22.02.2025 | 10:47 |
Хонда шуд 226 маротиб

Дар партави сиёсати ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» имрӯз, 22-юми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳашари ниҳолшинонӣ дар мавзеи кӯҳии паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбарияти Агентӣ сурат гирифт.

21.02.2025 | 11:30 |
Хонда шуд 280 маротиб

Тантанаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи идҳои шукӯҳманду ифтихороти ватандорист, дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи барвақт оғоз шуд.

Ташаббуси баргузории ин чорабинии хотирмон, ки дар руҳияи баланди милливу ватанпарастӣ ҷараён гирифт, асосан, ба дасти бонувони Агентӣ буд. Пешниҳоди барномаи хоси мусиқӣ ва саҳнаҳои пурмазмуни бонувони Агентӣ ишора ба он доштанд, ки ҳама бояд дар роҳи ҳифзи Ватан якдилу босадоқат бошем.

19.02.2025 | 18:01 |
Хонда шуд 1252 маротиб

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

19.02.2025 | 14:56 |
Хонда шуд 220 маротиб

19 феврали соли равон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии Азиз Ҳайдаров бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахасусии кормандон семинари омӯзишии маҷозӣ баргузор гардид.

19.02.2025 | 13:13 |
Хонда шуд 225 маротиб

19 феврал дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.

19.02.2025 | 11:02 |
Хонда шуд 206 маротиб

18 феврали соли равон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузариш ба низоми рақамии ҳуҷҷатҳои электронӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ доир гардид.

18.02.2025 | 17:47 |
Хонда шуд 203 маротиб

18 феврали соли 2025 дар дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 дар мавзӯи «Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ» ва дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» омӯзиши назариявӣ дар ҳаҷми 1 (як) соат бо иштироки 27 нафар кормандони дастгоҳи марказӣ, Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентӣ ва Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии дар ШНТҶ гузаронда шуд.

18.02.2025 | 10:11 |
Хонда шуд 259 маротиб

17 феврали соли 2025 дар бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид.

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд дар ҳайати Азиз Ҳайдаров роҳбари гурӯҳ оид ба маъмурикунонии лоиҳаҳо, Зебо Ҷалилова– мутахассис оид ба масъалаҳои кафолати таъминоти иҷтимоӣ, Иващенко Олексей – сармутахассис оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғл иштирок доштанд.

14.02.2025 | 14:23 |
Хонда шуд 215 маротиб

Роҳбарият ва кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Неъмон Иноятов Раҳмонович, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, сахт андӯҳгин буда, ба наздикон ва пайвандони марҳум таъзияву тасаллиёт ва ҳамдардии амиқи худро баён менамоянд.

12.02.2025 | 15:29 |
Хонда шуд 216 маротиб

Бо мақсади таъмини амалисозии саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешаванд.

11.02.2025 | 13:08 |
Хонда шуд 259 маротиб

Герб
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

06.02.2025 | 15:10 |
Хонда шуд 274 маротиб

Санаи 5 феврали соли 2025 мутобиќи наќшаи гузаронидани нишасти матбуотї, ки дар асоси амри Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, дар бинои маъмурии Дастгоњи марказии Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон нишасти матбуотї баргузор гардид.

Дополнительная информация