18-уми апрели соли 2025 дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия”-и Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ баргузор гардид, ки дар он Умед Содиқиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ ва аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” оид ба фаъолияти ташкилот дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2024) ба муҳокимаи аъзои ташкилот пешниҳод гардид.