардохти нафақа пешбинӣ гардида бошанд, қоидаҳои муқарраргардидаи ин санадҳо мавриди амал қарор мегиранд.

Моддаи 51. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ ва нафақаҳо

1. Сармояи шартии нафақавӣ, ки дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, ҳар сол бо тартиби зерин индексатсия карда мешавад:
- барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 - мутобиқи сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар қумҳурӣ, ки аз қониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян гардидааст;
- барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 - мутобиқи сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз қониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян карда мешавад.
Сармояи шартии нафақавӣ, ки мувофиқи моддаи 58 Қонуни мазкур барои давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 муайян карда шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, шурўъ аз 1 январи соли 2014 ҳар сол индексатсия карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ ҳар сол на камтар аз як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз қониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян мегардад, индексатсия карда мешавад.
3. Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешавад.


БОБИ 5. НАМУДҲОИ ДИГАРИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚАВӢ

Моддаи 52. Таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ

Дар баробари суғуртаи ҳатмии давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон ба таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ ҳуқуқ доранд.
Тартиби амалӣ кардани таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ, ташкили фондҳои ғайридавлатии нафақа ва пардохтҳои нафақавӣ аз ин фондҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон танзим менамояд.

Моддаи 53. Таъминоти нафақавии касбӣ

1. Бо мақсади таъминоти нафақавии касбии шахсоне, ки рўзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул мебошанд, корфармо ўҳдадор аст, ки дар давраи иқрои чунин корҳо пардохти саҳмҳоро барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ то таъини нафақаи касбӣ таъмин намояд. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро қонун муайян менамояд.
2. Тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ, рўйхатҳои истеҳсолот, корҳо, касбҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин номгўй корҳо ва касбҳои дорои шароити махсуси меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон тасдиқ менамояд.

БОБИ 6. ҚИСМИ ЗАХИРАВИИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ

Моддаи 54. Пардохти қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ

1. Қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз ҳисоби саҳмҳои андўхтшудаи нафақавии шахсоне, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродиашон маблағ доранд, ҳангоми расидан ба синни нафақавии дар моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда муқаррар карда мешавад. Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои марбути ташаккулёбӣ, қудо кардани маблағ барои андўхти нафақавии қиҳати қудо кардани маблағ барои қисми андўхтии нафақаҳои суғуртавӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти субъектҳо, иштирокчиёни ин муносибатҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар мекунад.
2. Маблағи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ бо роҳи тақсими маблағи умумии андўхтҳои нафақавӣ, бо назардошти даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории онҳо, ба миқдори моҳҳои давраи эҳтимолии пардохти нафақа ҳисоб карда мешавад.
Дар сурате, ки андозаи андўхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар карда мешавад.

Моддаи 55. Хориқ карда шуд.

Моддаи 56. Ҳуқуқи моликият ба андўхтҳои нафақавӣ

1. Давлат ба шахсони суғурташуда ҳуқуқи моликиятро ба маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби шахсии инфиродӣ дар шакли андўхти нафақавӣ мавқуда кафолат медиҳад.
2. Муассисаи суғурта вазифадор аст, ки кафолати ҳифз ва ҳимоя кардани маблағи андўхти нафақавии ба он амонатдодаро аз беқурбшавӣ (таваррум) ва зиёдкунӣ (индексатсия) таъмин намояд.

Моддаи 57. Шахсоне, ки ба қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд

1. Шарти асосие, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистонро ба қисми захиравии нафақа муайян мекунад, пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ мебошад.
2. Шаҳрвандони хориқӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро анқом медиҳанд, дар сурати риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон ба қисми захиравии нафақа ҳуқуқ доранд.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 58. Бадалкунии (конвертатсияи) ҳуқуқҳои шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

1. Ҳуқуқҳои нафақавии дар натиқаи фаъолияти меҳнатии то соли 1999 бадастовардаи шаҳрвандон мўқиби аз нав арзёбии пулӣ ва бадалкунӣ ба сармояи шартии нафақавӣ мебошанд. Дар ин маврид, барои ҳар моҳи пурраи собиқаи кории то                1 январи соли 1999, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон» муайян карда шудааст, сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида, дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешавад.
2. Собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки барои он дар натиқаи бо пул арзёбӣ гардиданаш сармояи шартии нафақавӣ гузаронида шудааст, ҳангоми муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ ҳамчун собиқаи суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад.
3. Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар карда мешаванд.


Моддаи 59. Қоидаҳои гузариш ва тартиби муаяйн намудани андозаи сармояи шартии нафақавӣ

1. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии пурраи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда, муассисаи суғурта (мақоми ваколатдори давлатӣ) вазифадор аст, ки андозаи сармояи шартии нафақавии ҳар як шахси воқеии дар низоми суғуртаи иқтимоӣ ва нафақавӣ суғурташударо то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур муайян намояд.
2. Сармояи шартии нафақавӣ барои ҳисоб кардани қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2017 дар асоси маълумоти дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа мавқудбуда дар бораи музди меҳнати (даромади) шахси суғурташуда, ки аз рўи он саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ пардохт карда шудаанд, муайян карда мешавад.
3. Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуққатҳои эътимоднок дар бораи мавқудияти собиқаи суғуртавӣ дар давраи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон будан ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ ба муассисаҳои дахлдори давлатии мамлакати будубош, ки ба масъалаҳои суғуртаи иқтимоӣ (нафақавӣ) сарукор доранд, давраҳои номбаргардида ба собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд, ба шарте, ки байни Ҷумҳурии Тоқикистон ва мамлакати будубош қарордоди тарафайн дар бораи баҳисобгирии собиқаи суғуртавии давраи фаъолияти муваққатӣ дар ин давлат, ба имзо расида бошад.
4. Дар давраи то 1 январи соли 2017 ба шахсони зерин, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъминоти нафақа аз рўи синну сол дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон» амалӣ карда мешавад:
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1954 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1959 таваллуд шудаанд;
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1959 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1964 таваллуд шудаанд ва дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд;
- ба мардҳое, ки то 1 январи соли 1964 ва занҳое, ки то 1 январи соли 1969 таваллуд шудаанд ва дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва ба таври доимӣ истиқомат мекунанд;
- шахсоне, ки бо сабаби фаъолият дар корҳои дорои шароити махсуси меҳнат ба нафақаҳои имтиёзнок аз рўи синну сол ва барои хизмати дарозмўҳлат ҳуқуқ пайдо кардаанд;
- нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон» нафақа таъин гардида, барои бозҳисобии нафақа аз музди меҳнати баландтар ё гузаштан ба нафақа аз рўи синну сол муроқиат кардаанд.
5. Нафақа аз руи асосҳои (намудҳои) дигар мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз лаҳзаи мавриди амал қарор дода шуданаш таъин карда мешавад.
6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, ки баъди 1 январи соли 1954 (мардҳо) ва баъди 1 январи соли 1959 (занҳо) таваллуд ёфтаанд, тамоми намудҳои нафақа тибқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад.

Моддаи 60. Нигоҳ доштани андозаи нафақаҳои қаблан таъингардида

1. Андозаи нафақаи меҳнатии шаҳрвандоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон» таъин гардидаанд, нигоҳ дошта мешавад.
2. Андозаи нафақаи муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур мутобиқи моддаи 51 Қонуни мазкур индексатсия карда мешавад.

Моддаи 61. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани меъёрҳои муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон ба қавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 62. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоқикистон                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 12 январи соли 2010, № 595

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

1. Қонуни мазкур ба истиснои моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шаванд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Қонуни мазкур ба таъмини асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии кормандоне равона шудааст, ки шароити меҳнаташон махсус мебошад ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ машғуланд.

БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ - низоми аз ҷониби давлат муқарраргардидаи муносибатҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷамъоварии маблағи аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохтаи корфармо ба кормандони шароити меҳнаташон махсус ва бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ (минбаъд - корҳои шароиташон махсус) машғул ва аз истифодабарии ин маблағҳо барои пардохти нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат иборат мебошад;
- муассисаи суғурта - мақомоти ваколатдори давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- суғуртакунанда - корфармо аз ҷумлаи шахсони ҳуқуқӣ (аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ бо сармоягузории хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд), намояндагию филиалҳои онҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шартномаҳои меҳнатӣ корҳои шароиташон махсусро пешниҳод намуда, саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро пардохт менамояд;
- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба ў барои иҷрои корҳои шароиташон махсус саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт карда мешавад;
- саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ - пардохтҳои ҳатмии суғуртакунанда барои ҷамъоварии маблағҳо ҷиҳати таъминоти нафақавии касбӣ;
- собиқаи касбӣ - давомнокии кори шароиташон махсуси шахси суғурташудае, ки дар давоми он ба ў саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт гардидааст;
- собиқаи махсус - давомнокии кори шароиташ махсус, ки барои нафақаи меҳнатии имтиёзнок аз рўи синну сол вобаста ба шароити махсуси меҳнат ё ба нафақаи меҳнатӣ барои хизмати дарозмуддат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад;
- давраи пеш аз мўҳлати нафақавии шахси суғурташуда - давраи аз моҳи баъди моҳе, ки шахси суғурташуда барои таъини нафақаи касбии пеш аз мўҳлат муроҷиат кардааст, то моҳи расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ;
- андўхтҳои нафақавии касбӣ - маблағе, ки барои нафақаи касбии шахси суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории он ҷамъгардида пардохта мешавад;
- нафақаи касбӣ - маблағи ҳармоҳае, ки аз ҳисоби андўхтҳои нафақавии касбӣ дар шакли нафақаи касбии пеш аз мўҳлат ё нафақаи касбии иловагӣ пардохт карда мешавад;
- нафақаи касбии пеш аз мўҳлат - нафақаи касбие, ки ба шахси суғурташуда дар давраи пеш аз расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ пардохт мешавад;
- қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда - шакли баҳисобгирии махсус, ки дар он маблағи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, натиҷаҳои сармоягузорӣ, пардохтҳо ба шахси суғурташуда, давомнокии собиқаи касбӣ ва дигар маълумоти зарурӣ, ки ҷихати амалӣ намудани ҳуқуқҳо барои пардохт аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ мутобиқи Қонуни мазкур инъикос мегардад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои асосии ташкил ва амали суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз рўи принсипҳои зерин ташкил меёбад ва амал мекунад:
- масъулияти корфармоён оид ба эҳтимолияти паст гардидани қобилияти кории корманд дар натиҷаи ба корҳои шароиташон махсус машғул будан то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ;
- пешниҳод намудани нафақаи касбӣ то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ ё дар намуди пардохти иловагӣ ба нафақа баъди расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ бо мақсади ҷуброни музди меҳнате, ки дар натиҷаи қатъ гардидани корҳои шароиташон махсус аз он маҳрум шудааст;
- интихоби ҷуброни корҳои шароиташон махсус аз ҷониби шахси суғурташуда;
- бо роҳи андўхт ҷамъоварӣ кардани маблағи пардохти нафақаҳои касбӣ;
- ҳамарзишии андозаи нафақаи касбӣ ба ҳаҷми андўхтҳои нафақавӣ;
- шарикии иҷтимоӣ ҳангоми амалӣ гардонидани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ;
- назорати давлатӣ ба амалигардонии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ.


 БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Моддаи 4. Субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ инҳоянд:
- суғуртакунанда (корфармо);
- муассисаи суғурта;
- шахси суғурташуда.

Моддаи 5. Кормандоне, ки бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ қарор гиранд

1. Бо назардошти шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур шахсони зерин бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ қарор гиранд:
- кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ ва корҳои шароиташон махсусан зарарноку махсусан вазнин машғуланд;
- кормандоне, ки рўзи пурра дар шароити зарарноку вазнин кор мекунанд;
- кормандоне, ки рўзи пурра бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии қисмҳои наҷотдиҳии кормандони конҳо) ангишт, сланетс ва маъданҳои дигар истихроҷ мекунанд, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд, инчунин кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: поккорони конҳо, нақбканҳо, маъданканҳо, мошинкорони мошинҳои ҳамлу нақли маъдан;
- занҳои тракторчӣ, мошинкори истеҳсолоти кишоварзӣ, дигар соҳаҳои иқтисодиёт, мошинкори мошинҳои бинокорӣ, роҳсозӣ ва боркунандаю борфуроранда;
- занҳое, ки дар истеҳсолоти бофандагии меҳнаташ пуршиддат ва вазнин кор мекунанд;
- мардҳои тракторчӣ, мошинкори истеҳсолоти кишоварзӣ, ки маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд;
- занҳои говҷўш (операторони мошинҳои говҷўшии фермаҳои механиконидашуда);
- коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва гурўҳҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои бору мусофиркашонӣ бевосита машғул буда, бехатарии ҳаракатро дар наклиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд;
- ронандагони автомобилҳои боркаши шахтаҳо, конҳои маъдан, конҳои кўшода, ки ангишт, сланетс, маъдан ва сангу хок мекашанд;
- кормандони экспедитсияҳо, гурўҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳои корҳои саҳроии иктишофи гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқотӣ;ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ;
- кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳои гражданиро бевосита идора менамоянд;
- муҳандису техникҳои хизматрасонии бевоситаи ҳавопаймоҳои гражданӣ;
- ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймоҳои гражданӣ;
- ходимони ҳавопаймоҳо;
- занҳое, ки тамоми мавсим пахтаю тамоку парваришу ҷамъоварӣ мекунанд;
- мардҳое, ки тамоми мавсим пахта парвариш ва ҷамъоварӣ мекунанд;
- гурўҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи маориф; - гурўҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи тандурустӣ;
- гурўҳҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо;
- варзишгарони касбӣ.
2. Рўйхат ва номгўйи корҳои шароиташон махсусан зарарнок ва махсусан вазнинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 6. Ташкили шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз ҷониби корфармое, ки ҷойҳои кори шароиташ махсус дорад, тариқи бастани шартнома бо муассисаи суғурта муҳайё карда мешавад. Шартномаи муҳайё кардани шароит барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба мўҳлате, ки корфармо ва муассисаи суғурта муайян менамоянд, баста мешавад. Дар ҳолати зарурӣ эътибори шартнома метавонад ба мўҳлати нав тамдид карда шавад.
2. Бо шартномаи коллективӣ байни корфармо ва кормандон метавонад ўҳдадории корфармо оид ба пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнати ин ё он гурўҳи кормандони шароити корашон махсус (ба истиснои шахсоне, ки дар конҳои зеризаминӣ, шароити махсусан зарарноку махсусан вазнин кор кардаанд), ки бо назардошти маблағи саҳмҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда муайян мегардад, пешбинӣ карда шавад. Агар шартномаи коллективӣ ўҳдадории корфарморо оид ба пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнати кормандони дар қисми мазкур қайдгардида пешбинӣ намояд, барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ин кормандон аз ҷониби корфармо шароит муҳайё карда намешавад.
3. Қарори пардохти иловапулии ҷубронӣ ба музди меҳнат дар асоси қисмати дахлдори шартномаи коллективӣ ба мўҳлати на камтар аз се сол қабул гардида, аз тарафи корфармо бо санади меъёрии дохилӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Барои шахсоне, ки дар муассисаи суғурта суғурта шудаанд ва дар конҳои зеризаминӣ, дар шароити махсусан зарарноку вазнин кор кардаанд, нафақаи касбӣ муқаррар мегардад ва ҳармоҳа аз рўзи муқаррар намудан то ба итмом расидани давраи нафақавии пеш аз мўҳлат пардохт карда мешавад.


 БОБИ 3. ТАРИФ, ЗАМИНАИ САҲМБАНДӢ ВА ПАРДОХТҲО АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ

Моддаи 7. Ташаккул ва хароҷоти маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва даромади нигоҳдории онҳо ҷамъоварӣ мешавад.
2. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.
3. Нигоҳдорӣ ва бозпасгардонии маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро муассисаи суғурта кафолат медиҳад.
4. Маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ моликияти инфиродӣ ба ҳисоб рафта, наметавонад ба дигар мақсадҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ харҷ карда шавад, инчунин маблағи мазкур наметавонад барои ситонидани қарзи муассисаи суғурта, бонки ваколатдор, суғуртакунандагон ва шахсони суғурташуда харҷ карда шавад.
Моддаи 8. Саҳмҳо барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ
1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба кормандоне пардохт мегардад, ки ба корҳои мансуб ба номгўйи корҳои шароиташон махсус машғул мебошанд.
2. Объекти ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳама гуна пардохтҳои пулие мебошанд, ки ба корманд бо сабаби машғул будан ба корҳои мансуб ба номгўйи корҳои шароиташон махсус ҳисоб шудаанд.
3. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба муассисаи суғурта ҳармоҳа пардохт карда мешавад.
4. Агар маблағи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ба муассисаи суғурта пардохтгардида аз маблағи тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни мазкур пардохтшаванда кам бошад ва корфармо пардохткунандаи саҳмҳо маблағи фарқиятро дар давоми понздаҳ рўзи баъди пешниҳод намудани эъломия оид ба саҳмҳои суғуртавӣ муқарраргардида нагузаронад, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҷамъоварии саҳмҳои суғуртавӣ аз ҳолати воқеӣ ба таври хаттӣ корфармо - пардохткунанда ва муассисаи суғуртаро огоҳ намуда, ҷиҳати ситонидани маблағи саҳми суғуртавии кампардохтгардида чора меандешад.
5. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандоне, ки ба синни ниҳоии нафақавӣ расидаанд, пардохт карда намешавад.

Моддаи 9. Пардохткунандаҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Пардохткунандаҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ корфармоёне мебошанд, ки ҷойҳои кории шароиташон махсус доранд ва саҳмҳои суғуртавиро барои кормандоне, ки дар ин ҷойҳо кор мекунанд, пардохт менамоянд.

Моддаи 10. Заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳамчун маблағи пардохти бо моддаи 8 Қонуни мазкур пешбининамудае, ки пардохткунандаи саҳмҳо дар давраи ҳисоботӣ барои кормандон ҳисоб намудааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 11. Маблағҳое, ки барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ саҳмбандӣ намешаванд

Маблағҳои зерини суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ саҳмбандӣ намешаванд:
1) кўмакпулиҳои давлатие, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд;
2) ҳама намудҳои ҷубронпулии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи вобаста ба:
- товони зарари маъюбӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ;
- ҷуброни маблағи пардохтшуда барои манзили зист, хизматрасонии коммуналӣ ва сўзишворӣ;
- пардохти маблағи арзиши таъминоти озуқа ва молҳо;
- ҷубронпулии аз кор озод намудан ё рухсатии меҳнатии истифоданашуда;
- пардохти маблағи арзиши либоси махсус ва пойафзоли корӣ;
- маблағи ёрии моддӣ ва дигар пардохтҳои яквақтаина;
- хароҷоти сафари хизматӣ;
- хароҷоти дигаре, ки ба иҷрои вазифаи асосии корманд вобаста намебошад.

Моддаи 12. Тарифҳои саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Ба пардохткунандагони саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии дар моддаи 9 Қонуни мазкур зикршуда тарифҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- дар сурате, ки заминаи саҳмбандӣ барои ҳар як корманд дар алоҳидагӣ то ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд, саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандони дар сархатҳои якум, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дарҷгардида 10 фоиз ва барои кормандони дигаре, ки шароити корашон махсус мебошад, 5 фоизи даромади воқеиро ташкил медиҳад;
- дар сурате, ки заминаи саҳмбандӣ барои ҳар як корманд дар алоҳидагӣ аз андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои кормандони дар сархатҳои якум, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дарҷгардида 10 фоиз ва барои кормандони дигаре, ки шароити корашон махсус мебошад, 5 фоизи андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
2. Маблағи ҳисобгардидаи саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои ҳар як корманди дар қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур нишондодашуда наметавонад аз 1 фоизи андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам бошад.


Моддаи 13. Давраи ҳисоббаробаркунӣ

Давраи ҳисоббаробаркунӣ оид ба саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ соли тақвимӣ ба ҳисоб меравад.

Моддаи 14. Тартиби ҳисоби саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва мўҳлати пардохти онҳо

1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ аз рўи ҷамбасти давраи ҳисоббаробаркунӣ на дертар аз 30 марти соли баъди давраи ҳисоббаробаркунии сипаришуда, бо назардошти заминаи саҳмбандии суғуртавӣ аз аввали соли тақвимӣ ва тарифҳои бо моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишуда пардохт карда мешавад.
2. Пардохткунандагони саҳмҳо ўҳдадоранд баҳисобгириро оид ба ҳар як корманде, ки барояшон саҳмҳо пардохт мегардад, дар алоҳидагӣ, аз рўи маблағҳои ҳисобшудаи даромад ва саҳмҳои суғуртавии мансуб ба ин даромадҳояшон ба роҳ монанд.
3. Пардохткунандагони саҳмҳо ба муассисаи суғурта на дертар аз 30 марти соли баъди давраи ҳисоббаробаркунии сипаришуда эъломияи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро пешниҳод менамоянд.

Моддаи 15. Назорат аз рўи саҳмбандӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

Назорати саҳмбандӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ буда, онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 16. Пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақа вии касбӣ

1. Нафақаи шахсоне, ки корхонаҳои шароити корашон махсус ва корфармо, ки мувофиқи Қонуни мазкур ба муассисаи суғурта саҳмҳоро барояшон пардохт намудааст, аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохта мешавад.
2. Агар шахси суғурташуда барои таъини пардохтҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ муроҷиат накунад ё маблағи нафақавии андўхта дар мўҳлати бо моддаи 20 Қонуни мазкур муқарраршуда ба шахсони дар моддаи 17 Қонуни мазкур зикргардида дода нашавад, маблағи дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифташуда ба захираи буҷети муассисаи суғурта гузаронида шуда, суратҳисоб бо тартиби муқарраргардида пўшида мешавад.
3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба гирифтани пардохтпулиҳо аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар асосҳои умумии барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

Моддаи 17. Додани маблағи андўхтҳои нафақавӣ мавриди фавти шахси суғурташуда

1. Мавриди фавти шахси суғурташуда маблағи андўхти нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродии ў ба ҳисоб гирифташуда дар мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 23 Қонуни мазкур ба ворисони ў дода мешавад.
2. Дар сурати набудани ворисон маблағи андўхти нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифташуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Моддаи 18. Ҷуброни хароҷоти фаъолияти муассисаи суғурта

1. Хароҷоти фаъолияти муассисаи суғурта аз ҳисоби даромади сармоягузории маблағи нафақавӣ ҷуброн карда мешавад.
2. Ҳадди ниҳоии андозаи хароҷоти зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, вале он наметавонад аз 15 фоизи даромади сармоягузории маблағи андўхти нафақавӣ зиёд бошад.

Моддаи 19. Истифодаи маблағи андўхти нафақавӣ

Маблағи андўхти нафақавӣ танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи моддаҳои 16-18 ва 26 Қонуни мазкур харҷ карда мешавад.

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФ АҚАВИИ КАСБӢ

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахси суғурташуда

1. Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад:
- аз суғуртакунанда дар бораи саҳмҳои пардохтшуда барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва дигар маълумоти ба муассисаи суғурта пешниҳодшударо талаб намояд;
- дар бораи дастрасии маълумот оид ба вазъи ҷории қисми касбии суратҳисоби инфиродиаш ба муассисаи суғурта муроҷиат намояд;
- барои таъини нафақа аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар шакли нафақаи касбӣ дар давоми на дертар аз панҷ сол баъди расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ муроҷиат намояд;
- дар сурати риоя нагардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо шикоят аз рўи фаъолияти суғуртакунанда ба муассисаи суғурта муроҷиат намояд. Дар сурати ба чораҳои андешидаи ин мақомот розӣ набудани шахси суғурташуда ў метавонад ба суд муроҷиат намояд.
2. Шахси суғурташудае, ки ба ў нафақаи касбӣ таъин карда шудааст, ўҳдадор аст дар бораи ҳолатҳое, ки ба пардохти маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ таъсир мерасонанд, дар мўҳлати на дертар аз як моҳи пас аз воқеъ шудани чунин ҳолат ба муассисаи суғурта хабар диҳад.


Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои суғуртакунанда

1. Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад аз муассисаи суғурта дар бораи саҳмҳои воридшудаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва собиқаи касбии шахси суғурташуда маълумот талаб намояд.
2. Суғуртакунанда ўҳдадор аст:
- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити меҳнатро дар ҷойҳои корӣ арзёбӣ намояд;
- бо тартиби муқарраршуда номгўйи ҷойҳои кории шароиташ махсусро тасдиқ намояд;
- саҳмпулиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро сари вақт ва тибқи муқаррароти Қонуни мазкур пардохт намояд;
- дар бораи шахсони суғурташуда ба муассисаи суғурта барои баҳисобгирии қиёми касбии суратҳисоби инфиродӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд;
- ба шахси суғурташуда дар бораи саҳмпулиҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии ҳисобкарда ва пардохтшуда, инчунин дар бораи собиқаи касбӣ маълумот пешниҳод намояд;
- дар сурати пеш омадани ҳолатҳое, ки ба ҳуқуқи шахси суғурташуда барои гирифтани нафақаи касбии пеш аз мўҳлат (пардохти он) таъсир мерасонанд, дар мўҳлати на дертар аз як моҳи пас аз вуқўъ омадани чунин ҳолатҳо ба муассисаи суғурта хабар диҳад.

Моддаи 22. Вазифаҳои муассисаи суғурта

Муассисаи суғурта вазифадор аст:
- саҳмпулии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро ба ҳисоб гирад;
- маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар бонки ваколатдор нигоҳ дорад;
- ба шахсони суғурташуда дар бораи вазъи кунунии қисми касбии суратҳисоби инфиродии онҳо ва ба суғуртакунанда оид ба саҳмпулиҳои воридшудаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, инчунин собиқаи касбии шахсони суғурташуда маълумот пешниҳод намояд;
- маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ истифода барад; - маблағи нафақаҳои касбиро ҳисоб, таъин ва пардохт намояд;
- дигар талаботҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардидаро риоя намояд.

Моддаи 23. Қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда

1. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии пурраву саривақтӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои шахсони суғурташуда пешбурди қисми касбии таркиби суратҳисоби инфиродӣ аз ҷониби муассисаи суғурта амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби пешбурди суратҳисоби инфиродӣ дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
3. Даромади сармоягузорӣ дар суратҳисоби инфиродӣ на камтар аз як маротиба дар як сол ва на дертар аз 30 марти соли ояндаи пас аз соли ҳисоботӣ инъикос карда мешавад, ба шарте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
4. Дар сурати қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар сурати мавҷудияти дигар асосҳои қонунӣ барои қатъ ё манъ кардани вазифаҳои корфармо оид ба пардохти саҳмпулии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ, суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда то иҷрои ўҳдадориҳои ба зимма гузоштаи шахси суғурташуда ё гузаштани мўҳлати пешбининамудаи муроҷиат тибқи Қонуни мазкур кушода нигоҳ дошта мешавад.
5. Дар сурати аз ҷониби ворисони (вориси) шахси суғурташудаи фавтида пешниҳод намудани васиятнома ё шаҳодатномаи ҳуқуқи меросгирӣ муассисаи суғурта вазифадор аст, ки дар давоми 10 рўз маблағи нафақавии дар қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда андўхтаро ба суратҳисобҳои бонкии ворисон (ворис) гузаронад ва суратҳисоби ўро бандад.

Моддаи 24. Ҳисоб намудани даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ

1. Даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳар сол аз ҷониби муассисаи суғурта ҳисоб карда мешавад.
2. Маблағи андўхтҳои нафақавие, ки аз ҷониби шахсони суғурташуда ё шахсони ваколатдори онҳо талаб карда нашудаанд, ба қисми даромади нигоҳдории маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии муассисаи суғурта ворид карда мешавад.

Моддаи 25. Ҳифзи маълумоти фардии шахсони суғурташуда

1. Маълумоти фардии шахсони суғурташуда, ки ташкилотҳои корфармо ва муассисаи суғурта медиҳанд, инчунин дигар маълумоти дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ мавҷуда иттилооти пинҳонӣ ба ҳисоб мераванд. Мазмун ва ҳаҷми маълумоти фардии додашаванда, нигоҳдошташаванда ва коркардшаванда набояд аз доираи талаботи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи нафақавӣ берун барояд. Маълумоти фардӣ ба иттилои шахси сеюм, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонида намешавад.
2. Ба маълумоти фардии ташкилоти корфармо ва муассисаи суғурта танҳо шахсони махсуси ваколатдор дастрасӣ доранд. Дар ин маврид шахсони мазкур танҳо ба маълумоте дастрасӣ доранд, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххаси онҳо зарур аст.
3. Роҳбарон, шахсони мансабдор ва кормандони ташкилотҳои корфармо ва муассисаи суғурта, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ирсол ва истифодаи маълумоти дорои хусусияти махфӣ, ки ба ҷараёни ташаккул ва сармоягузории андўхтҳои нафақавӣ, инчунин маълумоти қисми касбии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда иштирок менамоянд, вазифадоранд иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иттилооти дастрасиаш маҳдуд таъмин намоянд.


 БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 26. Таъин ва пардохти нафақаҳои меҳнатӣ ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар корхонаҳои шароити меҳнаташон махсус кор кардаанд

1. Ба шахсони суғурташудае, ки то ҷорӣ намудани пардохти нафақа аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни мазкур дар корхонаҳои шароити меҳнаташон махсус кор кардаанд ва ба нафақаи касбии пеш аз мўҳлат ҳуқуқ надоранд, нафақаи меҳнатии имтиёзнок аз рўи синну сол барои иҷрои корҳои шароиташон махсус ё нафақаи меҳнатӣ барои хизмати дарозмуддат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохт карда мешавад.
2. Мавриди муайян намудани ҳуқуқи шахси суғурташуда ба чунин намуди нафақаи меҳнатӣ ба сифати илова ба собиқаи махсусе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, собиқаи касбии дахлдори мувофиқ ба инобат гирифта мешавад. Дар ин маврид нафақаи меҳнатӣ бо розигии шахси суғурташуда барои гузаронидани маблағи нафақавии андўхтаи қисми касбии суратҳисоби инфиродии ў бо мақсади ҷуброни хароҷоти вобаста ба маблағгузории нафақаи меҳнатӣ дар давраи то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ таъин ва пардохт карда мешавад.
3. Тартиби гузаронидани маблағи андўхтҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур ба истиснои моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Моддаҳои 16, 17 ва қисми 2 моддаи 26 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шаванд.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе, 26 декабри соли 2011 № 790

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Қонуни мазкур асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад, инчунин вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - шакли танзими давлатии муносибатҳои нафақавӣ, ки ба ташкили баҳисобгирии пардохти саҳмҳои нафақавӣ асос ёфтааст;
- ҷуброни суғуртавӣ - иҷрои ҳатмии ўҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар назди шахси суғурташуда дар мавриди фаро расидани ҳолатҳои суғуртавӣ бо роҳи пардохтҳои иҷтимоӣ;
- маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - маблағҳое, ки дар идоракунии мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ қарор доранд;
- буҷети муассисаи суғурта - шакли ташаккул ва сарфи маблағҳо бо мақсадҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- андўхти нафақавӣ - маблағҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ супоридашудаи шахси суғурташуда ва даромадҳо аз ҳисоби истифодабарии ин маблағҳо, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии ў қайд гардидаанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Моддаи 3. Мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1. Суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (минбаъд - муассисаи суғурта), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ менамояд.
2. Давлат барои ўҳдадориҳои муассисаи суғурта дар назди шахсони суғурташуда масъулияти иловагӣ дорад.

Моддаи 4. Таваккалҳои иҷтимоӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1. Таваккали иҷтимоӣ дар Қонуни мазкур аз ҷониби шахси суғурташуда ҳангоми аз даст додани музди меҳнат (пардохт, подош ба манфиати шахси суғурташуда) ё дигар даромад эътироф карда мешавад.
2. Намудҳои таваккалҳои иҷтимоӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ инҳо мебошанд:
- фаро расидани пиронсолӣ;
- маъюбӣ;
- маҳрум шудан аз саробон;
- фавти нафақагир.

Моддаи 5. Ҳолати суғуртавӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Ҳолати суғуртавӣ татбиқи яке аз намудҳои таваккали иҷтимоӣ мебошад, ки дар қисми 2 моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 6. Ҷуброни суғуртавӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1. Дар мавриди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ муассисаи суғурта ўҳдадор аст ба шахси суғурташуда ҷуброни суғуртавии зеринро пардохт намояд:
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол;
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ;
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон;
- кўмакпулӣ барои дафни нафақагири фавтидае, ки дар рўзи фавт кор намекард.
2. Таъин, пардохт ва муайян намудани давраи ҷуброни суғуртавӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 7. Саҳмҳои нафақавӣ

Маблағҳои саҳмҳои нафақавии барои шахси суғурташуда ба буҷети муассисаи суғурта воридгардида дар суратҳисоби инфиродии ў мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Моддаи 8. Андўхти нафақавӣ

1. Андўхти нафақавии шахсони суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои нафақавии супоридашудаи суғуртакунандагон ва ё шахсони суғурташуда ташаккул меёбад ва дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ба ҳисоб гирифта мешавад.
2. Тартиби пардохти маблағҳои андўхти нафақавии шахсони суғурташуда бо қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Ба ваколатҳои мақомоти давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дохил мешаванд:
- тасдиқи буҷети муассисаи суғурта ва ҳисобот дар бораи иҷрои он;
- муқаррар намудани тартиби қабул ва иҷрои буҷети муассисаи суғурта;
- муайян намудани тартибу шартҳои ташаккулёбӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сармоягузории маблағҳои андўхти нафақавӣ;
- муайян намудани тартиби нигоҳдории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- идоракунии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- таъмини устувории молиявӣ ва тавозуни низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, аз ҷумла бо роҳи таъмини воридоти маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳаҷме, ки буҷети муассисаи суғурта пешбинӣ намудааст;
- муайян намудани тартиби истифодаи маблағҳои озоди муваққатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- амалӣ намудани назорати давлатӣ ва назорати татбиқи ҳуқуқи шахсони суғурташуда ба ҷуброни суғуртавӣ.


Моддаи 10. ўҳдадориҳои муассисаи суғурта

Муассисаи суғурта ўҳдадор аст:
- асосноккунии андозаи тарофаи саҳмҳои нафақавиро тайёр намояд;
- дар асоси маълумоти баҳисобгирии инфиродӣ нафақаи суғуртавиро сари вақт таъин, бозҳисобӣ ва пардохт намояд, кўмакпулиро барои дафни нафақагири фавтида, ки дар рўзи фавташ кор намекард, пардохт кунад;
- назорати асосноккунии пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои таъин, бозҳисобии маблағҳои нафақаи суғуртавӣ, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок бинобар шароити махсуси меҳнат амалӣ намояд;
- лоиҳаи буҷети муассисаи суғуртаро таҳия намуда, иҷрои онро таъмин намояд;
- ба суғуртакунандагон, шахсони суғурташуда, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз вазъи молиявии худ мунтазам бо тартиби муқарраргардида иттилоъ диҳад ва барои таъмини устувории молиявиаш тадбирҳо андешад;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро таъмин ва назорат намояд;
- маблағҳои аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ воридгардидаро ба ҳисоб гирад;
- махзани маълумоти давлатии тамоми гурўҳҳои суғуртакунандагон, аз ҷумла, шахсони воқеиро, ки ихтиёран ба муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ шомил гардидаанд, баҳисобгирии инфиродии маълумотро дар бораи тамоми гурўҳҳои шахсони суғурташуда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" таъсис диҳанд;
- реҷаи пешбурди қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташударо мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;
- дар фаслҳои дахлдори қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ба қисми маблағҳои андўхти нафақаи суғуртавӣ ворид шудани маблағҳои саҳмҳои нафақавӣ, андозаи нафақаи суғуртавии таъиншуда ва маблағҳои пардохтро аз ҳисоби маблағҳои андўхти нафақавӣ сари вақт ба ҳисоб гирад;
- ташкили баҳисобгирии саривақтии даромад аз сармоягузории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар фаслҳои дахлдори қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда таъмин намояд;
- ба суғуртакунандагон вобаста ба масъалаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ройгон маслиҳат диҳад ва дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ маълумот диҳад;
- тавассути сохтори ҳудудии худ барои шахсони суғурташуда доир ба масъалаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ машваратҳои ройгон ташкил намояд.

БОБИ 3. НИЗОМИ МОЛИЯВИИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Моддаи 11. Буҷети муассисаи суғурта

1. Маблағҳои буҷети муассисаи суғурта моликияти давлатӣ маҳсуб ёфта, ба муассисаи суғурта бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста карда шудаанд, вале ба таркиби буҷетҳои дигар дохил намешаванд ва мавриди мусодира, андозбандӣ ва ситонидани дигар пардохтҳои ҳатмӣ қарор намегиранд.
2. Буҷети муассисаи суғурта барои соли молиявӣ бо назардошти тавозуни ҳатмии даромаду хароҷоти буҷети мазкур таҳия карда мешавад. Буҷети муассисаи суғурта ва ҳисоботи иҷрои он ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Дар таркиби буҷети муассисаи суғурта маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки ба сармоягузорӣ равона гардидаанд, пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андўхти нафақавӣ, инчунин хароҷоти буҷети муассисаи суғурта, ки бо ташаккулёбӣ ва сармоягузории маблағҳои андўхти нафақавӣ, пешбурди қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ва пардохти қисми андўхтии нафақаи суғуртавӣ алоқаманд мебошанд, ба таври алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд.
4. Маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар суратҳисоби муассисаи суғурта дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" нигоҳ дошта мешаванд.

Моддаи 12. Ташаккулёбии буҷети муассисаи суғурта

Буҷети муассисаи суғурта аз ин ҳисоб ташаккул меёбад:
- саҳмҳои суғуртавӣ;
- маблағҳои буҷети давлатӣ;
- маблағҳои товон ва дигар муҷозоти молиявӣ;
- даромад аз ҷобаҷогузорӣ ва сармоягузории маблағҳои озоди муваққатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- саҳмҳои ихтиёрӣ ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба сифати суғуртакунандагон ё шахсони суғурташуда онҳоро пардохт накардаанд;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 13. Харҷи маблағҳои буҷети муассисаи суғурта

1. Маблағҳои буҷети муассисаи суғурта таъиноти мақсаднок дошта, ба мақсадҳои зерин равона мегарданд:
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба пардохт ва индексатсияи нафақаи суғуртавӣ ва кўмакпулӣ барои дафни нафақагире, ки дар рўзи фавташ кор намекард, барои ба суратҳисоби инфиродии шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташуда гузаронидани маблағҳои арзишаш баробари маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси мазкур баҳисобгирифташуда;
- дастрасгардонии нафақае, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети муассисаи суғурта пардохт карда мешавад;
- таъминоти молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷории муассисаи суғурта, аз ҷумла таъминоти сохтори ҳудудии он.
2. Хароҷоте, ки дар буҷети муассисаи суғурта барои соли дахлдор пешбинӣ карда нашудааст, танҳо баъди ворид намудани тағйирот ба буҷети мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷории муассисаи суғурта бо назардошти таъминоти сохтори ҳудудии он набояд аз ду фоизи буҷети муассисаи суғурта зиёд бошад.


Моддаи 14. Фонди захиравии муассисаи суғурта

1. Барои таъминоти дурнамои миёнамўҳлат ва дарозмўҳлати устувории молиявии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани маблағҳои зиёдатии буҷети муассисаи суғурта фонди захиравӣ таъсис дода мешавад.
2. Тартиби ташаккулёбӣ ва хароҷоти фонди захиравии муассисаи суғурта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 15. Назорати истифодаи маблағҳои буҷети муассисаи суғурта

Назорати истифодаи маблағҳои буҷети муассисаи суғурта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор амалӣ карда мешавад.

Моддаи 16. Тарофаи саҳмҳои нафақавӣ

1. Тарофаи саҳмҳои нафақавӣ аз андозаи саҳмҳои суғуртавӣ иборат буда, барои ба воҳиди ченаки заминавӣ ҳисобӣ намудани саҳмҳои нафақавӣ пешбинӣ шудааст.
2. Тарофаи саҳмҳои нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013, № 955

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродии маълумотро оид шахсони дар низоми суғуртаи хатмии нафақавии Ҷумҳурӣи Тоҷикистон суғурташуда муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- баҳисобгирии инфиродӣ - тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоти, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ зарур мебошанд;
- шахси суғурташуда – шахси воқеие, ки ба манфиати ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии нафақавӣ анҷом дода мешавад;
- суғуртакунанда – шахси воқеӣ ва шахси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса ва дигар ташкилот новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқашон), тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (минбаъд-саҳми суғурта) – ро пардохт менамояд;
- муассисаи суғурта – мақоми ваколатдори давлатие, ки баҳисобгирии инфиродиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- саҳми суғурта- пардохти ҳатмӣ барои нафақаи суғуртавӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад;
- ҳисобҳои актуарӣ -таҳлили молиявии фаъолияти низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ барои дурнамои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат бо назардошти вазъи демографӣ, бозори меҳнат ва вазъияти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ки арзёбии ӯҳдадориҳои молиявии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва пешгӯии оқибати молиявии ҳама гунна тагйиротро дар ин низоми дар бар мегирад;
- бойгонии ҳуҷҷатҳо баҳисобгирии инфиродӣ -сохтори таркибии муассисаи суғурта, ки кабулу ҷамоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷчатҳои баҳисобгирии инфиродии дар натиҷа баҳисобгирии инфиродии маълумот дар бораи шахсони суғурташуда  ташкилёфтаро амалӣ менамояд;
- ҳуҷчатҳои баҳисобгирии инфиродӣ- ҳуҷҷатҳое, ки маълумотии инфиродиро оид ба шахсони суғурташуда ва суғуртакунанда, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва ё суратҳисоби инфиродӣ ва ё суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ташааккул ёфтаанд, дар бар мегирад;
- суратҳисоби инфиродӣ - варақаи шахсии баҳисобгирии шахси суғурташуда, ки барои баҳисобгирӣ ва муомилоти сармояи нафақавӣ пешбинӣ шудааст ва тамоми муносибатҳои байниҳамдигарии молиявӣ (амалиёти оид ҳисоби маблағ, пардохти саҳми суғуртавӣ, индексацияи онҳо ва пардохтҳои суғуртавӣ) –ро бо муассисаи суғурта инъикос намуда, дар шакли электронӣ ҳамчун маҷмӯи қайдҳо дар мошинҳои хомили иттилоот нигоҳ дошта мешавад;
- ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ - ҳуҷҷатҳои дар асоси маълумоти шиноснома, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ё ҳуҷҷатҳои ташкилӣ - фармоишӣ тартибёфта, ки  дурустӣ ва пуррагии маълумотро дар бораи шахсони суғурташуда, музди меҳнат, дигар даромадҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ, собиқаи суғуртавӣ ва вазъи оилавии онҳо тасдиқ мекунад;
- раками мушаххаси суғуртавӣ - рақами ягонаи суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда, ки дорои дараҷаи назоратӣ буда, имкон медиҳад хатои ҳангоми истифодабарии он дар ҷараёни баҳисобгирии инфиродӣ чойдодарро ошкор намояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсадҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Мақсадҳои бахисобгирии инфиродй дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ инҳо мебошанд:
-фарохам овардани шароит барои таъини нафақаҳои суғуртавӣ мутобиқи натиҷаҳои меҳнати ҳар як шахси суғурташуда;
-таъмини пуррагӣ ва дурустии маълумот дар бораи музди меҳнат ва дигар даромадҳо, собиқаи суғуртавӣ, ки андозаи нафақаи суғуртавиро дар мавриди таъини он муайян мекунанд;
-таъини нафақаҳои суғуртавӣ дар асоси собиқаи суғуртавии шахсони суғурташуда ва саҳми суғуртаи пардохтнамудаи онҳо;
-    ҳавасмандгардонии шахсони суғурташуда барои пардохти саҳми суғурта;
-    фароҳам овардани шароит барои назоратӣ пардохти саҳми суғурта ҷониби шахсони суғурташуда;
-дастгирии иттилоотии пешгуии хароҷоти пардохти нафақаҳои суғуртавй, муайян кардани тарифҳои саҳми суғурта, ҳисобкунии нишондихандаҳои асосии мақроиктисоди, гузаронидани ҳисобҳои актуари;
-    содда кардани тартиби таъини нафақаи шахсони суғурташуда ва тезонидани расмиёти он.


Моддаи 4. Принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (минбаъд - баҳисобгирии инфиродӣ) дар асоси принсипҳои зерин ташкил карда мешавад:
-    умумӣ ва ҳатмӣ будани баҳисобгирии маълумот дар бораи шахсони суғурташуда;
-    дастрасии маълумот барои ҳар як шахси суғурташуда, ки муассисаи суғурта дар бораи ӯ дорад;
-    истифода бурдани маълумот дар бораи шахсони суғурташуда танҳо бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқҳои нафақавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-    мутобиқати маълумоти пешниходгардида дар бораи хаҷми маблағи саҳми суғуртаи гузаронидашуда, ки ҳар як суғуртакунанда, аз ҷумла шахси воқеӣ саҳми суғуртаро мустақилона мепардозад, бо маълумот дар бораи пардохтҳои воқеӣ ва маблағи воридгардидаи саҳми суғурта;
-    мунтазам татбиқ намудани баҳисобгирии инфиродӣ дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатии шахси суғурташуда;
-    нигоҳдорӣ ва махфияти маълумот дар бораи шахсони суғурташуда.

БОБИ 2. ТАШКИЛИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДӢ

Моддаи 5. Мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии инфиродӣ

Баҳисобгирии инфиродиро мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи хатмии нафақавӣ (минбаъд - муассисаи суғурта), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ менамояд.

Моддаи 6. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда

1.    Муассисаи суғурта барои ҳар як шахси суғурташуда суратҳисоби инфиродии дорои рақами мушаххаси суғуртавӣ мекушояд. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда аз қисмҳои (фаслҳои) умумӣ, махсус ва касбӣ иборат аст. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба манбаъҳои иттилоотии муассисаи суғурта дохил карда мешаванд.
2.    Дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда маълумоти зерин нишон дода мешаванд:
-    рақами мушаххаси суғуртавӣ;
-    насаб, ном ва номи падар;
-    насаб, ном ва номи падари шахси суғурташуда, ки дар вақти таваллуд дошт;
-    санаи таваллуд;
-    ҷойи таваллуд;
-    ҷинс;
-    суроғаи ҷойи зисти доимӣ;
-    силсила ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиккунандаи шахсият санаи додани ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо ба суратҳисоби инфироди маълумоти дар сарҳатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум на ҳафтуми қисми мазкур нишондодашуда дохил карда мешавад, номи мақомот ва санаи дода шудани онҳо аз тарафи ҳамин мақомот:
-    шаҳрвандӣ;
-    санаи бакайдгирӣ ба сифати шахси суғурташуда;
-    давраҳои фаъолияти меҳнатӣ ва ё фаъолияти дигаре, ки ба собиқаи суғуртавӣ барои таъини нафақаи суғуртавӣ дохил карда шудаанл собиқаи суғуртавие, ки ба шароити махсуси меҳнат, кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва маҳалхои ба онҳо баробаркардашуда вобаста аст. Инчунин дигар давраҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи суғуртавӣ шомил кардашуда;
-    музди меҳнат ё дигар даромад, ки аз онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғурта пардохта шудааст;
-    маблағи саҳми суғурта, ки суғуртакунанда ба шахси суғурташуда гузаронидааст;
-    маблағи саҳми суғуртаи пардохтгардида ва воридгардида барои шахси суғурташудаи мазкур;
-    маълумот дар бораи сармояи ҳисобишудаи нафақавӣ бо назардошти индексатсияи он;
-    маълумот дар бораи муқаррар намудани нафақаи суғуртавӣ ва индексатсияи андозаи он;
-    маълумот дар бораи бастани суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда.
3. Дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда маълумоти зерин нишон дода мешаванд:
-    маблағи саҳми суғуртавӣ, ки ба қисми андӯхти нафақаи суғуртавй ворид гардидааст;
-    маълумоте, ки натиҷаи ҳарсолаи ҷойгиронии маблағи андӯхти нафақавиро дар сармоягузорй инъикос мекунад;
-    маълумоте, ки натиҷаи ҷойгиронии муваққатии маблағи андухти нафақавиро то давраи нишон додани он дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ инъикос менамояд;
-    маълумоте, ки баҳисобгирии даромадро аз сармоягузории маблағи андухти нафақавй инъикос мекунад;
-маълумоте, ки баҳисобгирии ҳароҷоти заруриро барои сармоягузории маблағи андухти нафақавй инъикос менамояд;
-    маълумот дар бораи ба фонди ғайридавлатии нафақа гузаронидами маблағи андухти нафақавӣ;
-    маълумот дар бораи аз фонди ғайридавлатии нафақа ба муассисаи суғурта гузаронидани маблағи андухти нафақавӣ;
-    маблағи аз ҳисоби маблағи андухти нафақавӣ пардохтгардида.
4 Қисми касбии суратҳсоби инфиродии шахси суғурташуда барои баҳисогирии маблағи аз тарафи суғуртакунанда ҷуброн намудани зарари расонидашуда таъин гардидааст, ки он маълумоти зайлро дар бар мегирад:
-    маблағи товони иловаnfн пардохт ва воридгардида барои шахси суғурташуда;
-    маълумот дар бораи индексатсия;
-    давомнокии собиқаи касбй:
-    маблағи пардохтгардида.
5. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инчунин метавонад дигар қисмҳо (фаслҳо) ва маълумотро, ки барои баҳисобгирии босифати- инфиродӣ тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, дар бар гирад.
6.  Суғуртакунанда маълумоти суратҳисоби инфиродии шахси суғурташударо мунтазам саҳеҳу дақиқ намуда, такмил медихад.
7. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дар шакли электронӣ дар тамоми давраи зиндагиаш ва пас аз фавти ӯ  то мӯхлати пешбининамудаи тартиби нигоҳдошти парвандаи нафақавӣ нигоҳ дошта мешавад.
8.  Пас аз фавти шахси суғурташуда маълумот дар бораи фавти ӯ дар муддати як моҳ аз ҷониби мақоми дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта фиристода мешавад. Маълумоти мазкур дар шакли мақаррарнамудаи муассисаи суғурта фиристода мешавад.
9.  Ошкор намудани маълумоти суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.


Моддаи 7. Шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1. Муассисаи суғурта ба ҳар як шахси суғурташуда шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ медиҳад, ки дар он рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродӣ, санаи ҳамчун шахси суғурташуда ба қайд гирифта шудан, насаб, ном ва номи падари ӯ қайд карда мешавад.
2.    Шахсе, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нахустин маротиба бо корфармо муносибати меҳнатӣ муқаррар намудааст ва мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон аз музди меҳнати ӯ саҳми суғурта пардохта мешавад, аз ҷойи кораш шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо мегирад.
3.    Шахси воқеӣ, ки саҳми суғуртаро мустақилона месупорад, шаҳодатномаи суғуртаи хатмии нафақавиро бевосита дар муассисаи суғуртаи ҷойи қайди худ ба сифати суғуртакунанда мегирад.
4.    Шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар дасти шахси суғурташуда доими нигоҳ дошта мешавад.
5.    Дар ҳолати тағйир ёфтани маълумот дар бораи шахси суғурташуда, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, тибки Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар суратҳисоби инфиродии ӯ сабт мешаванд ва дар ин маврид муассисаи суғурта ба шахси суғурташуда ба ивази шаҳодатномаи қаблан додашуда шаҳодатномаи нави суғуртаи ҳатмии нафақавии дорои ҳамон рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродиро медиҳад.
6.    Дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи  суғуртаи  ҳатмии нафақавӣ:
-    шахси суғурташуда, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ кор мекунад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин музди меҳнат саҳми суғурта пардохта мешавад, вазифадор аст, ки дар давоми як моҳи баъди гум шудани шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо ариза ба суғуртакунанда дар хусуси барқарор кардани он муроҷиат намояд ва суғуртакунанда бояд ин аризаро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба муассисаи суғурта пешниҳод намояд;
-    шахси воқеӣ, ки мустақилона саҳми суғуртаро месупорад, ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳи баъд аз гум кардани шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба муассисаи суғуртаи ҷойи зист бо ариза дар хусуси барқарор намудани он муроҷиат намояд;
-    шахси суғурташуда, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатй ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ бо музди мехдате, ки аз он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғурта пардохта мешавад, кор намекунад, инчунин ба сифати суғуртакунанда ба қайд гирифта нашудааст, бояд дар давоми як моҳи баъди гум шудани шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо ариза ба муассисаи суғуртаи ҷойи зист дар хусуси барқарор кардани он муроҷиат намояд;
-    муассисаи суғурта аз рӯи аризаи шахси суғурташуда дар бораи гум кардани шаҳодатномаи сғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар давоми як моҳ. баъди  муроҷиат дар асоси  уратҳисоби инфиродии ба номи ӯ кушодашуда тавассути  суғуртакунанда ё шахсан ба ӯ нусхаи шаҳодатномаи мазкурро медиҳад ва барои ҳалли ин масъала муассисаи суғурта ҳуқуқ, дорад аз шахси суғурташуда иттилои иловагиро, ки шахсият ва маълумоти суратҳисоби инфиродии ӯро тасдиқ менамояд, талаб карда гирад.
7.    Муассисаи сугурта шакли аризаро дар бораи ба шахси суғурташуда ба ивази шаҳодатномаи гумшуда додани шаҳодатномаи нави суғуртаи ҳатмии нафакқавӣ муайян мекунад.
8.    Тартиби додани хуҷҷатҳои тасдиккунандаи қайди баҳисобгирии суғуртаи ҳатмии нафақавии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад.

Моддаи  8.  Қоидаҳои  умумии  пешниҳоди  ҳуҷҷатҳои  аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

1.    Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ, ки дар бораи шахсони суғурташуда маълумоти дар қисмхои 2, 3 ва 4 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинишударо доранд, ба муассисаи суғурта бо тартиб ва шакли тасдиқнамудаи муассисаи суғурта пешниҳод мегарданд.
2.    Суғуртакунанда ба муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиеро пешниҳод менамояд, ки дар онҳо доир ба тамоми  шахсоне, ки аз рӯйи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ кор карда, аз музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад, маълумот мавҷуд мебошад.
3.    Шахсони вокеӣ, ки мустакилона саҳми суғурта месупоранд, худашон ба сифати суғуртакунанда (шахсони суғурташуда) ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро ба муассисаи суғуртаи ҷойи қайд пешниҳод менамоянд.
4.    Ба шахсони суғурташудае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бекор ҳисобида шудаанд, мақомоти дахлдори давлатии шуғли аҳолӣ маълумот пешниҳод менамояд.
5.    Назорати пешниҳоди дурусти хуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро муассисаи суғурта амалӣ менамояд.


6.    Суғуртакунанда дар ҳолатҳои зерин ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта пешниҳод менамояд:
-    ҳангоми бори аввал ба қайд гирифтан, аз нав ташкил кардан, барҳам додан ва ба сифати суғуртакунанда аз қайд баровардан;
-    ҳангоми бақайдгирии ибтидоии шахсони воқеие, ки бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавй қарор гиранд;
-    дар вақти ба кор қабул намудани шаҳрвандон ё бастани шартномаи ҳуқуқии гражданӣ тибқи музди меҳнате, ки аз он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад ва то ин вақт собиқаи  суғуртавӣ  ва  шаҳодатномаи  суғуртаи  ҳатмии  нафақавӣ надоштанд;
-    дар ҳолате, ки шахси суғурташудаи дар назди ӯ коркунанда шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиро гум карда бошад;
-    дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панчуми қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур оид ба шахсони суғурташудаи дар назди ӯ коркунанда.
7.    Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ метавонанд ҳам дар шакли ҳаттӣ ва ҳам дар шакли электронӣ бо назардошти кафолати саҳеҳияти онҳо, ҳифз аз дахолати ғайриқонунӣ ва бе таҳриф пешниҳод гарданд. Дар ин маврид эътибори қонунӣ доштани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии пешниҳодшуда бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақами тасдиқ карда шавад. Масъалаи дар шакли электронӣ пешниҳод кардани иттилоотро муассисаи суғурта дар якҷояги бо суғуртакунандагони мушаххас ҳал менамояд.
8.    Нусхаи ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродй, ки ба муассисаи суғурта пешниҳод гардидаанд, дар дасти суғуртакунандагон мемонад. Нусхаи ҳуҷчатҳои мазкурро суғуртакунандагон бояд мутобиқи коидаҳои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии мухосибй ва хисобоп! нигох доранд.
9.    Тартиб ва муҳлати аз ҷониби суғуртакунанда ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ бо Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 9. Қоидаҳои умумии қабул, баҳисобгирӣ ва коркарди хуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

Муассисаи суғурта қабул, баҳисобгирӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфироди, инчунин ворид намудани маълумоти дахлдорро ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда бо тартиб ва дар муҳлати бо Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ муқарраргардида амалӣ менамояд.

Моддаи 10. Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи хатмии нафақавӣ

Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карла мешаванд.

Моддаи 11. Қоидаҳои умумии ташкили бойгонии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

1.    Бахисобгирӣ, пурра намудан, нигоҳдорӣ ва тартиби истифодабарии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии барои нигоҳдорӣ қабулгардидаро бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта амалӣ менамояд.
2.    Қоидаҳои ташкили бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғуртаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3.    Муҳлати нигохдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта, ки дар шакли хаттӣ ва дар шакли электронй эътибори қонунӣ доштани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақами тасдиқ карда шудааст, дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ на камчар аз се сол мебошад.
4.    Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта пас аз ба охир расидани муҳлати нигохдориашон, баъди шахси суғурташударо бо онҳо шинос намуда, ба дасташ супоридани маълумоти давраи дахлдори суратхисоби инфиродиаш бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахси суғурташуда

1.    Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад:
-    соле як маротиба дар сохтори ҳудудии муассисаи суғуртаи ҷойи зист ё ҷойи кор маълумоти суратҳисоби инфиродиашро ройгон дастрас намояд;
- нусхаи маълумотро. ки суғуртакунанда ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҷиҳати баҳисобгирии инфиродии ӯ пешниҳод кардааст, аз суғуртакунанда ройгон гирад;
-    дар ҳолати бо маълумоти суратҳисоби инфиродиаш розӣ набудан, бо ариза ҷиҳати ислоҳи маълумоти зикргардида ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ва ё ба суд муроҷиат намояд.
2.    Шахси суғурташуда ӯҳдадор аст:
-    дар сохтори ҳудудии муассисаи суғурта аз қайд гузарад;
-    шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиро гирифта, нигоҳ дорад ва бо дархости суғуртакунанда, кормандони сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ва дигар мақомоти давлатӣ пешниҳод намояд;
-    дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти суратҳисоби инфиродиаш ё гум кардани шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо ариза ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта муроҷиат намояд;
-    бо дархости сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намояд, ки маълумоти ба суратҳисоби инфиродии ӯ мутобиқи ҳамин Қонун воридшавандаро тасдик мекунанд.


Моддаи 13. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда

1.    Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
-    аз шахсони суқурташуда дар мавриди ба кор қабул кардани онҳо шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиашонро талаб намояд;
-    дар мувофиқа бо сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҳуҷчатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии ирсолгардидаро пурра ва дақиқ намояд.
2.    Суғуртакунанда ӯҳдадор аст:
-    дар мухлати муқарраргардида ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро пешниҳод намояд;
-    аз сохтори ҳудудии муассисаи суғурта шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, инчунин нусхаи шаходатномаи мазкурро гирифта, онҳоро ба шахсони суғурташудае, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ дар назди ӯ кор мекунанд ва аз музди меҳнаташон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавй пардохта мешавад, бо гирифтани имзо дихад;
-    нусхаи ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирии инфиродиро, ки ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта  барои ворид намудани маълумот ба суратҳисоби инфиродии ӯ пешни.чол гардидааст, ройгон ба ҳар шахси суғурташуда дихад;
- мутобиқати маълумоти шаҳодатномаи суғуртаи ҳатми нафақавии ба шахси суғурташуда додаро бо маълумоти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси мазкур, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ дар назди ӯ кор мекунад ва аз музди меҳаташ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад, назорат кунад.

Моддаи 14. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта вобаста ба амалӣ намудани баҳисобгирии инфиродӣ

1.    Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:
-    аз суғуртакунандагон сари вақт ва дуруст пешниҳод намуданп ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, талаб кунад;
-    дар мавриди зарурӣ аз рӯи натиҷаи тафтиши эътиборнокии маълумоте, ки онро суғуртакунандагон пешниҳод кардаанд, маълумоти мазкурро ислоҳ карда, ба суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда тағйирот ворид намояд ва дар ин бора ба ӯ хабар дихад;
-    хар сол аз фондҳои ғайридавлатии нафақа оид ба ҳуқуқи нафақавии шахсоне, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ шудаанд, маълумоти дахлдор гирад.
2.    Муассисаи суғурта ӯҳдадор аст:
-    баҳисобгирии инфиродии шахсони суғурташавандаро пас аз бақайдгирии давлатии суғуртакунанда анҷом диҳад;
-    ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро сари вақт мавриди коркард қарор диҳад ва маълумотро ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда гузаронад;
-    чиҳати нигоҳдории боэътимоди ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва суратҳисоби  инфиродии шахсони суғурташуда чора андешад;
-    аз ҷониби суғуртакунандагон пурра ва дуруст пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро назорат намояд;
-    дар бораи вазъи суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда, инчунин оид ба натиҷаи сармоягузории маблағи андухти нафақавиашон соле як маротиба ба онҳо ройгон маълумот ирсол кунад;
-    ба шахси суғурташуда тибқи муроҷиаташ иттилои дар суратҳисоби инфиродии ӯ мавҷудбударо соле як маротиба ройгон пешниҳод намояд;
-    ба шахсони суғурташуда ва суғуртакунандагон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, низоми баҳисобгирии инфиродӣ, тартиби пур кардани шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва пешниҳод намудани маълумотро шарҳ дихад;
-    бо дархости шахси суғурташуда суратҳисоби инфиродиашро бо пардохтхои аз он амалигардида муқоиса намояд.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 16. Ҳалли басҳо

Баҳсҳо оид ба масъалаҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 3 июли соли 2012, № 860

 

Дополнительная информация