Хабарҳои Агентӣ

Ҳамаи хабарҳо...

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2015, №588

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз 25 сентябри соли 2015, №588                                        ш. Душанбе

Дар бораи Тартиби индексатсияи нафақаҳо
ва сармояи шартии нафақавӣ

Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
1. Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, №343 «Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.


          Раиси
        Ҳукумати Ҷумҳурии
               Тоҷикистон


Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 сентябри соли 2015, №588 тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ
индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур мутобиқи қисми 3 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таҳия гардида, тартиби индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ (бе назардошти иловапулию пардохтҳои иловагӣ) ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташударо муайян менамояд.
2. Барои индексатсияҳои нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ нишондиҳандаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор, ки дар нашрияҳои расмӣ интишор мегарданд, истифода карда мешаванд.
3. Индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ карда мешавад.
4. Маблағгузории хароҷот барои гузаронидани  индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа анҷом дода мешавад.   
5. Индексатсияи нафақаҳо, сармояи шартии нафақавӣ ва муайян намудани фоизи индексатсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. ТАРТИБИ ИНДЕКСАТСИЯИ НАФАҚАҲО

6. Индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ ҳар сол як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ дар соли молиявии гузашта амалӣ карда мешавад.
7. Индексатсияи нафақаҳои меҳнатӣ аз соли 2018 шурўъ карда мешавад.
8. Индексатсия нисбати қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатие татбиқ карда мешавад, ки андозаи онҳо то 15-каратаи нафақаи заминавии муқарраршударо ташкил менамояд.

3. ТАРТИБИ ИНДЕКСАТСИЯИ САРМОЯИ
ШАРТИИ НАФАҚАВӢ

9. Сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда, ки дар суратҳисоби инфиродии онҳо инъикос ёфтааст, ҳар сол як маротиба индексатсия карда мешавад.
10. Индексатсияи сармояи шартии нафақавии дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ташаккулёфта мувофиқи нишондиҳандаи сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, ки аз рўи маълумоти мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор дар ҷадвали зерин оварда шудааст, амалӣ карда мешавад:

Солҳо

Сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, бо фоиз

1999

134,1

2000

150,9

2001

138,5

2002

137,1

2003

138,6

2004

135,2

2005

139,1

2006

140,4

2007

141,8

2008

122,8

2009

124,6

2010

124,7

2011

125,6

2012

125,1

 

11. Индексатсияи сармояи шартии нафақавии дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ташаккулёфта аз соли 2014 мутобиқи сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ амалӣ карда мешавад.  
12. Сармояи шартии нафақавие, ки дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда барои давраи то 1 январи соли 1999 муайян карда шудааст, ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии онҳо инъикос карда мешавад.
13. Саҳмҳои нафақавие, ки дар давоми соли муроҷиат барои таъини нафақаи суғуртавӣ ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ворид гардидааст, индексатсия карда намешавад ва дар вақти ҳисоби нафақа маблағи воқеӣ ба инобат гирифта мешавад.
14. Индексатсияи сармояи шартии нафақавие, ки баъди 1 январи соли 2013 ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ворид гардидааст, инчунин сармояи шартии нафақавии дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии онҳо бадастомада аз соли 2014 сар карда, ҳар сол дар асоси сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
15. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ аз рўи меъёри соддаи фоизнокӣ амалӣ карда мешавад, яъне ҳангоми гузаронидани индексатсияи ҳарсола, сармояи шартии нафақавие индексатсия карда мешавад, ки дар соли молиявии дахлдор дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ташаккул ёфтааст.
16. Сармояи шартии нафақавии дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташуда муайянкардашуда аз соли 2014 сар карда, ҳар сол бо тартиби пешбининамудаи банди 15 Тартиби мазкур аз рўи маблағи муайяншуда индексатсия карда мешавад.  
17. Мисоли шартии индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда ба Тартиби мазкур замима карда мешавад.


4. МАСЪУЛИЯТ ВА НАЗОРАТ АЗ РЎИ ДУРУСТ
АМАЛӢ НАМУДАНИ ИНДЕКСАТСИЯИ САРМОЯИ
ШАРТИИ НАФАҚАВӢ ВА НАФАҚАҲО

18. Барои амалӣ намудани индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ ва риояи талаботи Тартиби мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва сохторҳои дахлдори он дар маҳалҳо масъул мебошанд.
19. Назорат аз рўи дуруст амалӣ намудани индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Замима
ба Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ

Мисоли шартии
индексатсияи сармояи шартии нафақавии
шахси суғурташуда

Ба сохтори дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Аҳмадов Р. барои таъини нафақаи суғуртавӣ муроҷиат намуд. Собиқаи кории ў то соли 1999 19 сол ва пас аз соли 1999 бошад 16 солро ташкил намуд.
Сармояи шартии нафақавии (СШН) шаҳрванд Аҳмадов Р-ро бо назардошти индексатсия ҳисоб менамоем.
Сараввал ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрвандро барои давраи фаъолияти меҳнатии то соли 1999 конвертатсия (бадалкунӣ) менамоем. Бо назардошти он ки собиқаи кории ў то соли 1999 19 солро ташкил намуд, сармояи шартии нафақавиаш ба ҳолати  1 январи соли 2013 баробар медиҳад:
120 сомонӣ * 228 моҳ (19 сол) = 27360 сомонӣ.
СШН пас аз конвертатсия намудани ҳуқуқҳои нафақавӣ барои давраи то 1 январи соли 1999 ба ҳолати 1 январи соли 2013 27360 сомониро ташкил менамояд.
Минбаъд зарур аст, ки СШН барои давраи фаъолияти меҳнатӣ пас аз 1 январи соли 1999  то рўзи муроҷиат ҳисоб карда шавад.
Бо назардошти он ки музди меҳнати солонаи Аҳмадов Р. 139,32 сомониро ташкил намуд, саҳмҳои нафақавие, ки корфармо барои ў дар соли 1999 пардохт намудааст, муайян менамоем ва ҳосил мешавад: 139,32 (музди меҳнати солона)* 25 фоиз (меъёри андози иҷтимоӣ) = 34,83 сомонӣ (андози иҷтимоӣ) *90 фоиз (саҳм барои суғуртаи нафақавӣ) = 31,35 сомонӣ (саҳмҳои нафақавӣ), яъне дар соли 1999 барои Аҳмадов Р. корфармо 31,35 сомонӣ пардохт намудааст. Акнун зарур аст, ки саҳмҳои мазкур барои давраи аз соли 1999 то соли 2015 (то рўзи муроҷиат) индексатсия карда шавад. Барои он ки коэффитсиенти индексатсия барои давраи аз соли 1999 то соли 2015 ҳисоб карда шавад, зарур аст, ки ҳамаи индексҳои бо тартиби зерин ҷамъ карда шаванд:
(соли 1999) (134,1%-100%) + (соли 2000) (150,9%- 100%) +(соли 2001) (138,5%-100%) + (соли 2002) (137,1%-100%) +(соли 2003) (138,6%-100%) +(соли 2004) (135,2%-100%) + (соли 2005) (139,1%-100%) +(соли 2006) (140,4%-100%) + (соли 2007) (141,8%-100%) + (соли 2008) (122,8%-100%) +(соли 2009) (124,6%-100%) + (соли 2010) (124,7%-100%) +(соли 2011) (125,6%-100%) + (соли 2012) (125,1%-100%) + (соли 2013) (103,7%-100%) + (соли 2014) (107,4%-100%) = 34,1% +50,9% + 38,5% +37,1%+ 38,6%+ 35,2% +39,1% + 40,4% +41,8% +22,8% +24,6%+ 24,7%+ 25,6%+ 25,1%+ 3,7%+ 7,4% = 489,6%.
Қайд кардан лозим аст, ки барои давраи аз соли 1999 то 2012 ҳангоми муайян намудани коэффитсиенти индексатсия индекси афзоиши музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ва аз соли 2013 сар карда, индекси нархҳои истеъмолӣ истифода карда мешавад.
Саҳмҳои нафақавӣ ба ҳолати соли 2015 31,35 сомонӣ + 31,35 сомонӣ * 489,6 % = 31,35 * (1+489,6/100) = 31,35 * 5,8960 = 184,82 сомониро ташкил медиҳад.
Коэффитсиенти индексатсия дар ин давра 5,8960 ва СШН бо назардошти индексатсия дар охири соли 1999 184,82 сомониро ташкил менамояд.
Индексатсияи саҳмҳои нафақавӣ барои давраи аз соли 2000 то соли 2015 42,04 сомонӣ + 42,04 сомонӣ * 455,5 % = 42,04 * (1+455,5/100) = 42,04 * 5,5550 = 233,53 сомониро ташкил медиҳад.
Коэффитсиенти индексатсия дар ин давра 5,5550 ва СШН бо назардошти индексатсия дар охири соли 2000 233,53 сомониро ташкил менамояд.
Бо ҳамин тартиб коэффитсиенти индексатсия ва СШН-ро барои дигар солҳо ҳисоб менамоем.

Сол

Музди меҳнати моҳона

Саҳмҳои нафақавӣ дар сол бо сомонӣ

Индекс, бо %

Коэффи-тсиенти индеек-сатсия

СШН

А

1

2

3

4

5

1999

11,61

31,35

134,1

5,8960

184,82

2000

 15,57

42,04

150,9

5,5550

233,53

2001

 23,50

63,45

138,5

5,0460

320,17

2002

 32,55

87,89

137,1

4,6610

409,63

2003

 44,61

120,45

138,6

4,2900

516,72

2004

 61,81

166,89

135,2

3,9040

651,53

2005

 85,99

232,17

139,1

3,5520

824,68

2006

116,81

315,39

140,4

3,1610

996,94

2007

182,82

493,61

141,8

2,7570

1 360,89

2008

233,74

631,10

122,8

2,3390

1 476,14

2009

285,43

770,66

124,6

2,1110

1 626,87

2010

354,77

957,88

124,7

1,8650

1 786,44

2011

446,23

1204,82

125,6

1,6180

1 949,40

2012

555,29

1499,28

125,1

1,3620

2 042,02

2013

700,00

1890,00

103,7

1,1110

2 099,79

2014

800,00

2160,00

107,4

1,074

2 319,84

2015

960,00

2592,00

0

1

2 592,00

     

СШН пас аз соли 1999

21 391,41

Акнун СШН дар натиҷаи конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ барои давраи то соли 1999 бадастомадаро, ки ба 27360 сомонӣ баробар мебошад, индексатсия менамоем.
Бо ин мақсад, нишондиҳандаи миёнаи саҳмҳои нафақавиро барои давраи фаъолияти меҳнатӣ муайян менамоем: 27360/(14 сол + 19 сол) = 829 сомонӣ. Бо назардошти он ки индексатсияи СШН аз конвертатсия пас аз соли 2013 гузаронида мешавад, аз ин лиҳоз чунин ҳосил мешавад:

2013

829

103,7%

0,1110

92,03

2014

829

107,4%

0,074

61,35

     

Ҳамагӣ:

153,38

СШН ба ҳолати рўзи муроҷиат дар соли 2015 ташкил медиҳад:
СШНконвертатсия + индексатсияи СШН конвертатсия + СШН пас аз соли 1999 = 27360 сомонӣ + 153,38 сомонӣ + 21391,41 сомонӣ = 48904,79 сомонӣ.
СШН Аҳмадов Р. ба ҳолати рўзи муроҷиат 48904,79 сомониро ташкил менамояд ва андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии ў 48904,79  сомонӣ / 120 моҳ = 407,54 сомонӣ.

 

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017, №34

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
аз 25 январи соли 2017, №34                                                        ш. Душанбе


Дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои
 суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои
оилаионҳо ва чорабиниҳои  солимгардонию
пешгирикунанда дар корхонаҳо

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
1. Андоза ва тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, корхонаю, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар муҳлати як моҳ бақияи маблағҳои ба ҳолати 1 январи соли 2017 истифоданашудаи суғуртаи давлатии иҷтимоии барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда ба андозаи 1,4 фоиз равонагардидаро, ки аз арзиши 1 (як) роҳхат ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ зиёд мебошад, ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонанд.
3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.

              Раиси
        Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон
               Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 январи соли 2017, №34
тасдиқ шудааст

Андоза
 ва тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати
кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои
солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» таҳия гардида, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоиро барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда (профилактикӣ) дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон (минбаъд – корхонаҳо) муайян менамояд.
2. Меъёри хароҷоти маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо ба андозаи 1,4 фоизи маблағи андози иҷтимоии воқеан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохтгардида, ки ба андозаи 25 фоиз дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, муқаррар карда мешавад.
3. Корхонаҳо барои хароҷоти маблағҳои пешбининамудаи банди 2 Тартиби мазкур ҳисоби алоҳида мебаранд.
4. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаҳо чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд:
- харидории роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо,  истироҳатгоҳҳо ва муассисаҳои солимгардонию пешгирии бемориҳо барои кормандон;
- харидории роҳхатҳо ба лагерҳои кўдаконаи тобистона барои фарзандони кормандон.
5. Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки дар корхонаҳо барои ташкили табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда хароҷот шудаанд, ҳамчун маблағҳои воқеан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ воридгардида ҳисобида мешаванд.

2. Ташкили табобати санаторию курортӣ ва
истироҳат барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо

6. Ташкили чорабиниҳо оид ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат барои  кормандон ва аъзои оилаи онҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон таъмин карда мешавад.
7. Ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кормандоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд ва барои онҳо корфармо саҳмҳои суғуртавиро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ пардохт намудааст, инчунин аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқ доранд.
8. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ харидории роҳхатҳо барои кормандон ё аъзои оилаи онҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кўдаконаи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ки иҷозатнома ва сертификати мутобиқат барои фаъолияти худ доранд, иҷозат дода мешавад.  
9. Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоие, ки аз ҷониби корхонаҳо барои харидории роҳхатҳо барои кормандон ё аъзои оилаи онҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона, муассисаҳои солимгардонию пешгирикунандаи дар қаламрави дигар давлатҳо ҷойгиршуда, инчунин ба муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодагардида, ки дорои иҷозатнома ва сертификати дахлдор барои фаъолияти худ намебошанд, барои ҳисоббаробаркунӣ қабул карда намешаванд.

3. Харидорӣ ва тақсимоти роҳхатҳои
санаторияҳо, курортҳо ва лагерҳои тобистонаи
кўдакона дар корхонаҳо

10. Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона аввали ҳар сол, бо дарназардошти теъдоди кормандон ва аъзои оилаи онҳо, нақшаи солонаи ба семоҳаҳо тақсимшударо оид ба харидорӣ ва тақсимоти роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кўдакона тартиб медиҳад.
11. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба кормандон дар ду сол як маротиба дар асоси аризаи пешниҳодкардаи онҳо, бо замима намудани хулосаи муассисаи ваколатдори тиббӣ ва риояи навбат бо пардохт намудани 70 фоизи арзиши он, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии корхона ва 30 фоиз аз ҳисоби худи корманд, аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона дода мешаванд.
12. Роҳхатҳо барои кормандон ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳо ба муҳлати на зиёда аз 12 рўз дода мешаванд. Роҳхатҳо ба лагерҳои тобистонаи кўдакона бошанд, барои фарзандони кормандон, ки синнашон аз 7 то 14-сола мебошанд, ба муҳлати на зиёда аз 15 рўз дода мешаванд.
13. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ваколатдор оид ба паҳн намудани онҳо харидорӣ карда мешаванд.


14. Дар сурати нокифоя будани маблағи корхона барои харидории роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда маблағи арзиши онҳо метавонад қисман (на зиёда аз 50 фоиз) аз ҷониби худи кормандон бо роҳи бевосита ба мақомоти ваколатдоре, ки роҳхатҳо аз он харидорӣ мегарданд, пардохта шавад. Маблағи боқимондаи арзиши роҳхат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии корхона пардохт карда мешавад.
15. Дар роҳхате, ки ба корманд дода мешавад, насаб, ном, номи падар ва инчунин ҷои кори ў дарҷ карда мешавад.
16. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба кормандон ва ё аъзои оилаи онҳо аз ҷониби раиси кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона имзо шуда, бо муҳри онҳо тасдиқ мегардад. Дар корхонаҳое, ки кумитаи иттифоқи касаба ташкил карда нашудаанд, роҳхатҳо бо муҳри худи корхона тасдиқ карда мешаванд.
17. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба корманд на дертар аз панҷ рўз то оғози муҳлати амали он дода мешаванд.
18. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодабарии роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кўдакона «талони бозгашт ба роҳхат», ки бо имзои  роҳбари муассисаи табобатӣ ё солимгардонӣ ва муҳри муассиса тасдиқ шудааст, маҳсуб меёбад.
19. Арзиши роҳхат барои санатория, курорт, истироҳатгоҳ ва лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда, ки аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ харидорӣ гардидааст ва бе сабабҳои узрнок аз ҷониби корманд истифода бурда нашудааст, аз ҳисоби ў ба корхона барқарор карда мешавад.
20. Дар сурате агар роҳхати аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои санатория, курорт, истироҳатгоҳ, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда харидоришуда богуноҳи шахсони масъули корхона истифода бурда нашавад, маблағи мазкур аз ҳисоби онҳо барқарор карда мешавад.
21. Агар роҳхати аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кўдакона харидоришуда қисман ё пурра бо сабабҳои ба корманд вобастанабуда (бемор шудан то истироҳат, шиддат гирифтани беморӣ ё фавтидан дар вақти истироҳат) истифода нашавад, маблағи арзиши рўзҳои истифоданашудаи он бо тартиби муқарраршуда бояд ба корхона бозпас гардонида шавад.
22. Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона вазифадор аст, ки ба корманд аз маблағи умумии ба корхона аз ҳисоби қисман ё пурра истифода набурдани роҳхат бозпас гардонида шудаанд, ҳиссаи мутаносиби саҳми ўро пардохт намояд.

4. Ҳисоботдиҳӣ ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ оид ба баҳисобгирии роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо

23. Корхонаҳо вазифадоранд, ки на дертар аз рўзи понздаҳуми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ аз рўи шакли муқарраргардида дар бораи истифодабарии 1,4 фоизи маблағи воқеан пардохтгардида барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳисобот пешниҳод намоянд. Шакли ҳисобот оид ба истифодабарии маблағҳои зикршударо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ муқаррар менамояд.
24. Ҳуҷҷатҳо оид ба хароҷот барои роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона, чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда (шартномаҳо, борхатҳо, расидҳои пардохтӣ, рўйхатҳои тасдиқгардида, талонҳои бозгаштӣ ба роҳхатҳо ва ғайра) ва дафтарҳои бақайдгирии онҳо дар корхонаҳо бо тартиби барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо оид ба даромад ва хароҷоти маблағҳои пешбинигардида нигоҳ дошта мешаванд.

5. Масъулият барои вайрон намудани
талаботи тартиби мазкур

25. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, вазифадоранд, ки аз рўи натиҷаҳои соли  ҳисоботии молиявӣ маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда равонагардидаро, ки ҳамчун маблағи истифоданашуда боқӣ мондаанд ва аз арзиши  1 (як) роҳхат ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ зиёд мебошанд, ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонанд. Дар сурати аз арзиши 1 (як) роҳхат ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ кам будани бақияи маблағҳо, онҳо ба соли молиявии навбатӣ гузаронида шуда, бо мақсадҳои пешбининамудаи Тартиби мазкур истифода карда мешаванд.  
26. Дар сурати дар корхона аз меъёри муқарраргардида барзиёд хароҷот намудани маблағҳои воқеан пардохтнамудаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ҷиҳати харидории роҳхатҳо барои табобати санаторию курортӣ, истироҳат, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда, маблағҳои мазкур бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои корхона барқарор карда мешаванд. Корхона бошад, минбаъд маблағи зарари расонидашударо аз ҳисоби шахсони масъуле, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, барқарор менамояд.
27. Дар сурати истифода бурдани маблағҳои ҳисобшудаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои гузаронидани чорабиниҳои бо Тартиби мазкур пешбининагардида, ин хароҷот ба ҳисоб гирифта намешаванд ва дар суратҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ аз ҳисоби шахсони масъули корхона, ки ба истифодаи ғайримақсадноки онҳо роҳ додаанд, барқарор карда мешаванд.
28. Раиси кумитаи иттифоқи касаба ё роҳбари мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона барои татбиқи дурусти Тартиби мазкур шахсан масъул мебошад. 

6. Назорат аз рўи истифодабарии маблағҳои
суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию  курортӣ, истироҳат, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар корхонаҳо

29. Назорат аз рўи истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, истироҳат, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар корхонаҳо, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.04.1998, №122

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

«Дар бораи шароити пардохти музди
меҳнати кори кормандони соатбайъ ва дар ду (чанд)
ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади фароҳам овардани шароит ба коргарон ва хизматчиён барои иштироки иловагӣ дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани таъминоти моддии кормандон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д :
1. Аз 1 апрели соли 1998 барои кормандони корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шароити кор оид ба кори муштараки кормандон мувофиқи замимаи №1 қарори мазкур;
- шароити пардохти кори соатбайъи кормандони корхонаҳо мувофиқи замимаи № 2 тасдиқ карда шавад.
2. Шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбайъ ва дар ду (чанд) ҷой коркунанда дар ҳамаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли хусусият ва намуди фаъолияташон паҳн карда шавад.
3. Вазоратҳо ва муассисаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин тартиби кори муштарак муқарраршуда назоратро пурзўр намуда ва шахсоне, ки ин тартибро вайрон мекунанд, ба ҷавобгарии сахт кашида шаванд.
 
           Раиси Ҳукумати
    Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Э. Раҳмонов
              ш. Душанбе
 17 апрели соли 1998, № 122


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

«Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 № 122»

Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқи» Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 № 122 «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбайъ ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати якуми банди 2 Шароити кор оид ба кори муштараки кормандони корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (замимаи № 1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«2. Кори муштарак ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият иҷозат дода мешавад. Шахсони ишғолкунандаи мансабҳои ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ наметавонанд ба кори дигари музднок, ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омўзгорӣ, машғул шаванд. Ба шахсони синнашон то 18, занҳои ҳомила, ҳамчунин дар корҳои дорои шароити меҳнатии зарарнок, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитро дошта бошад, кори муштарак иҷозат дода намешавад».
2. Ҷадвали № 1 замимаи № 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Андозаи музди меҳнати соатбайъ барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ:
1. «Андозаи музди меҳнати соатбайъ барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи қасбӣ, олии касбӣ, ба аспирантҳо ва шунавандагони курсҳо ба андозаи музди меҳнати соатбайъи омўзгорони штатии ин муассисаҳо баробар муайян карда мешавад.
2. Андозаи музди меҳнати соатбайъ барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии соҳавии азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос дар асоси созишнома бо мутахассиси даъватшаванда муайян карда мешавад».
 
          Раиси Ҳукумати
      Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

              ш. Душанбе
аз 2 апрели соли 2009 , № 215

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 17 апрели соли 1998 №122


ШАРОИТИ
кор оид ба кори муштараки кормандони корхонаҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Кори муштарак зимни кори асосӣ, дигар вазифаҳо дар корхона, дар муассисаҳо ва ташкилотҳо баробари иҷрои кори асосӣ - дигар кори муздаш мунтазам пардохташаванда машғулияти яквақта мебошад. Кори муштарак танҳо дар вақти холӣ аз кори асосӣ иҷозат дода мешавад: то саршавии он, бади анҷоми кор, ё дар рўзҳои бо кори асоси банд набудан - рўзҳои истироҳат ва ид, фориғи дар давраи истироҳти байни вахтагӣ, қисми рухсатии меҳнатӣ ва ғайра. Ба кормандони педагогӣ, тиб, ветеринарӣ кори муштарак дар доираи рўзи корӣ иҷозат дода мешавад.
2. Кори муштарак ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият иҷозат дода мешавад. Шахсони ишғолкунандаи мансабҳои ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ наметавонанд ба кори дигари музднок, ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омўзгорӣ, машғул шаванд. Ба шахсони синнашон то 18, занҳои ҳомила, ҳамчунин дар корҳои дорои шароити меҳнатии зарарнок, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитро дошта бошад, кори муштарак иҷозат дода намешавад.
Дар як вақт ишғол намудани ду вазифаи роҳарикунанда (ба ғайр аз вазифаҳои устоҳо) агар қонунгузорӣ дигареро муқаррар накарда бошад, иҷозат дода намешавад. Ба вазифаҳои роҳбарикунанда вазифаҳои роҳбарони корхонаҳо, нонобаста аз шакли моликият ва шакли фаъолият, шўъбаҳо, сехҳо, бахшҳо ва ғайра, муовинони онҳо тааллуқ доранд. Дар баробари он ин маҳдудият наметавонад ягон роҳбарро аз ҳуқуқи кор кардан дар вазифаҳои оддӣ маҳрум намояд.
Кори муштарак ҳамчун тадбири мувақатӣ бо тартиби хориҷ, танҳо ба шахсони дорои таҷрибаи калон ва тахассуси баланд ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар имконияти иваз намудани вазифаи холӣ бо корманди соҳиб тахассуси мувофиқ, ки бо кори дигар банд набошад ва агар дар кори муштарак рўзи пурраи корӣ талаб карда нашавад.
3. Корфармо метавонад кормандро барои кори муштарак бо розигии ў танҳо дар ҳудуди на зиёдтар аз нисфи вақти мўътадили корӣ даъват намояд. Тавре, ки танаффуси рўзмарра (байни бастҳо) барои истороҳат на камтар аз 12 соат давом дошта бошад. Кори муштарак сари вақт (то оғози кор) бояд бо фармони (фармоиши) роҳбари корхона, муассиса, ташкилот ё шахсӣ ба он ваколатдор аз рўи пешниҳоди шиносномаи (билети ҳарбӣ) корманд ба расмият дароварда шавад. Аммо, агар шахс ба кори дониши махсус талабкунанда қабул карда шавад, корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи маълумоти гирифта ё омодагии касбӣ диплом ё ҳуҷҷати дигар талаб намояд.
4. Роҳбари корхона новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъолият бо мувофиқаи кумитаи иттифоқи касаба ҳуқуқ дорад, дар кори муштарак нисбати кормандони алоҳидаи касбӣ ва вазифаҳо бо шароити махсус ва низоми меҳнат, ки кори иловагӣ ба саломатии онҳо ё бехатарии истеҳсолот зарар мерасонад, маҳдудиятҳо ҷорӣ намояд.


5. Кори муштарак чӣ хеле ки дар ҷои кори асосӣ, ҳамин тариқ дар дигар корхона (дар муассиса, ташкилот) иҷозат дода мешавад, вале на зиёда аз нисфи вақти мўътадили корӣ.
Ба кормандони гурўҳи ҷудогонаи соҳаи буҷетӣ (педагогҳои мактабҳои олӣ, омўзишгоҳҳои касбию техникӣ, техникумҳо, мактабҳо ва монанди онҳо, боғчаҳои бачаҳо ва яслиҳо, кормандони муассисаҳо фарҳангӣ, санъат, нигоҳдории тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, роҳабарони маҳфилҳо, тренерҳо, кормандони тиб ва дорусозӣ, аз он ҷумла ветеринарӣ ва ғайра) оид ба кори муштарак дар якчанд ҷой иҷозат дода шавад. Вале муддати умумии кори муштарак барои ин кормандон ба таври истисно дар ҳаҷми меъёри моҳонаи вақти корӣ муқаррар карда шавад.
6. Ҳар рўз муштараккор метавонад 4 соат дар вақти фориғ аз рўзҳои корӣ (рўзҳои истироҳат, рухсатӣ дар давраи истироҳати байнивахтагӣ, қисмати рухсатии меҳнатӣ ва ғайра) як рўзи пурра (баст) кор кунад. Ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои бевосита амалкунанда, инчунин дар баъзе истеҳсолот барои муштараккор кори ҳаррўзаи (вақти 4 соати корӣ) муқарраршуда риояи шуда наметавонад, бо мувофиқаи кумитаи иттифоқи касабаи корхона (муссиса, ташколот) ҷорӣ намудани ҳисоби ҷамъбастии вақти корӣ иҷозат дода мешавад. Вале дар ҳамаи ин ҳолатҳо давомнокии умумии кори муштарак дар муддати як моҳ набояд аз нисфи меъёри вақти кории моҳона, ки барои гурўҳҳои дахлдори кормандон муқаррар шудааст, баланд шавад.
7. Пардохти музди меҳнат оид ба якҷоя кардани вазифа аз ҳисоби дараҷаи тарифии муқарраршуда барои ин вазифа, маош (ставка) мутаносибан сарбории воқеӣ ҷорӣ карда мешавад:
- дар мавриди иҷрои кори корбайъ ба шахси муштараккор пардохти музди меҳнат оид ба кори воқеӣ, чун қоида аз рўи натиҷаи охирин барои ҳамаи маҳсулоти тайёрнамуда ё ҳаҷми иҷрошудаи кор ҷорӣ карда мешавад;
- дар мавриди иҷрои кори вақтбайъ ҳисобу китоби ставка ё маош аз рўи иҷрои кори пешбинишуда, барои вақти воқеии коркардашуда дар ҳудуди муқарраргардида, амалӣ карда мешавад.
8. Мукофотонидан ва пардохти музди иловагӣ, бақияпулӣ ва дигар мукофотпулиҳо барои кормандони корхонаҳои мазкур (муассиса, ташкилот) бо тартиби муқарраршуда гузаронида мешавад.
Мукофоте, ки бо низоми пардохти музди меҳнат аз рўи корӣ муштарак муайян шудааст, қисми маоши (ставка) муқарраршудаи муштараккор ҳисоб карда мешаванд ва зиёда аз ин қисми маош (ставка) пардохта мешиавад.
Муштараккор аз имтиёзҳои барои кормандони корхонаи мазкур (муассиса, ташкилот) муқарраршуда истифода мебарад, агар онҳо дар қарордод тавзеҳ шуда бошанд.
9. Рухсати меҳнатии пардохташаванда ба муштарккорони иҷрокунандаи вазифаи коргар (новобаста аз ишғоли мансаб тибқи ҷои кори асосӣ), инчунин ба муаллимони мактабҳо, омўзгорони мактабҳои олӣ, омўзишгоҳҳои касбию техникӣ, техникумҳо ва монанди онҳо, кормандони педагогӣ муассисаҳои то мактабӣ, кормандони тиб ва дорусозӣ (аз ҷумла, ветеринарӣ) дода мешавад.
Пардохти рухсатии меҳнатӣ ё ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда оид ба кори муштарак бо назардошти роҳбар ё шарти қарордод (шартнома) амалӣ карда мешавад.
10. Ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати муаллимон ва омўзгороне, ки дар якчанд мактабҳо, мактабҳои олӣ, дар мактабҳои миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла омўзишгоҳҳои касбию техникӣ кор мекунанд, музди меҳнати кормандони педагогии ғайримактабӣ, томактабӣ ва дигар муассисаҳои бачагона (тавре ҳамин тариқ дар як чанд ҷой), инчунин кормандони тиб ва дорусозӣ, ки бо ҷараёни таълим шуғл доранд, барои сарбории воқеӣ дар ҳамаи ҷои кор ба назар гирифта шавад. Ба ғайр аз ин пардохти иловагӣ барои коре, ки тибқи ҷои кори муштарак ҳисоб намеёбад, ба назар гирифта мешавад.
11. Озод намудан аз кори муштарак тибқи шартҳои зерин амалӣ мешавад:
- бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои қабули коргари доимӣ ё маҳдуд намудани кори муштарак вобаста бо шароити махсус ва низоми меҳнат. Ҳангоми аз кор озод намудани муштараккор тибқи ин асосҳо розигии кумитаи иттифоқи касаба талаб карда намешавад;
- бо ташаббуси муштараккор баъди огоҳии пешакии корфармо дар муддати 14 рўзи тақвимӣ. Ҳангоми озод намудан аз кори муштарак дар ҳолати қабули коргар, ки муштараккор нест ё маҳдуд намудани кори муштарак мўҳлати огоҳӣ дар бораи озодкунии оянда муқаррар карда намешавад.
Ҳангоми аз кор озод намудани муштараккор кўмакпулӣ барои рўзҳои истироҳат пардохта намешавад.
12. Маълумот оид ба кори муштарак дар дафтарчаи меҳнатӣ бо хоҳиши корманд аз ҷониби корфармо аз рўи ҷои корӣ асосӣ қайд карда мешавад. Дигар ягон хел қайд дар хусуси кор, ки оид ба кори муштарак иҷро мегардад, дар дафтарчаи меҳнатӣ ворид карда намешавад. Барои ин фармони қабули муштарак кор ва озод намудани ў аз кор ҳамчун асос хизмат мекунад. Мўҳлати кор оид ба кори муштарак, агар он бо мўҳлати корӣ ҷои кори асосӣ рост намояд, ба собиқаи корӣ дохил мешавад ва дар ҳолати озод шудан аз корӣ ҷои кори асосӣ ва муваққатӣ ба кор барқарор шудани корманд, ки дар кори муштарак меҳнатро идома медиҳад, собиқаи бефосилаи меҳнат нигоҳ дошта шавад.
13. Профессорҳо ва омўзгорони мактабҳои олӣ, чун дигар хизматчиён метавонанд омўзгорӣ ва инчунин дар дигар вазифаҳо ва ҷойҳои корӣ ба сифати муштараккор кор кунанд. Дар асосҳои умумӣ масъалаи кори муштараки кормандони илмӣ ҳал карда мешавад.
Дар вақти корӣ (то 4 соат дар як ҳафта) бурдани кори педагогӣ дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ, такмил додани ихтисос аз ҷониби мутахассисони балондихтисоси хоҷагии халқ бо розигии маъмурият ва кумитаи иттифоқи касаба аз ҷои кори асоси дода мешавад. Дар ин маврид музди меҳнати ҷои кори асосӣ нигоҳ дошта мешавад.
14. Кори муштарак ҳисоб намешавад:
а) корҳои адабӣ, аз он ҷумла кори таҳрир, тарҷума ва тақризи асарҳои алоҳида, ки аз фонди ҳакқи қалами муаллифӣ пардохта мешаванд;
б) иҷрои вазифаҳои мушовирони муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷми на зиёда аз 12 соат дар як моҳ бо пардохти яквақтаи музди меҳнат;
в) кори иҷрокардаи шахс, ки тибқи вазифаи асосӣ рўзи пурраи кори надорад ва мутобиқи ин маоши (ставка) нопурра дорад, агар пардохти он дар вазифаи асосӣ ва кори муштарак аз ҳадди маоши пурраи ҷои кори асосӣ нагузарад;
г) ташхиси техникӣ, тиббӣ, муҳосибӣ ва ғайра бо пардохти яквақта;
д) зимни кори асосӣ аз ҷониби корманд иҷрои дигар кор корҳои пулакӣ бе ишғоли вазифаи штатӣ дар худи ҳамон корхона (иҷрои кор аз ҷониби муаллимони мактабҳо ва омўзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва ғайра, ки аз рўи музди меҳнат бо онҳо баробар аст (аз он ҷумла омўзишгоҳҳои касбию теҳникӣ), вазифаҳои мудирии утоқҳо ва лабораторияҳо, корҳои таълимии директорон, мудирони қисмҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ, роҳбарии комиссияҳои фаннӣ ва доираҳои фаннӣ, кори кормандони муҳандисию техникӣ оид ба роҳбарӣ ба таълими истеҳсолӣ ва корҳои амалии хонандагон, навбатдории кормандони тиб зиёда аз меъёри моҳонаи вақти корӣ, роҳбарӣ бо аспирантҳо ва ғайра);
ж) кори маллимони мактабҳо, омўзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва ғайра, ки аз рўи музди меҳнати кормандон (аз он ҷумла омўзишгоҳҳои касбию техникӣ) дар худи ҳамон муассисаи таълимии сарбории таълимиаш зиёда аз меёри муқарраргардида бо онҳо баробар аст, инчунин кори педагогӣ ва корӣ роҳбарӣ ба маҳфилҳо дар худи ҳамон, муассисаҳои таълимӣ, тамоктабӣ, ғайримактабӣ ё муассисаҳои бачагона;
з) иҷрои вазифаҳо, ки ба онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маош (ставка) бо ҳисоби фоиз ё рубл иловапулӣ муқаррар гардидааст;
в) аз ҷониби кормандони корхонаҳои иҷрои корҳои подагогӣ дар шароити пардохти соатбайъ дар курсҳо ва муассисаҳои таълимӣ, дар мактабҳо ва муассисаҳои бачагона дар ҳаҷми на зиёда аз 360 соат дар як сол. Ба ин кор иҷозати маъмурият ва кумитаи иттифоқи касаба бидуни ҳолатҳое, ки ин корҳо дар вақти кори амалӣ мегарданд, талаб карда намешавад. Дар чунин мавриди музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад;


к) ҳамаи намудҳои таълим, корҳои, таълимию усулӣ ва илмию тадқиқотии ҳайати профессорию омўзгорӣ дар мактабҳои олӣ, ки аз вазифаҳои ишғоли бармеоянд, нақшаи таълимӣ ва нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар ҳудуди рўзи кории 6 соата, хондани маърўза, пешбурди машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ ва машваратӣ, гузаронидани санҷишҳо ва имтиҳонҳо, роҳбарӣ ба корҳои дипломӣ, корҳои амалию истеҳсолӣ ва таълимӣ ва корҳои истеҳсолии донишҷуён, консултатсияи донишҷўён ва аспирантҳо, тақризи лоиҳаҳои дипломӣ, корҳои хаттии донишҷуёни ғоибхон, иштирок ба имтиҳоноти давлатӣ оид ба таълими интизом, инчунин ташрифи мудирони кафедраҳо ва профессорон дар маърўзаҳо ва дигар машғулиятҳо, ки таҳти роҳбарии онҳо дотсентҳо ва омўзгорон мегузаронанд;
л) инчунин:
- корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба татбиқи мавзўъҳо, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- мудирӣ ба кафедраҳо ва роҳбарӣ ба лабораторияҳо ва утоқҳо;
- таҳияи асноди таълимию усулҳо;
- тафтиши корҳои хонагии донишҷўён;
- роҳбарии таълимию усулӣ ба корҳои амалӣ ё кори донишҷўён ва тафтиши ҳисоботи хаттӣ оид ба кори амалии истеҳсолӣ;
- иштирок дар кори комиссияи қабул;
- ташкил ва роҳбарӣ ба корҳои тарбияи ҷисмонӣ, оммавӣ, мудофиавӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва махфилӣ дар мактабҳои олӣ (барои омўзгорони интизоми ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ).
Аз ҷониби корманди корхона иҷрои корҳои дар зербанди «а» муқарраргашта дар вақти корӣ роҳ дода намешавад, иҷрои кор дар вақти корӣ, ки дар зербанди «б», «в», «г» муқаррар гардидааст, бо иҷозати сарвари корхонаи мазкур бо мувофиқаи кумитаи иттифоқи касаба роҳ дода мешавад.


Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 апрели соли 1998, №122


Шароити музди меҳнати соатбайъи
кормандони корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мутахассисони баландихтисоси истеҳсолӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва дигар ташкилотҳо метавонанд ба кори педагогӣ дар мактабҳои олӣ дар шароити ҳаққи соатбайъ ҷалб карда шаванд, агар ҳаҷми кори педагогии онҳо дар соли таҳсил аз 240 соат баланд набошад. Агар ҳаҷми кори педагогӣ дар соли таҳсил аз 240 соат баланд шавад, кори зиёда аз 240 соат кори муштарак ҳисоб меёбад ва мутобиқи замимаи №1 қарори мазкур ба расмият дароварда мешавад.
2. Ҳайати кормандони маъмуриву идоравӣ, таълимию тарбиявӣ, илмӣ ва маъмурию хоҷагии мактабҳои олӣ, ки дорои маълумоти олӣ, ҳайати штатии профессорию омўзгории мактабҳои олӣ мебошанд, бо иҷозати ректори мактаби олӣ зимни кори асосӣ метавонанд, вақти кори зиёда аз 6 соатаро аз рўи вазифаи асосӣ кори таълимӣ, кори педагогӣ оид ба баланд бардоштани тахассуси кормандони роҳбарикунанда ва муҳандисию техникӣ ва кормандони дастгоҳи давлатӣ дар худи ҳамин, мактаби олӣ, инчунин дар бахшҳои тайёрӣ барои дохил шудан ба мактаби олӣ дар шароити ҳаққи соатбайъ дар ҳадди 360 соат дар як сол пеш баранд.
3. Корманони роҳбарикунандаи мактабҳои маълумотӣ ҳамагонӣ, мактаб-интернатҳо, хонаҳои бачагон, мактабҳои миёнаи махсус ва касбию техникӣ, муассисаҳои ғайримактабӣ метавонанд кори омўзгорӣ ё машғулиятро дар маҳфилҳо, вале на зиёда аз 9 соат дар як ҳафта (360 соат дар як сол) пеш баранд.
Дар мактабҳои деҳот дар мавриди набудани муаллимон ва омўзгорони фанҳои дахлдор, кормандони зикргардида метавонанд кори омўзгориро на заёда аз 12 соат дар як ҳафта ба ҳар ҳолат бо иҷозати махсуси роҳбари муассисаи таълимӣ пеш баранд.
4. Музди меҳнати соатбайъи кормандони педагогии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҳангоми пардохт барои соатҳои дарсӣ, ки бо тартиби иваз кардани муаллион, омўзгорон мураббиён ва дигар кормандони педагогии бо сабаби касалӣ ё дигар сабабҳо набуда, ҳозир нестанд ва он на зиёда аз ду моҳ давом ёфтааст, дода шудаанд; барои соатҳои кори педагогӣ, иҷрои зиёда аз ҳаҷми муқарраршуда дар мавриди тарификатсия; ба муаллимон дар мавриди кор бо ғоибхонҳо ва кўдакони дар табобати тўлонӣ дар касалхонаҳо буда, инчунин аз рўи музд барои кори педагогии мутахассисони хоҷагии халқ, ки барои корҳои педагогӣ дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҷалб карда шудаанд.
Ба ғайр аз ин соатҳои дарсии каси дигарро ивазнамуда ва иловапулӣ (барои тафтиши дафтарҳо, роҳбарии синф ва ғ.) ҳисоб карда мешавад.
Дар мавриди иваз намудани корманди зиёда аз ду моҳ набуда, пардохти музди меҳнати муовин аз рўи оғози иваз намудан барои тамоми соатҳои воқеии кори педагогӣ, яъне бо маблағи зиёдшавии дахлдори сарбории ҳафтаинаи таълимӣ (ҳаҷми кори педагогӣ) амалӣ карда мешавад.
5. Роҳбарони вазорату идораҳо ҳуқуқ доранд, ба таври истисно барои мудири кафедраҳо дар мактабҳои олӣ дар шароити музди соатбайъи кормандони илмӣ, пешбарии кори илмию маъмурӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин мутахассисони баландихтисос, ки дар муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои пардохти музди меҳнати онҳо барои мудири кафедра аз рўи ҳисоби 160 соат дар як сол кор мекунанд, ҷалб намоянд.
Пардохти музди меҳнати кормандони илмӣ ва мутахассисони баландихтисос, ки дар штати мактаби олӣ нестанд ва барои роҳбарӣ ба аспирантҳои мактабҳои олӣ ҷалб шудаанд, аз рўи ҳисоби 100 соат дар як сол барои роҳбарӣ ба ҳар як аспирант ҷорӣ карда шавад.
Музди меҳнати кормандони дар банди мазкур муқарраршуда тибқи ҷои кори асосӣ барои соатҳои кори муштараки иҷозатдодашуда боздошта шавад.
Ба ректорҳо на проректорҳо барои роҳбарӣ ба кафедраҳо музд дода намешавад, вале барои робарӣ ба аспирантҳо пардохти музд аз рўи ҳисоби 50 соат дар як сол, барои роҳбарӣ ба ҳар як аспирант аз рўи ставкаи соат, ки дар ҷадвали №1 замима нишон дода шудааст, ҷорӣ карда мешавад. Ба як роҳбар аз ҷумла шахсони дар банди мазкур номбардашуда, мумкин аст, на зиёда аз 5 аспирант вобаста карда шавад.
6. Барои шохсоне, ки кори педагогиро дар шароити музди меҳнати соатбайъ пеш мебаранд, ставкаи музди меҳнати соатбайъ мутобиқи ҷадвали №1 замимаи мазкур муқарар карда шавад.

Ҷадвали № 1
ба замимаи №2 қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 апрели соли 1998, №122


Андозаи музди меҳнати соатбайъ барои гузаронидани
машғулиятҳои таълимӣ:

1. Андозаи музди меҳнати соатбайъ барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи қасбӣ, олии касбӣ, ба аспирантҳо ва шунавандагони курсҳо ба андозаи музди меҳнати соатбайъи омўзгорони штатии ин муассисаҳо баробар муайян карда мешавад.
2.Андозаи музди меҳнати соатбайъ барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии соҳавии азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос дар асоси созишнома бо мутахассиси даъватшаванда муайян карда мешавад.


Эзоҳ:
1. Ба андозаи музди меҳнати соатбайъ ҳаққи рухсатии меҳнатӣ дохил карда шудааст.
2. Андозаи музди меҳнати соатбайъи аъзоёни ҳақиқӣ ва аъзо -корреспондентҳои Академияи илмҳо, Академияи илмҳои тиббӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои педагогӣ, Академияи санъат 25 фоиз баланд бардошта мешавад.
3. Андозаи музди меҳнати соатбайъи шахсони дорои унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дар ҳаҷми барои профессорон, докторҳои илм пешбиннишуда муқаррар карда мешавад.
4. Андозаи музди меҳнати соатбайъи духтурон, мушовирони муассисаҳои тандурустӣ, ки барои гузаронидани машваратҳо аз дигар муассисаҳо (ташкилотҳо) ҷалб карда шудаанд дар ҳаҷми музди барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ (бо аспирантҳо ва шунавандагони машғулиятҳои таълимӣ оид ба баланд бардоштани тахассуси кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисон пешбинишуда муқаррар карда мешавад.
5. Музди меҳнати аъзоёни ҳакамони озмунҳо ва азназаргузарониҳо, инчунин муқарризҳои корҳои озмунӣ аз рўи андозаи музди меҳнати соатбайъи пешбинишуда барои шахсоне, ки бо донишҷуён машғулиятҳои таълими мегузаронанд, муқарра карда мешавад.
6. Ба шахсони ҳайати таълимию ёрирасон, ки дар гузаронидани машғулиятҳои таълими ширкат меварзанд, андозаи музди меҳнати соатбайъ дар ҳаҷми 50 фоизи андозаи пешбинишуда барои шахсоне, ки дорои дараҷаҳои илмӣ нестанд, муқаррар карда мешавад.
7. Ба намоишдиҳандагони тарҳи пайкарасозӣ, ки дар гузарондани машғулиятҳои таълимӣ иштирок мекунанд, андозаи музди меҳнати соатбайъ дар ҳаҷми зерин муқаррар карда мешаванд:
- барои андоми белибос ё тарзи исти мураккаб - 90 фоиз;
- барои андоми бо либос - 70 фоизи андозаи музди пешбинишуда барои ашхосе, ки дорои дараҷаи илмӣ нестанд.
8. Андозаи музди меҳнати соатбайь барои коффисиенти зиёд шудани музди меҳнати кормандони маориф, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ба индексатсия тааллуқ дорад.

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016, №371

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
ҚАРОР

аз 23 августи соли 2016, №371                                               ш. Душанбе

Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне,
ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

Мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
 

                    Раиси
        Ҳукумати Ҷумҳурии
               Тоҷикистон


Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2016, №371
тасдиқ  шудааст

Тартиби
пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои
давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар
таъминоти пурраи давлат мебошанд

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур қоидаҳои пардохти нафақа ва истифодаи маблағҳои нафақаро дар давраи будубоши нафақагир дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоии (минбаъд - муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ) системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Пардохти нафақа дар давраи будубоши нафақагир
 дар муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои
пиронсолон ва маъюбон

2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҷойгиркунии нафақагир дар муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ маъмурияти он вазифадор аст, ки дар муҳлати на зиёдтар аз панҷ рўз дар ин хусус сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкурро расман огоҳ намояд.
3. Сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баъд аз гирифтани огоҳинома дар муҳлати на дертар аз се рўз аз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, ки дар он ҷо нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ҳуҷҷатҳои нафақавиашро дархост менамояд.
 4. Баъди дастрас шудани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ онро ба қайд мегирад ва пардохти нафақаи нафақагирро дар давраи будубошаш дар муассисаи мазкур амалӣ менамояд.
5. Ба шахсоне, ки бошандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд ва ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, нафақа ҳармоҳа ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.
6. Ба шахсоне, ки бошандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд ва ба нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, нафақа ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.
7. Пардохти нафақа ба нафақагироне, ки бошандаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд, тавассути филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар маҳали ҷойгиршавии чунин муассисаҳо аз рўи меъёрҳои бо ҳамин Тартиб муқарраршуда амалӣ карда мешавад.

3. Пардохти нафақа дар давраи будубоши
нафақагир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
барои беморони руҳӣ

8. Ҳангоми ба расмият даровардани ҷойгиркунии нафақагир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони руҳӣ маъмурияти он вазифадор аст, ки дар муҳлати на зиёда аз панҷ рўз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкурро дар ин хусус расман огоҳ намояд.  
9. Пардохти маблағи нафақаи нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони руҳӣ ҷойгир карда шудаанд, аз ҷониби сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаҳо тавассути интиқол додани он ба андозаи бо Тартиби мазкур муайяншуда ба ҳисоби депозитии муассиса, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васӣ маҳсуб меёбад, амалӣ карда мешавад.
10. Маблағҳои нафақа, ки ба ҳисоби депозитии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ворид мегарданд, дар асоси қарори Комиссияи васоят (минбаъд - Комиссия), ки аз ҷониби директори муассиса аз ҳисоби намояндаҳои маъмурияту муҳосибот ва кумитаи иттифоқи касаба таъсис дода мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон истифода бурда мешавад. Раиси Комиссия роҳбари муассиса мебошад.
11. Ба доираи вазифаҳои Комиссия инҳо дохил мешавад:
- ҳармоҳа тартиб додани рўйхати молу маҳсулот барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон;
- расман муқаррар намудани шахси (шахсони) масъул барои харидории молу маҳсулот ва расонидани он ба нафақагирон.
12. Қарори Комиссия бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Протоколҳо бо имзои директор ва сармуҳосиби муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва мўҳри он тасдиқ гардида, дар китоби алоҳида қайд шуда, варақаҳои он дўхта ва рақамгузорӣ мешаванд.
13. Истифодабарии маблағҳои нафақавие, ки дар ҳисоби депозитии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд, бо  қарори Комиссия аз ҷониби муҳосиботи он бо тартиби муқарраршуда амалӣ мегардад.  
14. Хариди молу маҳсулот барои эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон бо санаде, ки ба он супоришномаҳои пулӣ, чекҳо, ҳисобномаҳо – борхатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ замима мегарданд, тасдиқ карда мешавад.  
15. Оид ба дастрас гардонидани молу маҳсулоти ба муассисаи давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ воридгардида ба нафақагирон аз тарафи шахсони масъул санади алоҳида тартиб дода шуда, он бо имзои директори муассисаи мазкур тасдиқ карда мешавад.
16. Маблағхое, ки аз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа тавассути филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ ворид мегарданд, дар китоби «Даромади хазина» ба қайд гирифта шуда, дар он барои ҳар як нафақагир дар алоҳидагӣ варақаи ҳисоб кушода мешавад.
17. Дар асоси қарори Комиссия ба варақаҳои ҳисоб сабтҳо дар бораи беэътибор дониста шудани маблағҳои масрафгардида ворид карда шуда, бақияи маблағҳои истифоданашуда нишон дода мешавад.


18. Дар сурати ба дигар муассисаи хизматрасонии иҷтимоии гузаронидани нафақагир барои беморони руҳӣ, маблағи истифоданашудаи нафақаи ў ба ҳисоби депозитии муассисае, ки нафақагир ба он гузаронида шудааст, бо тартиби муқарраргардида интиқол дода мешавад.
19. Дар сурати аз қайди муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баровардани нафақагир бо сабаби қобили амал эътироф шуданаш, маблағи истифоданашудаи нафақа аз тарафи муассиса ба ў пардохт карда мешавад.
20. Дар ҳолати фавти нафақагире, ки васии он муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад, маблағи истифоданашудаи нафақаи ў, ба истиснои маблағҳои дар суратҳисоби инфиродии захиравиаш бақиямонда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа бозпас гардонида мешавад.
21. Маблағҳои дар ҳисоби инфиродии захиравии нафақагири фавтида бақиямонда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисони ў пардохта мешаванд. Дар сурати набудани ворисон истифодаи ин маблағҳо тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.  
22. Комиссия аз рўи хароҷоти мақсадноки маблағҳои нафақавӣ назорати доимӣ анҷом медиҳад.

4. Тартиби қатъ намудани пардохти нафақа
ҳангоми аз муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
хориҷ шудан ё фавти нафақагир

23. Дар ҳолати аз муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ рафтан ё фавти нафақагир, маъмурияти он вазифадор аст, ки дар муҳлати на зиёда аз панҷ рўз дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур маълумот диҳад. Дар хабарнома бояд сана ва сабаби аз қайди муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баровардани нафақагир нишон дода шавад.
24. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа гузаронидани маблағи нафақаро аз моҳи ояндаи пас аз фаро расидани чунин ҳолат қатъ менамояд.
25. Директор ва сармуҳосиби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои ғайримақсаднок хароҷот кардани маблағҳои нафақа, ки ба муассисаи мазкур ворид мешаванд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

5. Назорат ҳисоб ва пардохт намудани  нафақа ба
нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

26. Назорати ҳисоб ва пардохт намудани нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, аз ҷониби сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, анҷом дода мешавад.

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.10.2014, №630

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р

аз 14 октябри соли 2014, №630                                                              ш. Душанбе


Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти
кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ,
ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ

Мутобиқи моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон қ а р о р  м е к у н а д:
Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).


                       Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон
               Тоҳикистон


Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҳикистон
аз 14 октябри соли 2014, №630
тасдиқ шудааст


ТАРТИБ
ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур дар асоси талаботи моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ» таҳия гардида, қоидаҳо ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавиро ба шахсони суғурташуда муайян менамояд.
2. Кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ бо тартиби умумӣ пардохт карда мешаванд, агар ҳуқуқи шахси суғурташуда барои гирифтани онҳо дар давраи кор пайдо шуда бошад.
3. Кўмакпулиҳо то ба кор дохил шудан ё баъди аз кор озод шудан дода намешаванд, агар Тартиби мазкур ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.
4. Кўмакпулиҳо дар ҳолате муқаррар ва пардохт карда мешаванд, ки агар аз вақти барқарор гардидани коршоямӣ, муқаррар намудани маъюбӣ, ба анҳом расидани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ё таваллуди кўдак на зиёда аз шаш моҳ гузашта бошад.
5. Пардохти кўмакпулиҳо барои давраи гузашта (пурра ё қисман) бо ташаббуси мақомоти ваколатдор (масалан дар натиҳаи санҳиши дурустии муқаррар ва пардохт намудани кўмакпулиҳо) бо назардошти риояи ҳамин муҳлат амалӣ карда мешавад.
6. Кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ аз ҳониби корфармо, аз ҳисоби маблағҳои андози иҳтимоӣ пардохт карда мешаванд.
7. Бо мақсади дуруст муқаррар ва пардохт намудани кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ тибқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ» дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз ҳисоби намояндаи корфармо, кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон Комиссияи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ таъсис дода мешавад ё шахси ваколатдор интихоб карда мешавад.

2. Шартҳо ва тартиби муқаррар намудани кўмакпулӣ
барои корношоямии муваққатӣ

8. Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба кормандон дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- дар давраи беморие (ё осеб бардоштан), ки боиси гум кардани қобилияти корӣ мегардад;
- дар давраи бемории аъзои оила, дар сурати зарурати нигоҳубини ў;
-  дар давраи карантин;
- дар давраи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо сабаби  бемории сил ва ё бемории касбӣ;
- ҳангоми протезкунонӣ бо ҳойгир намудан дар статсионари муассисаи протезкунонию ортопедӣ.
9. Барои таъини кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ варақаи корношоямӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҳониби муассисаҳои тиббӣ дода шудааст, асос мебошад. Дигар ҳуҳҳатҳо барои пардохти кўмакпулӣ асос шуда наметавонанд. Дар сурати гум кардани варақаи корношоямӣ кўмакпулӣ метавонад бо пешниҳоди нусхаи он (дубликат), ки аз ҳониби муассисаи тиббӣ тасдиқ гардидааст, дода шавад.
10. Ташхиси корношоямии муваққатии шаҳрвандон аз ҳониби муассисаҳои тиббие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҳикистон ваколатдор мебошанд, гузаронида мешавад.
11. Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рўзи аввали гум кардани қобилияти корӣ то барқарор шудани он ё то аз ҳониби мақомоти ваколатдор муқаррар намудани маъюбӣ, вале на бештар аз чор моҳи бемории пай дар пай пардохт карда мешавад.
12. Ҳангоми бемории сил кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ барои давраи на бештар аз дувоздаҳ моҳи пай дар пай пардохт карда мешавад.
13. Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рўзи аввали аз даст додани қобилияти корӣ то барқарор шудани он ё то муқаррар намудани  маъюбӣ дода мешавад, гарчанде ки ҳангоми муроҳиат корманд аз кор озод шуда бошад.
14. Дар мавриди муваққатан корношоям гардидан дар давраи баҳс оид ба масъалаи қонунӣ будани озодшавӣ аз кор, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар сурате дода мешавад, ки корманд дар кор барқарор карда шавад. Дар ин ҳолат кўмакпулӣ аз рўзи қабули қарор дар бораи ба кор барқарор намудани корманд дода мешавад.
15. Ба шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, аспирантура ё ординатураи клиникиро хатм намуда, дар асоси роҳҳат бо тартиби муқарраршуда ба кор равон карда шудаанд, дар сурати то оғоз гардидани кор муваққатан корношоям гардидан, кўмакпулӣ аз рўзи барои ҳозир шудан ба кор муайянгардида дода мешавад.
16. Ҳангоми муваққатан корношоям гардидан дар вақти ба ҳои кори нав рафтан, кўмакпулӣ дар ҳолате дода мешавад, ки агар корманд дар ин давра ба музди меҳнат ё дигар пардохтҳо барои хароҳоти рох ҳуқуқ дошта бошад.
 17. Ҳангоми осеби маишӣ бардоштан кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ шурўъ аз рўзи шашуми корношоямӣ дода мешавад. Агар сабаби осеб натиҳаи ҳолати фавқуллода (заминларза, сел, сухтор ва ғ.) ё нуқсони анатомӣ бошад, кўмакпулӣ бо тартиби умумӣ пардохт мешавад.
18. Ҳангоми муваққатан корношоям гардидан дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсола (асосӣ ё иловагӣ), кўмакпулӣ барои ҳамаи рўзҳои озод будан аз кор, ки бо варақаи корношоямӣ тасдиқ шудаанд, дода мешавад.
19. Ҳангоми муваққатан корношоям гардидан дар давраи рухсатии бемузд ё рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак кўмакпулӣ дода намешавад. Агар корношоямӣ баъди ба анҳом расидани рухсатии бемузд ё рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак давом ёбад, кўмакпулӣ аз рўзе, ки корманд бояд ба кор шурўъ намояд, дода мешавад.


20. Ҳангоми рухсатӣ барои нигоҳубини аъзои бемори оила кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳолате дода мешавад, ки агар набудани нигоҳубин ба ҳаёт ва саломатии бемор хатар таҳдид намояд ва ҳойгир намудани ў дар беморхона аз рўи нишондодҳои тиббӣ ғайриимкон буда, дар байни аъзои оила шахси дигари қобили беморро нигоҳубин кардан набошад (зани хонакор аъзои оила ба ҳисоб намеравад). Дар мавриди бемор шудани кўдаки то синни дусола, кўмакпулӣ ба модари ў новобаста аз будан ё набудани дигар аъзои оила, ки қобилияти нигоҳубинро дорад, дода мешавад.
Кумакпулӣ барои нигоҳубини аъзои бемори оила барои на зиёда аз се рўзи тақвимӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ вобаста аз вазнинии беморӣ ва вазъи маишии оила, пардохти кўмакпулӣ метавонад ба мўҳлати на зиёда аз ҳафт рўзи тақвимӣ давом дода шавад.
Кўмакпулӣ барои нигоҳубини кўдаки бемори то синни чордаҳсола барои давраи ба нигоҳубин муҳтоҳ будани кўдак, вале на зиёда аз чордаҳ рўзи тақвимӣ дода мешавад.
Кўмакпулӣ ба яке аз волидайн ё дигар хешованди кўдаки бемор, ки барои дар статсионар бо кўдак ҳамроҳ будан аз кор муваққатан озод шудааст, барои тамоми давраи дар статсионар будани он дода мешавад.
Кўмакпулӣ ба шахси коргар барои нигоҳубини кўдаки то синни сесола ё кўдаки маъюби то синни ҳаждаҳсола дар сурате дода мешавад, ки модари кўдак бемор буда, кўдакро нигоҳубин карда наметавонад.
Ба кормандоне, ки дар рухсатии навбатӣ (иловагӣ), рухсатӣ барои нигоҳубини кудак ё рухсатии бемузд мебошанд, кўмакпулии дар банди мазкур пешбинишуда дода намешавад.
Кўмакпулӣ барои нигоҳубини кўдаки бемори то синни ҳафтсола ба яке аз волидайн (дигар намояндаи қонунӣ) ё аъзои дигари оила барои давраи табобати амбулаторӣ ё якҳоя бо кўдак дар муассисаи статсионарӣ барои беморон, барои давраи на зиёда аз чордаҳ рўз дода мешавад.
21. Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар давраи карантин дар ҳолате дода мешавад, ки корманд дар натиҳаи иҳота шудан аз тарафи шахсони гирифтори бемории гузаранда, аз ҳониби мақомоти ваколатдори санитарию эпидемологӣ аз кор муваққатан озод шуда бошад.
22. Агар корманд дар натиҳаи бемории сил ё бемории касбӣ дар ҳои кори худ муваққатан қобилияти кориро аз даст дода бошад, аммо бе халалдор сохтани рафти табобат метавонад кори дигареро иҳро намояд, бо хулосаи Комиссияи машваратии тиббӣ ё агар чунин комиссия таъсис дода нашуда бошад, дар асоси хулосаи табиби муолиҳавӣ, ки аз ҳониби сардухтури муассисаи тиббӣ тасдиқ мешавад, ба он кор гузаронида мешавад. Гузариш аз ҳониби маъмурияти корхона дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба амалӣ мегардад.
Агар музди меҳнат барои иҳрои коре, ки корманд ба он гузаронида шудааст, аз музди меҳнат барои кори пештара камтар бошад, кўмакпулӣ барои ҳамаи давраи гузариш дар асоси варақаи корношоямӣ, вале на зиёда аз ду моҳ дода мешавад. Кўмакпулӣ аз рўи қоидаҳои умумӣ ҳисоб шуда, ба андозае пардохт карда мешавад, ки дар якҳоягӣ бо маош барои корхои иҳрошуда аз музди меҳнати кори пештара зиёд набошад.  
Дар ин маврид, ба корманде, ки бо сабаби бемории касбӣ ба кори дигар гузаронида шудааст, кўмакпулӣ дар сурате дода мешавад, ки тибқи қонунгузорӣ ў ба пардохти фарқияти музди меҳнати пештара ва аз нав муайянгардида аз ҳониби корхона ҳуқуқ надошта бошад.
Агар аз ҳониби маъмурият кори дигар дар муҳлати дар варақаи корношоямӣ дарҳгардида пешниҳод нагардад, барои рўзҳои бо ин сабаб гузашта кўмакпулӣ дар асосҳои умумӣ дода мешавад.
23. Дар мавриди ҳойгир намудани корманд дар статсионари корхонаи протезию ортопедӣ кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ барои тамоми давраи будубош дар статсионар бо назардошти вақти рафту омад ба он дода мешавад.
24. Ба кормандони дар корҳои мавсимӣ ва муваққатӣ машғулбуда, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар натиҳаи осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ дар асосҳои умумӣ, бо сабабҳои дигар бошад, ба муҳлати на зиёда аз ҳафтоду панҳ рўз дода мешавад. Дар ин муҳлат кўмакпулӣ танҳо барои рўзҳои корӣ пардохт мегардад.
25. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, ба истиснои ҳолатҳои осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, барои давраи на зиёда аз ду моҳи пайдарпай ва на зиёда аз се моҳ дар давоми соли тақвимӣ дода мешавад.
26. Ба маъюбони машғули кор, ки маъюбӣ бо сабаби садама дар Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ва барқарор намудани оқибатҳои он муқаррар шудааст, инчунин ба маъюбон аз бемории сил (мавриди шиддат гирифтани беморӣ), ба истиснои ҳолатҳои осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ на зиёда аз чор моҳи пайдарпай ва на зиёда аз панҳ моҳ дар давоми соли тақвимӣ дода мешавад.
27. Агар корношоямии муваққатии маъюбе, ки кор мекунад бар асари осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ руй дода бошад, кўмакпулӣ то барқарор шудани саломатӣ ё то муқаррар намудани маъюбӣ дар натиҳаи осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ дода мешавад.
28. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд (ба истиснои маъюбони гирифтори бемории сил) мавриди фарорасии корношоямии муваққатӣ дар натиҳаи бемории сил кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор шудани саломатӣ ё аз нав дида баромадани гурўҳи маъюбӣ, вале на зиёда аз даҳ моҳи пайдарпай ва на зиёда аз дувоздаҳ моҳ дар давоми ду соли тақвимӣ дода мешавад.
Ба кормандоне, ки дар натиҳаи бемории сил маъюб дониста шудаанд, дар мавриди шиддат гирифтани ин беморӣ кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ  барои давраи на зиёда аз чор моҳи пай дар пай ва на зиёда аз панҳ моҳ дар давоми як соли тақвимӣ дода мешавад.
29. Дар мавриди фарорасии корношоямӣ дар давраи муваққатан катъ гардидани кор, ҳамъомадҳои омўзишии ҳарбӣ, рухсатии иловагие, ки бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ бе дуршавӣ аз истеҳсолот рўй медиҳад, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рўзе дода мешавад, ки корманд баъди анҳоми ин давраҳо бояд ба кор шурўъ намояд.
30. Дар сурати рўй додани корношоямӣ дар даврае, ки корманд бо сабаби барканор кардан аз кор (вазифа) бо қатъ намудани пардохти музди меҳнат фаъолият накардааст, кўмакпулӣ дода намешавад. Агар корношоямӣ баъди иҳозат ба кор додан давом диҳад, кўмакпулӣ аз рўзе, ки корманд бояд ба кор шурўъ мекард, дода мешавад.
31. Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳолатҳои зерин дода намешавад:
- барои гузаронидани муоинаи тиббии даврии кормандон, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, инчунин ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ, аз ҳумла бо ҳойгир намудан дар статсионари муассисаи табобатӣ;  
- ба кормандоне, ки дидаю дониста ҳиҳати саркашӣ аз кор ва ё дигар ўҳдадориҳо ба саломатии худ зарар расонидаанд ва ё худро бемор вонамуд кардаанд (ҳаннотӣ). Маблағҳои кўмакпулии қаблан ба онҳо пардохтшуда бо тартиби судӣ ситонида мешаванд;     
- дар мавриди рўй додани корношоямӣ бо сабаби беморӣ ё осеб бардоштан дар натиҳаи мастӣ, нашъамандӣ ё истеъмоли маводи психотропӣ;  
- ба кормандоне, ки корношоямии онҳо дар натиҳаи бардоштани осеб ҳангоми ҳуқуқвайронкунӣ рўй дода бошад;
- барои давраи табобати маҳбурӣ бо қарори суд (ба истиснои беморони рўҳӣ);
- дар мавриди дар ҳабси пешакӣ будан ё дар давраи гузаронидани ташхиси судии тиббӣ ва судию психиатрӣ.
32. Андозаи кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ мувофиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ» муқаррар карда мешавад.


3. Шартҳо ва тартиби муқаррар намудани кўмакпулӣ
барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

33. Барои таъини кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд варақаи корношоямӣ, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудааст асос мебошад. Дигар ҳуҳҳатҳо барои пардохт асос шуда наметавонанд. Дар сурати гум кардани варақаи корношоямӣ кўмакпулӣ аз рўи нусхаи он (дубликат), ки аз ҳониби муассисаи тиббӣ тасдиқ гардидааст, дода мешавад.
34.  Кўмакпулӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд ба занони суғурташуда мутаносибан барои 140 рўзи тақвими пардохта мешавад. Дар сурати таваллуди душвор, кўмакпулӣ барои 156 рўзи тақвимӣ ва ҳангоми таваллуди ду ё бештар аз он кўдак барои 180 рўзи тақвимӣ пардохт карда мешавад.
35. Ҳангоми додани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар давраи баҳс оид ба дурустии аз кор озод кардан, кўмакпулӣ дар мавриди  барқарор намудан дар ҳои кор дода мешавад. Дар ин маврид, кўмакпулӣ барои давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд аз рўзи баровардани қарор оид ба барқарор намудан дар кор дода мешавад.
36. Дар сурати пешниҳод намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар вақти рухсатии ҳарсола (асосӣ ё иловагӣ) кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд барои ҳамаи рўзҳои рухсатӣ, ки бо варақаи корношоямӣ тасдиқ шудаанд, дода мешавад.
Дар сурати пешниҳод намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар вақти рухсатии пардохтшаванда барои нигоҳубини кўдак, бо интихоби зан, барои давраи гирифтани кўмакпулӣ барои нигоҳубини кўдак ба ў як намуди кўмакпулӣ, ё кўмакпулӣ  барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ё кўмакпулӣ барои нигоҳубини кўдак пардохт мешавад.
37. Дар сурати пешниҳод намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар даврае, ки зан бо сабаби барканор кардан аз кор (вазифа) музди меҳнаташ пардохт карда нашудааст, кўмакпулӣ дода намешавад. Агар рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд баъди иҳозат ба кор низ давом дода шавад, кўмакпулӣ аз рўзе дода мешавад, ки зан бояд ба кор шурўъ намояд.
38. Ҳангоми исқоти ҳамли ғайриихтиёрӣ ё таваллуди бармаҳал, ки баъд аз гузаштани 196 рўзи ҳомиладорӣ ба амал омадааст, кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар асосҳои умумӣ дода мешавад.
39. Барои давраи мавриди ҳабси пешакӣ қарор доштан, барои давраи гузаронидани ташхиси судии тиббӣ ва барои давраи табобати маҳбурӣ бо қарори суд кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода намешавад.
40. Шахсони суғурташуда, ки кўдакони навзодро аз таваллудхона фарзанд хондаанд ва ё васигии онҳоро ба ўҳда гирифтаанд, ба рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд барои давраи ҳафтод рўзи баъди таваллуди кўдак дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд.
41. Кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо тартиби  муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ» барои тамоми давраи рухсатӣ, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ  ва таваллуд дода  мешавад, сарфи  назар  аз  он ки чанд рўзи рухсатӣ ба давраи пеш ва пас аз таваллуд рост омадааст, пардохт карда мешавад.

4. Шартҳо ва тартиби муқаррар намудани
кўмакпулиҳои оилавӣ

42. Кўмакпулии оилавии яквақта бинобар таваллуди кўдак дар асоси  Тартиби мазкур ҳангоми таваллуди кўдаки (кўдакони) шахси суғурташуда дода мешавад.
43. Шахсони суғурташуда, ки кўдакони навзодро аз таваллудхона фарзанд хондаанд ва ё васигии онҳоро ба ўҳда гирифтаанд, ба кўмакпулии оилавии яквақта ҳуқуқ доранд.
44. Ҳангоми ду ва ё зиёда кўдак таваллуд кардан, кўмакпулии оилавии яквақта барои таваллуди ҳар як кўдак дар алоҳидагӣ бо дарназардошти кўдаки чандум буданаш дар оила дода мешавад.
45. Барои кўдаке, ки аз батни модар мурда таваллуд шудааст, кўмакпулии оилавии яквақта дода намешавад.
46. Ҳангоми ду ва ё зиёда кўдак таваллуд кардан, кўмакпулӣ барои нигоҳубини ҳар як кўдак дар алоҳидагӣ то расидани онҳо ба синни якунимсолагӣ дода мешавад.
47. Кўмакпулиҳои оилавӣ ба андозаҳои дар моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ» муқарраршуда пардохт карда мешаванд.

5. Тартиби ҳисоби кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ ва барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

48. Кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ ва барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон аз 1 июни соли 2007, №313 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд» ҳисоб карда мешаванд.

6. Тартиби муқаррар ва пардохт намудани кўмакпулиҳо
барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва
таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ

49. Кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ дар ҳои кори асосии корманд (дар ҳое, ки дафтарчаи меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст) аз ҳисоби маблағҳои андози иҳтимоӣ пардохт карда мешаванд.
Дар ҳолате, ки муқаррар намудани кумакпулӣ баррасии машваратиро тақозо намояд (ҳангоми осеби меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, рад намудани додани кўмакпулӣ ва дигар ҳолатҳои баҳснок) масъала аз ҳониби Комиссияи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҳикистон дар корхона таъсис дода шудааст, баррасӣ ва ҳал карда мешавад.
50. Кормандон варақаи корношоямиро ба маъмурияти корхона баъд аз ба охир расидани корношоямии муваққатӣ, дар рўзи баромадан ба кор пешниҳод менамоянд. То лаҳзаи пардохти навбатии музди меҳнат, агар корношоямӣ ҳанўз идома дошта бошад, варақаи корношоямӣ метавонад барои пардохт пешниҳод гардад.
51. Ҳангоми фарорасии корношоямии муваққатӣ дар натиҳаи ҳароҳати меҳнатӣ кўмакпулӣ дар сурати мавҳуд будани санади дахлдор оид ба тасдиқи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот дода мешавад.
52. Корношоямии муваққатӣ дар натиҳаи осеби меҳнатӣ фарорасида ҳисоб мешавад, агар ҳодисаи нохуш дар ҳолатҳои зерин рўй дода бошад:  
- агар ҳодисаи нохуш дар вақти иҳрои уҳдадориҳои меҳнатӣ (аз ҳумла дар сафари хизматӣ), иҳрои ягон амал ба фоидаи корхона;
- ҳангоми ба кор рафтан ё аз кор омадан;
- дар ҳудуди корхона ё ҳои дигари корӣ дар давоми кор (бо назардошти танаффусҳо), дар вақти барои ба тартиб даровардани таҳҳизоти истеҳсолӣ, либос ва ғайра пеш аз кор ё баъди кор;  
- дар ҳудуди корхона ё ҳои дигари корӣ дар давоми кор  (бо назардошти танаффусҳо), агар дар он ҳой будан ба тартиби қоидаҳои дохилӣ мухолифат накунад;  
- ҳангоми иҳрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҳамъиятӣ, инчунин ҳангоми иҳрои супоришҳои мақомоти давлатӣ, касбӣ ё ҳамъиятие, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шуда бошанд, новобаста аз он ки супоришҳои мазкур бо кори асосӣ алоқаманд набошанд;   
- ҳангоми иҳрои қарзи шаҳрвандӣ оид ба наҳоти ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатӣ ва ҳамъиятӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ.   
53. Бемориҳои касбӣ дар мавриди муқаррар намудани кўмакпулӣ барои корношоямӣ, бемориҳое ҳисобида мешаванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҳикистон тасдиқ гардидаанд.


54. Варақаҳои корношоямии маблағашон пардохтшуда ва варақаҳое, ки маблағ барои онҳо пардохт намегардад, инчунин дигар ҳуҳҳатҳои барои пардохти кўмакпулиҳо пешниҳодшуда (маълумотномаҳо, санадҳо, варақаҳои бозгаштӣ ба роҳхатҳо ва ғайра) дар муҳосиботи корхона аз дигар ҳуҳҳатҳои хароҳотӣ ҳудо нигаҳ дошта мешаванд.  
55. Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар муҳлатҳои барои пардохти музди меҳнат муқарраршуда дода мешавад. Дар ҳолате, ки пардохти кўмакпулӣ якҳоя бо музди меҳнат имконнопазир бошад, метавонад дар асоси расиди хароҳотии алоҳида пардохт карда шавад.  
56. Барои давраи рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд кўмакпулӣ то таваллуди кўдак, новобаста аз шумораи рўзҳои истифодакардаи воқеии он дода мешавад.
57. Барои гирифтани кўмакпулии яквақта барои таваллуди кўдак волидайни муроҳиатнамуда, дар баробари дигар ҳуҳҳатҳо маълумотномаро дар бораи таваллуди кўдак, ки мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додааст, пешниҳод менамояд.   
Дар сурати гум кардани маълумотнома дар бораи таваллуди кўдак кўмакпулӣ метавонад дар асоси нусхаи он (дубликат), ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тасдиқ шудааст, бо пешниҳоди маълумотнома аз ҳои кори (таҳсили) волидайни дигар дар бораи нагирифтани ин кўмакпулӣ дода шавад.
58. Ҳангоми барҳамдиҳии корхона ё фавти шахси суғурташуда кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ»  пардохт карда мешаванд.
59. Маблағҳои барзиёд пардохтшудаи кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ дар сурате аз гирандагони онҳо боздошт мегарданд, ки пардохти онҳо дар натиҳаи ба хатогӣ роҳ додан дар мавриди ҳисоб ё дар натиҳаи пешниҳоди ҳуҳҳатҳои носаҳеҳ рўй дода бошанд. Дар ин маврид, боздошт аз маблағҳои кўмакпулиҳои минбаъд пардохтшаванда ё аз музди меҳнат амалӣ карда мешавад. Дар ҳама ҳолатҳо маблағи боздошти яквақта наметавонад аз бист фоизи пардохти ба корманд амалишаванда зиёд бошад. Боздошт тавассути сохтори дахлдори корхона амалӣ карда мешавад.
60. Агар корманд то давраи ошкор гардидани ҳолати барзиёд пардохт шудани маблағҳои кўмакпулӣ дар корхона кор накунад, ин маблағҳо аз ҳониби ў бозпас гардонида мешаванд. Дар сурате, ки корманд маблағҳои зиёд пардохтшударо ба таври ихтиёрӣ бозпас нагардонад, дар ин маврид маблағҳо бо тариқи судӣ баргардонида мешаванд.
61. Дар мавриди фавти яке аз волидайн кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулии оилавии ба ў қаблан муқарраршуда ба волидайни дигар ё шахсоне дода мешавад, ки бо пешниҳоди ҳуҳҳатҳои тасдиқкунандаи хешутаборӣ бо фавтида ва дар таъминоти ў қарор доштан муроҳиат намоянд.
62. Кўмакпулиҳо метавонанд дар асоси ваколатнома, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҳикистон дода шудааст, пардохт карда шаванд.

7. Масъулият барои ҳисоб ва хароҳоти мақсадноки
маблағҳои кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ,
барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ

63. Роҳбар, сармуҳосиби корхона барои ҳисоб ва хароҳоти мақсадноки маблағҳои пардохтшавандаи кўмакпулиҳо масъул буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҳикистон ҳавобгар мебошанд.
64. Хароҳотҳои вобаста ба пардохти кўмакпулиҳое, ки бар хилофи муқаррароти Тартиби мазкур сурат гирифта, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҳтимоӣ зиёни молиявӣ расидааст, ба ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҳтимоӣ дароварда намешаванд ва аз ҳисоби корхона ситонида мешаванд
65. Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки ҳар семоҳа бо тартиби муқарраршуда дар бораи хароҳоти маблағҳо аз ҳисоби андози иҳтимоӣ ҳиҳати пардохти кўмакпулиҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҳтимоӣ ва нафақа ҳисобот пешниҳод намоянд.

8. Назорат аз рўи дуруст ҳисоб ва пардохт намудани
кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои
ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ

66. Назорат аз рўи дуруст ҳисоб ва пардохт намудани кўмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ дар корхонаву муассисаҳо аз ҳониби сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҳтимоӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҳикистон ваколатдор мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Дополнительная информация