23 ФЕВРАЛ. ТАНТАНАИ ҶАШН ДАР АГЕНТӢ
Тантанаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи идҳои шукӯҳманду ифтихороти ватандорист, дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи барвақт оғоз шуд.
Ташаббуси баргузории ин чорабинии хотирмон, ки дар руҳияи баланди милливу ватанпарастӣ ҷараён гирифт, асосан, ба дасти бонувони Агентӣ буд. Пешниҳоди барномаи хоси мусиқӣ ва саҳнаҳои пурмазмуни бонувони Агентӣ ишора ба он доштанд, ки ҳама бояд дар роҳи ҳифзи Ватан якдилу босадоқат бошем.