Хабарҳои Агентӣ

Ҳамаи хабарҳо...

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007, №353

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои таъин намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 118 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои таъин ва пардохт намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (Замимаи 1).
2. Ҳайати Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин иамудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (Замимаи 2).
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 № 91 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 353
ш. Душанбе

Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2007 № 353
тасдиқ шудаанд

Қоидаҳои таъин ва пардохти нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 516, аз 1.08.2008 № 392, аз 02.11.2013, № 514)

I . Муқаррароти умумӣ

1. Нафақаҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин таъин карда мешаванд:
-ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки дар соҳаи фаъолияти давлатӣ хизматҳои бузург ва собиқаи бефосилаи кор дар хизмати давлатӣ (барои мардон 20 сол, барои занон 15 сол) дошта, бо мукофоти давлатӣ дар шакли орден, медал ё унвони фахрӣ сарфароз гардидаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 516);
- ба дорандагони мукофоти олӣ унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон";
- ба дорандагони орденҳои "Ситораи Президенти Тоҷикистон", "Зарринтоҷ", "Исмоили Сомонӣ";
- ба дорандагони як дараҷаи орденҳои дар боло зикргардида, ордени "Дўстӣ", "Спитамен", "Шараф" ва яке аз медалҳои "Хизмати шоиста", "Ҷасорат", "Шафқат" ва ё "Марзбони шуҷои Тоҷикистон";
- ба онҳое, ки дар соҳаи фаъолияти давлатӣ, хоҷагӣ ва ҷамъиятӣ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, санъат ва варзиш хизматҳои бузургдошта, бо унвонҳои фахрии "Нависандаи (шоир)-и халқии Тоҷикистон", "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон", "Ҳофизи халқии Тоҷикистон", "Рассоми халқии Тоҷикистон", "Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон", "Арбоби ҳунари Тоҷикистон", "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон", "Корманди шоистаи Тоҷикистон", "Донори ифтихории Тоҷикистон" мукофотонида шуда бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 516);
-ба онҳое, ки дар соҳаи фаъолияти хоҷагӣ, ҷамъиятӣ, илм, техника, адабиёт, санъат ва варзиш хизматҳои бузург дошта, бо унвонҳои фахрии Иттиҳоди Шўравӣ (ИҶШС), РСС Тоҷикистон, (халқӣ, хизматнишондода), мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шўравӣ (ИҶШС) ва РСС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 516);
- ба Қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ ва меҳнати сотсиалистӣ, дорандагони орденҳо ва медалҳои Иттиҳоди Шўравӣ (ИҶШС), Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ИҶШС, Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, инчунин лауреатҳои мукофотҳои ленинӣ ва давлатии ИҶШС, лауреатҳои мукофотҳои давлатии РСС Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 516);
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ки бо орден ва медалҳо барои корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ мукофотонида шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 516).
Муайян намудани дараҷаи хизмат, ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андозаи он ба салоҳияти Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

II. Шартҳо ва тартиби таъин намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардон аз синни 63 -солагӣ ва барои занҳо аз синни 58 - солагӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" нафақа таъин карда шудааст, муқаррар карда мешавад. Шахсоне, ки дар як вақт барои гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус ва иловапулиҳо бо нафақаи таъингардида аз рўи мукофотҳои давлатӣ ҳуқуқ доранд, яке аз онҳоро интихоб менамоянд.
Андозаи нафақаҳо вобаста ба хизматҳои шахс ва дараҷаи аз даст додани қобилияти корияш, аз ҷоииби Комиссия метавонад аз 3 то 6 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо нигоҳ доштани иловапулиҳо ва баландшавии нафақаҳо, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин карда шудааст, зиёд карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 392).
3. Дархостҳо дар бораи муқаррар намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, мақомоти идораи ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, иттифоқи эҷодии Тоҷикистон ва Шўрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 516).
Ба дархост бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
- нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хизматҳои махсуси шахсе, ки барои ў нафақа дархост мешавад;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо, ки ташкилоти дархосткунанда тасдиқ кардааст ва тарҷумаи ҳоли ин шахс;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи музди меҳнат;
- маълумотнома дар бораи андозаи нафақаи меҳнатӣ аз рўи синну сол (маъюбӣ, барои хизмати дарозмуддат), ки шахси мазкур мегирад ё ҳуқуқи гирифтан дорад, бо нишон додани андозаи музди меҳнате, ки аз рўи он нафақа ҳисоб карда шудааст;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат бо нишон додани нонхўрон;
- маълумотномаи хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар бораи маъюбӣ (барои шахсе, ки аз рўи маъюбӣ ба нафақа мебарояд);
- ду дона сурат (андозаи 3- 4)
4. Дархост оид ба таъин намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссия дар мўҳлати на камтар аз се мох, пас аз рўзи расидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ баррасӣ мегардад. Қарори Комиссия дар бораи таъин намудани нафақа ё рад гардидани таъини он ниҳоӣ буда, на дертар аз 10 рўз пас аз қабулаш ба маълумоти ташкилоте, ки дархост пешниҳод кардааст, расонида мешавад. Дар сурати ба даст омадани маълумоти нав дар бораи хизматҳои шахсе, ки барояш нафақа дархост шуда буд, қарор дар бораи рад гардидани таъини нафақа метавонад аз тарафи Комиссия баррасӣ карда шавад.


5. Қарорҳои Комиссия дар бораи таъин ва зиёд намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи котиби Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани нафақаҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба расмият дароварда мешавад.
6. Нафақаҳое, ки барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, ҳангоми таљйир ёфтани нишондиҳанда барои ҳисобҳоаз тарафи мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозҳисобӣ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 392).
7. Ба шахсоне, ки нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои нафақа медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2013, № 514).
8. Маҳрумкунии нафақахўр аз нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати содир намудани ҷиноят ё дидаву дониста пешниҳод кардани маълумоти нодуруст, ки дар асоси онҳо нафақа таъин гардида аст, метавонад бо қарори мақоме, ки ин нафақаро таъин намуда буд, сурат гирад.

III. Тартиби пардохти нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақахўроне, ки кор мекунанд, сарфи назар аз андозаи маоши (даромади) мегирифтаашон, пурра пардохт карда мешавад.
10. Дар сурати вафоти шахсе, ки барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа мегирифт, ба оилаи ў, ки камбизоат мебошад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмакпулӣ барои дафн дода мешавад. Агар нафақахўрро шахсони аъзои оилаи ў набуда дафн карда бошанд, кўмакпулии мазкур ба онҳо дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 392, аз 02.11.2013, № 514).
11. Маблаљҳои ҳисобкардашудаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нафақахўрон бо ин ё он сабаб дар вақташ нагирифтаанд, барои давраи на бештар аз се соли пеш аз муроҷиат намудан барои гирифтани он пардохт карда мешаванд.
Маблаљҳои ин нафақа, ки нафақахўрон дар вақташ бо гуноҳи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа нагирифтаанд, барои давраи гузашта бе маҳдуд намудани мўҳлат пардохт карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2013, № 514).
12. Ба шахсоне, ки нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранду дар хона-интернатҳо (пансионатҳо, марказҳои ҳудудӣ) барои пиронсолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд, фарқи байни нафақаи таъингардида ва арзиши нигоҳдорӣ дар хона-интернат, вале на камтар аз 25 фоизи нафақаҳои барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта карда мешавад.
Агар дар таъминоти нафақахўри дар хона-интернат барои пиронсолону маъюбон истиқоматкунанда аъзои корношоями оила бошанд, барои як аъзои оила -25 фоиз, ду -33 фоиз, се ва зиёда аз он -50 фоизи нафақаи муқарраргардида дода мешавад. Дар ин маврид маблаљ дар байни онҳо баробар тақсим карда мешавад. Қисми боқимондаи нафақа љайр аз нигоҳ доштани арзиши нигоҳубин дар хона-интернат, вале на камтар аз 25 фоизи нафақаи муқарраргардида ба худи нафақахўр дода мешавад.
12. Ба гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати ба хориҷа барои истиқомати доимӣ рафтан, нафақаи 6 моҳи он пешакӣ пардохт карда мешавад.
IV. Имтиёзҳо барои шахсоне, ки ба онҳо нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд
14. Нафақахўроне, ки барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа мегиранд ва аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, 50 фоизи маблаљи истифодаи гармӣ, об ва канализатсияро пардохт менамоянд.
15. Шахсоне, ки барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа мегиранд ва он аъзои оилаашон, ки дар таъминоти онҳо мебошанд, ҳуқуқи гирифтани ёрии ройгонӣ тиббӣ ва гузоштани ҳамаи намудҳои протезҳоро (ба љайр аз протезҳо аз металлҳои қиматбаҳо) дар муассисаҳои тандурустие, ки дар давраи кор (хизмат) ба онҳо хизмат мерасонанд, доранд.
16. Ба шахсоне, ки нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ соле як маротиба дар нақлиёти роҳи оҳан, дар ноҳияҳое, ки нақлиёти роҳи оҳан надоранд дар нақлиёти хавоӣ ва инчунин дар ҳудуди ноҳияи маъмурӣ ба таври доимӣ дар нақлиёти автомобилии (автобус, троллейбус,) наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ бо пешниҳоди дафтарчаи нафақа бепул рафту омад кунанд.
17. Ба шахсоне, ки нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд, дар ду сол як маротиба, дар асоси хулосаи муассисаи табобатӣ ба санатория ё истироҳатгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхати бепул дода мешавад. Бо хоҳиши нафақахўр ба ивази роҳхат ба ў ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо кўмакпулӣ дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2008 № 392).
18. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкуршаҳодатномаи нафақа мебошад.
19. Тамоми хароҷоти пардохти нафақаҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблаљҳои аз андозаи нафақаҳо аз рўи синну сол (аз рўи маъюбӣ, барои хизмати дарозмуддат) зиёдбуда ва додани имтиёзҳо аз ҳисоби маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.

Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2007 № 353
тасдиқ шудааст

Ҳайати Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани нафақаҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Комиссия;
Котиби масъули Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои комиссия:
- Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
- Мудири Шўъбаи шуљл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
- Раиси Шўрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 29.06.1993, №312

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

«Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсони мазкуре, ки парасторашонро аз даст додаанд»
(дар таҳрири қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 сол №279 ва аз 25.10.2003 сол №482)

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсоне мазкуре, парасторашонро аз даст додаанд, Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати воҳидҳои низомӣ шомиланд, шахсони дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккарда ҳисоб меёбанд.
2. Шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок кардаанд, ба имтиёзҳои дар қонунгузори ҷорӣ барои иштирокчиёни ҷанг пешбинишуда, (ба  истиснои  имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ) ҳуқуқ доранд.
3. Иштирокчиёни воҳидҳои низомӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб шудаанд, ба имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ барои маъюбони ҷанг пешбинишуда ҳуқуқ доранд.
4. Аъзои оила шахси ҳалокгардида ё дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшави ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида ба имтиёзҳое, ки дар қонунгузории ҷорӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳангоми адои вазифаи хизмати ҳалокгардида пешбинӣ шудаанд (ба  истиснои  имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ), ҳуқуқ доранд.
5. Иштирокчиёни воҳидҳои низоми, ки маъюб ё ҳалок гардидаанд ё ин ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо мувофиқи тартибу шартҳои бо қонунгузории ҷорӣ барои хизматчиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинишуда ба таъминоти нафақавӣ ҳуқуқ доранд.
6. Кумитаҳои иҷроияи Шўрои депутатҳои ҳалқ то 10 июли соли 1993 таҳти роҳбарии ҷонишинон раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо барои тартиб ва тасдиқ намудани рўйхати шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати воҳидҳои низомӣ дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок карданд, комиссияҳоеро, ки ба ҳайати онҳо командирони саҳроии воҳидҳои низомии минтақаи дахлдор ё намояндагони мақомоти молия, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ комиссаратҳои ҳарбӣ дохил мешаванд, таъсис диҳанд.
7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- муайян намудани гурўҳи маъюбии иштироккунандагони воҳидҳои низомиро, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия, маибшавӣ дар вақти амалиётҳои мусаллаҳона, ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб гаштаанд, таъмин намояд:
- шахсони дар натиҷаи сабабҳои мазкур маъюбгашта ва аъзои оилаҳои шахсони мазкурро барои ба онҳо пешкаш намудани имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ пешбинишуда ба қайд гиранд;
- таъин ва пардохти нафақаро мувофиқи тартиб ва дар асоси шартҳои барои хизматчиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинишуда, таъмин намояд;
- додани шаҳодатномаҳои ҳуқуқи имтиёзҳо ва иштирокчиёни воҳидҳои низомӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия, маъюбшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб шудаанд, таъмин намояд;
- бо иштироки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 августи соли 1993 дастуруламали ба кор бурдани қарори мазкурро таҳия намояд.
8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои намуди ягонаи иштрокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, онҳоро тавассути комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ, ҷои истиқомати шахсони мазкур мувофиқи рўйхате, ки комиссия тартиб додааст, диҳад.
9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблаѓи заруриро дарьёфт намуда, бопултаъминкунии имтиёз ва таъминоти нафақаи муқарраршударо мувофиқи қарори мазкур аз ҳисоби маблаѓҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ таъмин намояд.
10. Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо иштирокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машѓуланд, ҳаматарафа мусоидат намоянд.
11. Ба муҳокимаи Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи фармон дар бораи ба иштирокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манзил ва амволи рўзгорро аз даст додаанд, додани кредити имтиёзнок барои сохтмон, хариди хонаи истиқомати, иморатҳои рўи ҳавлӣ, барқарор намудани биноҳои вайронгашта, ба даст овардани амволи рўзѓор, чорво ва дигар мақсадҳо ба маблаѓи 120 ҳазор сўм ба мўҳлати 20 сол, бо бозгашти кредит аз соли чоруми он, муайян карда шавад.

 Раиси Шўрои Вазирони
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 А. Абдуллоҷонов

    Мудирияти корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Р. Мирзоев
       ш. Душанбе
аз 29 июни соли 1993 № 312

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008, №665

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва ташкили пардохти андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Аз якуми январи соли 2009 воҳидҳои кории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 воҳид зиёд карда шуда, хароҷоти нигаҳдории ин воҳидҳо дар доираи маблағҳои барои нигаҳдории Агентӣ пешбинигардида анҷом дода шаванд.
3. Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда аз 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дода шаванд.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 103 "Дар бораи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 қарор рақами "320" ба рақами "390" иваз карда шавад.
Дар Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сархати нави дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
-"Раёсати таъин ва пардохти андўхти нафақавии инфиродӣ".

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 665
ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2008 № 665
тасдиқ шудааст

Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда
1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиботи зеринро муқаррар менамояд:
- муроҷиати шахсони суғурташуда ва ворисони шахсони суғурташудаи фавтида барои гирифтани маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар қисми махсуси ҳисобномаҳои инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) ба ҳисоб гирифта шудаанд;
- ҳисобӣ ва индексатсияи маблағҳои андўхти нафақавӣ, муқаррар намудани маблағҳои пардохт, мўҳлат ва давраҳои амалӣ намудани пардохт;
- интиқол, таъин ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ.
2.Меъёрҳоеро, ки Қоидаҳои мазкур нисбати кормандони кироя муқаррар намудааст, барои шахсони ба шуғли инфиродӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда дар як сатҳ истифода мешаванд.
3.Ҳуқуқи гирифтани маблағҳоро аз ҳисобномаҳои инфиродӣ шахсони суғурташудаи зерин доранд:
а) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) шаҳрвандони хориҷӣ;
в) шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони дар зербандҳои а, б, в-и ҳамин банд нишондодашуда, ки барои сукунати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада (кўчида) рафтаанд.
4.Ба шаҳрвандоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи гирифтани маблағҳои андўхти нафақавиро доранд, барасмиятдарории интиқол ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар як вақт амалӣ мегарданд.
5.Гузаштани ҳуқуқи моликият ба маблағҳои андўхти нафакавӣ аз шахси суғурташуда ба як шахс ва ё шахсони дигарро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
6.Андоза, давра ва мўҳлатҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муқаррар мекунад.
7.Агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ба шахсони дар банди 3. Қоидаҳои мазкур қайдгардида пешбинӣ намуда бошанд, дар ин маврид муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор мешаванд.

2. Мафҳумҳои асосӣ

8. Дар ҳамин Қоидаҳо мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- шахси суғурташуда - шахси воқеӣ, ки ба фоидаи ў суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад;
- ворисони ҳуқуқӣ - ворисони ҳуқуқӣ аз рўи ариза ва ворисони ҳуқуқӣ аз рўи қонун;
- ворисони ҳуқуқӣ аз рўи ариза - шахсоне, ки дар ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ нишон дода шудаанд;
- ворисони ҳуқуқӣ аз рўи қонун - хешовандони шахси фавтидаи суғурташуда, ки пардохти маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда ба онҳо, новобаста ба синну сол ва вазъи қобилияти корӣ бо риояи навбати зайл амалӣ мегардад:
а) дар навбати аввал - ба фарзандон, аз он ҷумла ба фарзандӣ хондашудагон, ҳамсар ва волидайн (ба фарзандӣ гирифтагон) (ворисони ҳуқуқӣ дар навбати аввал аз рўи қонун);
б) дар навбати дуюм - ба бародарон, хоҳарон, бобоён, модаркалонҳо ва набераҳо (ворисони ҳуқуқӣ дар навбати дуюм аз рўи қонун);
- ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ - аризаи шахси суғурташуда дар бораи муайян намудани шахсоне, ки ба онҳо дар мавриди вафоти ў ба онҳо маблағҳои андўхти нафақавӣ пардохт мегардад, дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ў баҳисобгирифташуда бояд амалӣ гардад;
- маблағҳои андўхти нафақавӣ - маблағҳои суғуртавии аз ҷониби шахсони суғурташуда дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ супоридашуда, инчунин даромадҳо аз ҳисоби маблағгузории онҳо, ки дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродӣ қайд гардидаанд;
- қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ - қарор дар мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташудаи фавтида дар бораи пардохти маблағҳо ба шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқии шахси суғурташудаи фавтида) тибқи шакли муқарраргардида;
- қарор дар бораи рад кардани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ - қарори мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомат дар бораи рад кардани аризаи муроҷиаткунанда оид ба пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ;
- сармояи нафақавӣ - маблағи умумии саҳмҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ пардохташуда, инчунин даромадҳо аз ҳисоби истифодаи онҳо;
- иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ - иловапулии муқарраргардида ба нафақаи меҳнатии таъиншуда.


3. Тартиби муроҷиати шахсони суғурташуда ва ворисони ҳуқуқӣ

9. Муроҷиати шахсони суғурташуда вобаста ба пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии захиравӣ метавонад бо роҳи додани ариза дар шакли тасдиқгардида аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ сурат гирад.
10. Ба ариза нусхаҳои асли ҳуҷҷатҳои зерин ё ҳуҷҷатхои шаҳодатдиҳанда, ки дар банди 13 ҳамин Қоидаҳо пешбинӣ шудаанд, замима мегардад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, синну сол, ҷойи истиқомат (шиноснома);
- шаҳодномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- маълумот дар бораи ҳисобномаи инфиродии нафақагир, дар мавриде, ки муроҷиат барои дарёфти пардохти андўхти нафақавӣ баъди таъин карда шудани нафақаи давлатӣ (аз рўи синну сол ё аз рўи маъюбӣ) сурат гирифта бошад.
11. Ариза дар бораи пардохти андўхти нафақавӣ метавонад баъди пайдо шудани ҳуқуқ ба гирифтани маблағҳои андўхти нафақавй мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар муддати як сол пешниҳод гардад.
12. Мўҳлати муроҷиат метавонад, бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ бо тартиби судӣ аз рўи аризаи шахси суғурташудае, ки (вориси ҳуқуқии) мўҳлатро гузаронидааст, барқарор гардад.
13. Шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) метавонанд ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ба мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ шахсан ё бо тарзи дигар пешниҳод намоянд. Дар ҳолати охир нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо ирсол намегарданд ва шахсияти шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ), инчунин тасдиқи эътимодияти ҳуҷҷатҳо ва санҷиши ҳақиқӣ будани имзои шахси суғурташуда (вориси хуқуқӣ) дар аризаи барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ бо чунин воситаҳо муқаррар мегардад:
- нотариус ё шахси дигар бо тартибе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
- шахсони мансабдори муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шахси суғурташуда дар хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад.
Ирсоли ариза ва ҳуҷҷатҳо бо почта бояд тарзе сурат гирад, ки он ба тасдиқи далел ва санаи ирсол имкон диҳад.
14. Шахсони суғурташуда ҳуқуқ доранд, ки доираи шахсонеро, ки дар мавриди фавти ў ба онҳо пардохти маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ў ба қайд гирифташуда амалӣ мегардад, бо пешниҳоди ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ муайян кунад.
15. Муроҷиати ворисони хуқуқӣ барои гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ то гузаштани шаш моҳ баъди фавти шахси суғурташуда бо роҳи пешниҳоди ариза ба мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии дилхоҳ сурат мегирад.
16. Дар мавриди муроҷиати вориси ҳуқуқӣ барои дарёфти маблағҳои андўхти нафақавӣ, бояд нусхаҳои асл ё нусхаҳои тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳои зерин бо тартиби дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пешниҳод карда шаванд:
- хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, синну сол ва ҷойи истиқомати вориси ҳуқуқӣ;
- шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоии шахси суғурташудаи фавтида;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатҳои намояндаи қонунии (ба фарзандхонда, вориси васиятдошта, парастор) вориси ҳуқуқӣ - барои намояндагони қонунии вориси ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи алоқаҳои хешутаборӣ бо шахси суғурташудаи фавтида (шаҳодатнома дар бораи таваллуд, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатнома дар бораи фарзандхонӣ, дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ бо шахси суғурташудаи фавтида)барои ворисони ҳуқуқӣ аз рўи қонун;
- ҳуҷҷатҳое, ки ваколатҳои намояндаи вориси ҳуқуқиро барои пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ ба таври нотариалӣ тасдиқ менамояд, инчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз номи вориси ҳуқуқӣ барои намояндагони вориси ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷозати пешакии мақомоти васоят ва парасторӣ дар бораи дасткашӣ аз гирифтани ҳақи ба вориси ҳуқуқӣ дахлдоштаи маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташудаи фавтида бақайдгирифташуда, - барои намояндагони қонунии ворис дар вақти пешниҳоди ариза дар бораи даст кашидан аз гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ;
- қарори суд оид ба барқарор кардани мўҳлати пешниҳоди ариза барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ барои ворисони ҳуқуқӣ, ки бо тартиби судӣ мўҳлати пешниҳоди аризаро барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ барқарор кардаанд;
- қарори мақоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар бораи муайян намудани ҳиссаи вориси ҳуқуқӣ;
- шаҳодатнома дар бораи вафоти шахси суғурташуда.
17. Ворисони ҳуқуқӣ чунин ҳуқуқҳоро доранд:
- тамоми маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда барои давраи дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ў қайдгардида, дар сурате, ки фавти шахси суғурташуда то таъини иловапулиҳо ба нафақаи меҳнатӣ ё кўмакпулии яквақта рост омада бошад;
- бақияи маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташударо ки ба сармояи нафақавӣ бо касри пардохтҳои амалигардидаи дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродӣ қайдшуда баробар мебошад, ба даст оранд дар сурате, ки фавти шахси суғурташуда баъди таъин ва пардохт ҳармоҳаи иловапулиҳо ба нафақаи меҳнатӣ рост омада бошад.
18. Ворисони ҳуқуқӣ дар сурати баъди пардохти якдафъаинаи маблағҳои андўхти нафақавӣ фавтидани шахси суғурташуда, ҳуқуқи гирифтани маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташударо аз даст медиҳанд.
19. Аризаро шўъбаи ноҳиявии (шаҳрии) суғуртаи иҷтимоӣ ба қайд мегирад. Дар вақти қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои замимагардида, пуррагӣ ва саҳеҳии маълумоти дар ариза дарҷёфта санҷида мешавад.
20. Санаи бақайдгирии ариза рўзи ба шўъбаи ноҳиявии (шаҳрии) суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод гардидани тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) барои гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ маҳсуб меёбад.
21. Мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ дар давоми панҷ рўзи корӣ баъд аз қабул кардани ариза дар бораи пардохти маблағи андўхти нафақавӣ ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- дурустии таҳияи ариза ва мутобиқати маълумоти дар он дарҷгардидаро бо ҳуҷҷатҳои манзургардида месанҷад;
- аризаро дар ҳолати пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 10 ва 16 зикргардидаи ҳамин Қоидаҳо ё ошкор шудани номутобиқатӣ дар байни маълумоти дар ариза дарҷёфта бо маълумоти ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, инчунин дар ҳолати вайрон намудани талаботи Қоидаҳои номбурда бармегардонад;
- ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаро нусхабардорӣ карда, нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳоро ба шахси суғурташудаи муроҷиатнамуда бармегардонад;
- аризаро ба қайд мегирад ва дар хусуси ба қайд гирифта шудани аризаи шахси суғурташуда дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ забонхат-огоҳнома медиҳад (ирсол менамояд).
22. Шўъбаи ноҳиявии (шаҳрии) суғуртаи иҷтимоӣ дар муддати бист рўзи кории баъди қабули ариза, нусхаи қарорро дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ медиҳад.
23. Дар ҳолати рад карда шудани пардохти маблағҳо, шўъбаи ноҳиявии (шаҳрии) суғуртаи иҷтимоӣ дар давоми се рўзи баъди қабул ва бақайдгирии ариза ба муроҷиаткунанда қарорро дар хусуси рад карда шудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ бо дарҷи сабаби радшавӣ ва имконоти баён намудани эътироз ирсол менамояд (медиҳад).
24. Баргардонидани ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он иловагардида тарзе сурат мегирад, ки далел ва санаи баргардонидан тасдиқ гарданд. Дар вақти баргардонидани ариза ва ҳуҷҷатҳо сабабҳои баргардонидан нишон дода мешаванд ва тавзеҳоти зарурӣ дода мешавад.
25. Мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ нусхаи қарори тасдиқшударо тибқи тартиби муқарраргардида дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба муассисае, ки хизматрасонӣ ва пардохти воқеиро дар ҷойи истиқомати шахси суғурташуда ба амал мебарорад, ирсол менамояд.


4. Тартиби дида баромадани аризаҳои шахсони суғурташуда

26. Мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) дар мўҳлати на дертар аз рўзи охирини кории моҳи баъди моҳе, ки дар он мўҳлати барои бо ариза ҷиҳати пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муроҷиат намудани шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) ба охир расидааст:
- тафтиши мутобиқати шахсонеро, ки ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ пешниҳод намудаанд, таъмин мекунад;
- ҳиссаи ворисони ҳуқуқӣ аз рўи аризаро дар мувофиқа бо ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ муайян мекунад ё ҳиссаи баробарро муқаррар менамояд, агар дар ариза ворисони ҳуқуқӣ қайд гардида бошанду ҳиссаи онҳо номуайян бошад;
- ҳиссаи баробарро барои ворисон аз рўи қонун муқаррар мекунад, ва дар ҳолати аз ҷониби ворис аз рўи қонун ворид гардидани пешниҳод дар хусуси даст кашидан аз гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ ҳиссаи ба ў тааллуқдоштаро дар байни ворисони ҳуқуқӣ баробар тақсим менамояд;
- маҷмўи маблағҳои андўхти нафақавии шахси суғурташударо, (шахси суғурташудаи фавтида), ки дар байни ворисон тақсим мешаванд, бо назардошти ҷамъи маблағҳои андўхти нафақавӣ муайян мекунад;
- ҳисобу китоби ҷамъи маблағҳои андўхти нафақавиро, ки тибқи бандҳои 33 ва 34 ҳамин Қоидаҳо ба шахси суғурташуда пардохт мегарданд, ба амал мебарорад;
- маҷмўи маблағҳои андўхти нафақавиро, ки дар мавриди ҷой доштани асоси воқеӣ ба фонди эҳтиётии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ гузаронида мешаванд, муқаррар мекунад;
- қарорро дар бораи пардохт кардан ё рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар мавриди ҷой доштани асоси воқеии дар банди 28 нишондодашуда қабул менамояд.
27. Ариза барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он ҳамроҳгардида, ки мўҳлати он ба тартиби судӣ барқарор гардидааст, аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳалли истиқомати шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) бо тартиби дар ин Қоидаҳо пешбинишуда дар давоми даҳ рўзи баъди ворид гардидани он баррасӣ карда мешавад. Аз рўи натиҷаҳои баррасӣ қарор дар бораи пардохт ё радкунии пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ қабул карда мешавад.
28. Мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ қарорро дар бораи рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар ҳолатҳои зерин қабул мекунад:
а) ҳисобнома барои шахси суғурташуда кушода нашудааст;
б) шахси суғурташуда саҳмҳои суғуртавиро пардохт накардааст;
в) маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахси суғурташуда пардохт карда шудаанд;
г) маблағҳо аз сабаби даст кашидани шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) ба фонди захиравӣ гузаронида шудаанд;
д) андўхти нафақавӣ тибқи аризаи шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст;
е) шахсони бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муроҷиатнамуда ворисони ҳуқуқии шахси суғурташуда намебошанд;
ж) ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ворисони навбати дуюм дар сурати мавҷуд будани ворисони ҳуқуқии якум пешниҳод кардаанд;
з) ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ баъди ба охир расидани мўҳлати муқарраргардида бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муроҷиат намудан муқарраргардида (бо истиснои ҳолатҳое, ки мўҳлати номбурда бо тартиби судӣ барқарор гардидааст) пешниҳод карда шудааст;
и) ба ворисони ҳуқуқӣ бо қарори суд маблағ дар ҳаҷми баробар ё бештар аз маҷмўи маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки тибқи ҳамин Қоидаҳо ба онҳо муқаррар гардида буданд, пардохт гардидааст.
29. Нусхаи қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст, дар мўҳлати на дертар аз 5 рўзи кории баъди қабули қарор аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташуда тарзе ба шахси суғуртагардида ирсол мегардад, ки имкони тасдиқи далел ва санаи фиристонида шудани он мавҷуд бошад.
30. Пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда дар ҳаҷми тибқи қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муқарраргардида аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташуда на дертар аз рўзи 10-уми моҳи баъди моҳе, ки дар он қарори дахлдор қабул шудааст, амалӣ мегардад.
31. Маълумот дар бораи шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) ва ба ў пардохт гардидани қисми маблағҳои андўхти нафақавӣ дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) инъикос карда мешавад.
32. Нигоҳдории аризаҳо, ҳуҷҷатҳо ва қарорҳое, ки ин Қоидаҳо пешбинӣ менамоянд, мутобиқи тартибе, ки барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва парвандаҳои нафақавӣ муқаррар гардидааст, сурат мегирад.

5. Муайян намудани андозаи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ

33. Андозаи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, бо назардошти маблағи умумии андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда қайдгардида муайян карда мешавад ва он аз собиқаи суғуртавӣ, пардохти воқеии саҳми суғуртавӣ ва даромадҳои аз маблағгузории он бадастомада вобаста мебошад.
34. Сармояи нафақавӣ ҳар сол аз рўи натиҷаҳои соли андозӣ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
S = (1 + k)(So + w) - Р(12 + 6,5k) 0<K< ин дар>
S - маблағи умумии андўхти нафақавӣ (сармояи нафақавӣ) ба ҳолати охири соли андозӣ;
So - маблағи умумии андўхти нафақавӣ (сармояи нафақавӣ) ба ҳолати ибтидои соли андозӣ;
w - саҳмҳои пардохтшудаи суғуртавӣ барои соли ҷории андозӣ;
k - коэффитсиенти даромаднокӣ аз ҷобаҷогузории андухти нафақавӣ дар соли дахлдор;
Р - андозаи иловапулиҳои ҳармоҳа ба нафақаи меҳнатии дар соли андозӣ пардохташаванда;
35. Иловапулии ҳармоҳа ба нафақаи меҳнатии барои ҳар як сол муқарраршаванда бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
SР= ------- T-12m    дар ин ҷо:
Р - иловапулии ҳармоҳа ба нафақаи меҳнатӣ;
Т - давраи инфиродии пардохти пешбинишаванда дар моҳҳо; m-теъдоди солҳое, ки тайи онҳо иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ пардохт карда шудааст.
36. Давраи инфиродии пардохти пешбинишаванда (давраи бақияи умр) дар асоси нишондиҳандаҳои расмии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
37. Коэффитсиенти индексатсияи андўхти нафақавӣ ҳар сол аз ҷониби мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ аз рўи натиҷаҳои маблағгузориҳои сармояи нафақавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.
38. Муқаррар кардани андозаҳои ҳадди ақал ва ниҳоӣ аз маблағҳои андўхти нафақавӣ пешбинӣ намегардад.

6. Тартиби пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ

39. Пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар асоси қарори мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ, тавассути маблағҳои ғайринақдӣ сурат мегирад.
40. Дар ҳолате, ки сармояи нафақавии мутобиқи банди 5.3 Қоидаҳои мазкур ҳисобишуда аз 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар рўзи пайдо намудани ҳуқуқ ба гирифтани маблағҳо кам бошад, пас тамоми маблағҳои андўхти нафақавии захирашуда дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) пардохт карда мешаванд.


41. Пардохти яквақтаи маблағҳои андўхти нафақавӣ дар асоси қарор бо роҳи гузаронидани маблағҳо ба суратҳисобе (амонат) сурат мегирад, ки дар бораи он шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) маълумот додааст.
42. Баъди пардохти яквақтаи маблағи андўхти нафақавӣ, шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) ҳуқуқи ба нафақаи меҳнатӣ муқаррар намудани иловапулиҳоро гум мекунад, ҳамзамон ҳисобномаи шахси суғурташуда баста мешавад.
43. Дар ҳолате, ки сармояи нафақавӣ дар рўзи пайдо намудани ҳуқуқ ба гирифтани маблағҳо аз 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад, ба шахси суғурташуда ҳар сол мутобиқи банди 35 ҳамин Қоидаҳо иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
44. Ба шаҳрвандоне, ки дар банди 2 ҳамин Қоидаҳо нишон дода шудаанд, иловапулиҳо аз ҳисобномаи захиравӣ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешаванд.
45. Пардохти иловапулиҳо ба нафақаи меҳнатӣ бо тартиботи умумӣ, ки барои пардохти нафақаҳои меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, сурат мегирад.

7. Тартиби интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

46. Шаҳрвандоне, ки барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтаанд, тибқи ариза маблағҳои андўхти нафақавии онҳо ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.
47. Ариза дар бораи интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли муқаррагардида ба мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад. Ба ариза ҳуҷҷатҳое, ки ҷойи истиқомати доимии шаҳрвандро дар хориҷи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, инчунин маълумотнома дар бораи санаи рафтан барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз як давлат ба давлати дигар кўчидан) ҳамроҳ карда мешавад. Ҳуҷҷате, ки ҷойи истиқомати доимии шаҳрвандро дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулгарӣ ё мақомоти салоҳиятдори (шахси мансабдори) давлати хориҷӣ, маълумотнома дар бораи санаи баромада рафтанро намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
48. Мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар асоси аризаи шаҳрванд ва ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 10 ҳамин Қоидаҳо нишон дода шудаанд, ҷиҳати ташкили интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ, аз шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумотро дар бораи парвандаи нафақаи шаҳрванд дархост менамояд.
49. Шўъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рўи дархости мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоӣ маълумотномаро дар бораи парвандаи нафақавӣ дар ду нусха тартиб медиҳад, ки яке аз онҳо ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ирсол карда мешавад. Нусхаи дуюми маълумотнома ва дархост якҷоя бо парвандаи нафақавӣ дар бойгонии парвандаҳои амалкунандаҳои нафақавӣ маҳфуз дошта мешавад. Дар ҳолати нафақагир маҳсуб ёфтани шаҳрванд, парвандаи нафақавии ў маҳкам карда мешавад.
50. Баъди дастрас гардидани маълумот оид ба парвандаи нафақавии шаҳрванде, ки барои истиқомати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтааст (меравад), мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давоми бист рўз маблағҳои андўхти нафақавиро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ интиқол медиҳад.
51. Интиқоли маблағҳои андўхти нафақавии нафақахўр ба хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ пас, аз моҳе, ки шаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтааст, вале на пештар аз рўзе, ки пардохти нафақа бо асъори миллӣ амалӣ гардида бошад, бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби пардохти нафақаҳое, ки онҳоро нафақагир сари вақт нагирифтааст, оғоз меёбад.
52. Бозҳисобӣ, индексатсия, тасҳеҳи маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки бояд ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, мутобиқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қоидаҳо амалӣ мегарданд.
53. Мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ интиқоли маблағҳои андўхти нафақавии шаҳрвандро ба суратҳисоби бонкии ў ё дигар муассисаи молиявию қарзии давлати хориҷӣ, ки шаҳрванд дар он ҷо истиқомат мекунад, амалӣ менамояд, агар дар созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошанд.
54. Интиқоли маблағҳои андўхти нафақавӣ ба хориҷ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ аз рўи қурби асъори миллӣ, ки онро Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзи анҷом додани амалиёт муқаррар кардааст, сурат мегирад.

8. Таъин ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз фонди захиравии суғуртаи нафақавӣ

55. Маблағҳои андўхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) баҳисобгирифташуда ва аз саҳмҳои суғуртавии пардохташуда ташаккулёфта, инчунин фоидаи саҳмҳои суғуртавии маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки ҳамчун дивиденд муваққатан гузошта шудаанд, дар ҳолатҳои зерин ба ҳисоби фонди захиравии суғуртаи нафақавӣ гузаронида мешаванд:
а) зимни бо ариза даст кашидани шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) аз гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ, инчунин мавҷуд набудани аризаи шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ) дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ то ба охир расидани мўҳлате, ки барои муроҷиат бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ муқаррар карда шудааст.
б) қабул гардидани қарор дар бораи рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ нисбати тамоми шахсони муроҷиатнамуда;
в) бозгашти маблағҳои андўхти нафақавии ба шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ) тавассути муассисаҳои бонкӣ ё хадамоти алоқа гузаронидашуда ва аз ҷониби ў дар мўҳлати муқарраргардида талаб карда нашудани онҳо.
56. Пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз фонди захиравии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақомоти минтақавии суғуртаи иҷтимоии ҷойи истиқомати шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) дар ҳолате сурат мегирад, ки баъд аз бо тартиби судӣ барқарор гардидани мўҳлати муроҷиат бо ариза барои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахси суғурташуда (вориси ҳуқуқӣ), оиди андозаи (ҳиссаи) пардохт маблағҳои андўхти нафақавӣ қарор қабул карда шавад.
57. Барқарор намудани маблағҳои пардохташуда аз фонди захиравии нафақавӣ дар ҳолати қабул гардидани қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ нисбати шахси суғурташуда (ворисони ҳуқуқӣ), ки мўҳлати муроҷиат бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ба дигар ворисони ҳуқуқӣ бо тартиби судӣ барқарор гардидааст, аз ҳисоби ворисони ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.
58. Намунаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба амал баровардани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда ва ворисони ҳуқуқӣ аз ҳисобномаҳои инфиродиро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

9. Назорат ба пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ

59. Назорати дурустии таъинот ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) аз ҷониби сохторҳои аудити дохилии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ мегардад.
10. Ҳаллу фасли баҳсҳо ва тартиби пешниҳоди эътироз
60. Нисбати қарори мақомоти минтақавӣ дар бораи пардохт ё рад намудани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ, инчунин дар сурати ба миён омадани масъалаҳои баҳснок роҷеъ ба тартиби пардохт ва муқаррар намудани андозаи он, боздошти пардохтҳо, напардохтан ё қатъ намудани пардохтҳо ба мақомоти болоии суғуртаи иҷтимоӣ метавонад эътироз баён гардад. Дар мавриди қаноатманд нагардидан аз ҷавоби эътирознома, он метавонад барои баррасӣ ба суд пешниҳод гардад.
61. Тамоми баҳсҳои шаҳрвандию ҳуқуқии байни муассисаи суғурта, суғуртакунанда ва шахсони суғурташуда ва ворисони ҳуқуқии онҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншуда ё дарёфти ҳуқуқи моликият ба гирифтани маблағҳои андўхти нафақавӣ тибқи қарори суд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешаванд.

 

Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 3.02.1994, №60

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМІУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи номгўи ронандагони нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ки барои кори бо шароити махсуси меҳнат
алоқаманд буда, ба нафақаи имтиёзнок ҳақ доранд

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон"  Шўрои Вазирони  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Номгўи замимашудаи ронандагони нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ки барои кори бо шароити махсуси меҳнат алоқаманд буда, ба нафақаи имтиёзнок ҳақ доранд, тасдиқ карда шавад.

Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурин Тоҷикистон                                                                              А. Самадов


Мудири Корҳои Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Р. Мирзоев


аз 3 феврали соли 1994 №60
ш. Душанбе

Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 1994 № 60
тасдиқ шудааст

НОМГЎИ
ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ки барои кори бо шароити махсуси меҳнат алоқаманд буда,ба нафақаи имтиёзнок ҳақ доранд

1. Ронандаҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри (автобусҳо, троллейбусҳо).
2. Ронандаҳои нақлиёти боркаш, ки бо кашондани борҳои хоҷагии халқ ба ноҳияҳои баландкўҳ (бештар аз 2000 метр) машғуланд.

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2015, №551

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз 29 августи соли 2015, №551                                                 ш. Душанбе


Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

Мутобиқи моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
1. Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 29 декабри соли 2012, №772 «Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ»;
- аз 3 августи соли 2013, №362 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №772 «Дар бораи Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ».
3. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  5 ноябри соли 2014, №709 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шуда, бандҳои 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 мутаносибан бандҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.


              Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон
          Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 августи соли 2015, №551
 тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ
конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи қисми 3 моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таҳия гардида, тартиби арзёбӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурта-шударо дар асоси собиқаи кории то 1 январи соли 1999 бадастовардашуда, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян менамояд.
2. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ ба сармояи шартии нафақавӣ ва дохил намудани сармояи мазкур ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда нисбати он шаҳрвандоне амалӣ карда мешавад, ки то 1 январи соли 1992 дар қаламрави собиқ ИҶШС ва аз 1 январи соли 1992 то 1 январи соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудаанд.
3. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисти шахси суғурташуда ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи  фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 амалӣ карда мешавад.
4. Дар сурати пеш омадани зарурати муайян намудани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахсони суғурташуда оид ба собиқаи корӣ, кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа метавонанд дар корхона, муассиса ё ташкилоте, ки дурустии чунин ҳуҷҷатҳоро тасдиқ намудаанд, бо тартиби муайянгардида санҷиш бо тартиб додани санади мутақобила гузаронанд.
5. Хароҷот барои гузаронидани конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ  аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маблағгузорӣ карда мешаванд.

2. ТАРТИБИ ҲИСОБИ САРМОЯИ ШАРТИИ
НАФАҚАВӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯИ ҲУҚУҚҲОИ НАФАҚАВИИ ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА

6. Арзёбии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва конвертатсияи онҳо ба сармояи шартии нафақавӣ  дар асоси  шумораи моҳҳои пурраи собиқаи корӣ амалӣ карда мешавад.  
7. Шумораи моҳҳои собиқаи корие, ки барои арзёбии ҳуқуқҳои нафақавӣ ва ҳисоби сармояи шартии нафақавӣ пешниҳод мегарданд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатии шахсони суғурташуда муайян карда мешавад.
8. Ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда, ки ба ҳолати 1 январи соли 1999 тасдиқ шудаанд, ба маблағи 120 сомонӣ барои ҳар моҳи пурраи собиқаи корӣ арзёбӣ гардида, дар маҷмўъ ба сармояи шартии нафақавии ба ҳолати 1 январи соли 2013 муайянгардида илова карда мешавад.  
9. Ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда аз рўи формулаи зерин конвертатсия карда мешаванд:

СШНконвертатсия = 120 * n
Дар ин ҷо:
СШНконвертатсия – сармояи шартии нафақавие, ки дар натиҷаи конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташудаи то 1 январи соли 1999 муайянгардида ҳосил шудааст;
120 – ифодаи пулии ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташудаи то 1 январи соли 1999 ҳосилшуда бо сомонӣ барои ҳар як моҳи собиқаи корӣ;
n – шумораи моҳҳои собиқаи кории шахси суғурташуда то 1 январи соли 1999.
10. Маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоб кардан мутобиқи банди 9 Қоидаҳои мазкур ҳосил шудааст, бе тағйир ба қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 инъикос гардида, ба  сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда, ки ҳангоми таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ истифода мегардад, ҳамроҳ карда мешавад.

3. СОБИҚАИ КОРИИ КОНВЕРТАТСИЯШАВАНДА

11. Ба собиқаи кории шахсони суғурташуда, ки конвертатсия карда мешавад, давраи фаъолияти меҳнатии онҳо дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, колхозҳо, совхозҳо, кооперативҳо новобаста аз шакли моликияташон, инчунин корҳое, ки дар назди шахсони алоҳида анҷом додаанд, дохил мешавад.
12. Барои ҳисоб кардани собиқаи корӣ давраи воқеии кор аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999, ки бо натиҷаи зиёдшавӣ ҳисоб карда шудааст, ба назар гирифта мешавад. Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи кории умумӣ моҳе, ки кор дар он аз 15 рўз зиёд мебошад, ҳамчун моҳи пурраи собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад ва моҳе, ки давомнокии кор дар он аз 15 рўз кам мебошад, ба назар гирифта намешавад.
13. Ҳуҷҷати асосие, ки собиқаи кории шахси суғурташударо то 1 январи соли 1999 тасдиқ менамояд, дафтарчаи меҳнатӣ мебошад.
14. Қайдҳо ба дафтарчаи меҳнатӣ бояд бо тартиби пешбининамудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешбурди он дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар лаҳзаи пур кардан ворид карда шаванд.
15. Дар ҳолате, ки агар қайдҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои амалкунанда  мувофиқат накунанд, масъалаи ба инобат гирифтани собиқаи корӣ барои таъини нафақаи шахси суғурташуда аз ҷониби мақомоти судӣ ҳал карда мешавад. 


4. ДАВРАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИЕ, КИ БО
АСОСҲОИ ДИГАР ТАСДИҚ ГАРДИДА, БА СОБИҚАИ КОРӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ ДОХИЛ КАРДА МЕШАВАНД

16. Дар ҳолати мавҷуд набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дар дафтарчаи меҳнатӣ набудани қайдҳои зарурӣ ё мавҷуд будани қайдҳои нодуруст оид ба давраҳои кор, барои тасдиқи собиқаи корӣ маълумотномаҳо, нусха ва иқтибос аз фармонҳо, суратҳисобҳои инфиродӣ, ведомостҳои пардохти музди меҳнат,  шартномаҳо ва созишномаҳои меҳнатии хаттӣ бо қайди иҷроиши онҳо қабул карда мешаванд.
17. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикргардида, барои тасдиқи собиқаи корӣ билетҳои аъзои мақомоти ҳизбӣ, иттифоқи касабавӣ ва кооперативӣ бо қайд оид ба пардохти аъзоҳаққӣ аз музди меҳнат ё стипендия қабул карда мешаванд.
18. Фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи синамогарон, Иттифоқи кормандони театр, инчунин адибоне, ки аъзои Иттифоқи нависандагон намебошанд, вале аъзои иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг буда, кумитаҳои касбии адибон онҳоро муттаҳид месозанд, бо маълумотномаи (иқтибос аз қарори) котиботи раёсатҳои иттифоқҳои эҷодии собиқ ИҶШС, ҷумҳуриҳои Иттиҳод ё Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқаррар намудани собиқаи эҷодӣ тасдиқ карда мешавад.
 19. Фаъолияти эҷодии рассомоне, ки аъзои Иттифоқи рассомон нестанд, вале аъзои иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг мебошанд ва муносибат бо онҳо бо шартномаҳо оид ба фармоиши бадеӣ ба танзим дароварда мешавад, бо маълумотномаҳои президиуми раёсати Фонди бадеии собиқ ИҶШС, ҷумҳуриҳои Иттиҳод ё Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
20. Барои ба собиқаи корӣ дохил намудани давраи хизмати ҳарбӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти амнияти давлатӣ ва дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунанда қабул карда мешаванд:
- билети ҳарбӣ;
- маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва зерсохторҳои вазоратҳои мудофиаи собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти болоии амнияти давлатии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоии сохторҳои ҳарбикунонидашуда;
- маълумотномаҳои муссисаҳои бойгонӣ ва табобатии ҳарбӣ.
21. Хизмати ҳарбӣ дар давраи амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ ба собиқаи корӣ дар асоси маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
22. Собиқаи корӣ дар давраи хизмат дар мақомоти корҳои дохилии собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди он дар дафтарчаи меҳнатӣ тасдиқ мегардад. Дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ, собиқаи мазкур бо маълумотномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
23. Давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва касбии техникӣ, аспирантура, докторантура, ординатураи клиникӣ ва курсҳои такмили ихтисосу бозомўзӣ бо дипломҳо, шаҳодатномаҳо, сертификатҳо ва маълумотномаҳои бойгонии давлатӣ тасдиқ мегарданд.
24. Давраи нигоҳубини шахси маъюби гурўҳи якум, кўдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли аз 80-сола боло, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад,  дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ мешавад:
- санади мақоми ваколатдори давлатии маҳаллӣ оид ба санҷиши воқеияти амали нигоҳубини шахси эҳтиёҷманд;
- нусхаи маълумотномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муқаррар намудани гурўҳи маъюбӣ ба шахси ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли шахси ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта (маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола, пиронсоли аз 80-сола боло).
25. Давраи нигоҳубини кўдакони то синни 3-сола аз тарафи модаре, ки муваққатан кор намекунад, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи синну соли кўдак (шаҳодатномаи таваллуд) муқаррар карда мешавад. Дар маҷмўъ давраи нигоҳубини кўдакон аз тарафи модар, ки ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад, наметавонад аз 60 моҳ зиёд бошад.
26. Давраи дар ҳабси пешакӣ қарор доштан, давраи адои ҷазо дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум сохтан ё бадарға кардан бо маълумотномаҳои муассисаҳои тафтишотӣ, мақомоти адлия ё корҳои дохилӣ тасдиқ гардида, дар сурате ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳо оид ба сафедкунӣ (маълумотномаи мақомоти судӣ, мақомоти прокуратура ё мақомоти тафтишотӣ оид ба ҳукми сафедкунанда ё қарор (таъинот) дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ) пешниҳод карда шаванд.
27. Давраи ба сар бурдани ҳамсарони ҳайати афсарон, прапорщикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии зиёда аз мўҳлат бо шавҳаронашон дар минтақаҳое, ки имконияти бо кор таъмин намудани онҳо аз рўи ихтисосашон мавҷуд набуд, бо маълумотномаҳои қисмҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳои дахлдор тасдиқ ва ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад.
28. Зимнан барои ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ то 1 январи соли 1990 озодгардида давраи ба сар бурдан бо шавҳаронашон дар минтақаҳое, ки имконияти бо кор таъмин намудани онҳо аз рўи ихтисосашон мавҷуд набуд, бо маълумотномаҳои комиссариатҳои ҳарбӣ тасдиқ карда мешавад.
29. Давраи зикргардида ба собиқаи корӣ ба андозаи на зиёда аз собиқаи корие, ки ҳангоми муроҷиат барои таъини нафақа мавҷуд буд, вале на зиёда аз 10 сол ҳисоб карда мешавад.
30. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ ва ғайриимкон будани гирифтани онҳо бо сабабҳои амалиёти мусаллаҳона ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи гузаштае, ки аз тарафи мақомоти дахлдор расман тасдиқ гардидаанд, собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии на кам аз ду шоҳид муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат собиқаи корие, ки барои таъини нафақа зарур аст,  метавонад пурра дар асоси гувоҳии шоҳидон тасдиқ карда шавад.
31. Шоҳид шахсе буда метавонад, ки бо аризадиҳанда дар як корхона, муассиса, ташкилот, колхоз ё дар як система кор карда, худаш ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатиро барои даврае, ки шоҳидӣ медиҳад, дошта бошад.
32. Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ ва ғайриимкон будани гирифтани онҳо бо сабабҳои барҳам дода шудани корхона, муасссиса, ташкилот ё набудани маълумот дар бойгонӣ, собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии на камтар аз ду шоҳид тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат низ шоҳид шахсе буда метавонад, ки бо аризадиҳанда дар як корхона, муассиса, ташкилот, колхоз ё дар як система кор карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатиро барои даврае, ки шоҳидӣ медиҳад, дошта бошад.
33. Зимнан давомнокии собиқаи кории бо гувоҳии шоҳидон тасдиқгардида аз нисфи собиқаи корие, ки барои таъини нафақа зарур аст, зиёд буда наметавонад.
34. Барои тасдиқи собиқаи корӣ дар асоси гувоҳии шоҳидон дар назди сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳал комиссия оид ба тасдиқи собиқаи корӣ таъсис дода мешавад. Ҳайат ва тартиби кори комиссияи мазкурро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян менамояд.  
35. Давраи кор дар назди шаҳрвандони алоҳида ва ташкилотҳои динӣ дар сурате ҳамчун собиқаи корӣ тасдиқ карда мешавад, ки агар созишномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳо бо иштироки намояндаи иттифоқи касаба баста шуда бошад. Чунин давраҳои корӣ бо гувоҳии шоҳидон тасдиқ карда намешаванд.
36. Давраи кор ба ҳайси чўпон бо созишномаи меҳнатии байни ў ва соҳибони чорво бо иштироки намояндаи иттифоқи касаба ё намояндаи шўрои деҳот басташуда тасдиқ карда мешавад.
37. Собиқаи кории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кироя дар хориҷи кишвар тибқи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашуда муқаррар карда мешавад.


38. Ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории аз тарафи мақомоти  давлатҳое додашуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо созишномаҳои дахлдор бастааст, барои баррасӣ бе барасмиятдарорӣ қабул карда мешаванд.  
39. Ҳуҷҷатҳое, ки барои тасдиқи собиқаи корӣ пешниҳод мегарданд, бояд аз ҷониби шахсони масъул имзо шуда, бо мўҳр тасдиқ шуда бошанд.
40. Маълумотномаҳое, ки аз тарафи колхоз дар давраи фаъолият ё баъди анҷоми он ба аъзои худ додааст, метавонанд бе нишон додани асоси додани онҳо низ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ба ҳисоб гирифта шаванд.
41. Агар насаб, ном ва номи падари шахси муроҷиаткунанда дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ба ном, номи падар ва насаби шахс дар шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуди он мувофиқат накунад, ҳолати мазкур дар асоси маълумотномаи дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё бо тартиби судӣ муқаррар карда мешавад.
42.  Дар ҳолатҳое, ки дар ҳуҷҷати пешниҳодшуда оид ба собиқаи корӣ танҳо солҳо бе нишон додани санаи дақиқ қайд шуда бошанд, 1 июли соли дахлдор ҳамчун сана қабул карда мешавад. Дар сурате, ки рўзи моҳ нишон дода нашуда бошад, чунин рўз санаи 15-уми моҳи дахлдор ба ҳисоб меравад.

5. ДАВРАҲОИ КОРИ ДОРОИ ХУСУСИЯТҲОИ ХОС
ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ

43. Давраи кор дар колхоз аз рўи давомнокии воқеӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
44. Давраи кор дар давоми мавсими пурра дар корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мавсимии саноати коркард сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо, инчунин дар совхозҳо ҳамчун соли тақвимии корӣ ҳисобида мешавад.
45. Намудҳои дигари корҳои мавсимӣ ба собиқаи корӣ аз рўи давомнокии воқеиашон дохил карда мешаванд.
46. Фаъолияти меҳнатии бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда дар давраи то соли 1992 дар қаламрави собиқ ИҶШС ба собиқаи корӣ барои конвертатсия дохил карда мешавад.

6. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ГУЗАРО-НИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ БАЙНИ ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА ВА МАҚОМИ ВАКОЛАТДОР ДАР СОҲАИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚА

47. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои гузаронидани конвертатсия байни шахсони суғурташуда ва мақоми ваколатдор дар соҳаи таъминоти нафақа бо тартиби муқарраргардида, аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.

7. НАЗОРАТИ ДУРУСТИИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯ

48. Назорати дурустии гузаронидани конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва дохил намудани маблағҳои дар натиҷаи гузаронидани он бадастомада ба сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдор  дар соҳаи таъминоти нафақа ва дигар мақомоте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Дополнительная информация