Хабарҳои Агентӣ
-
25 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика машварати корӣ доир намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи кори машварат баррасии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, хусусан, лоиҳаҳо оид ба кам намудани талафоти неруи барқ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мебошад.
-
Ҳайати кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ бо мақсади омӯзиши фаъолияти Фонди ягонаи захиравии нафақа ва Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Алмаатои ин давлат сафар намуданд.
Ҳайати вакилони Тоҷикистонро Фонди ягонаи захиравии нафақаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии раиси раёсати он Жанат Бостанович Курманов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол намуданд. -
18.04.2025 15:29Хонда шуд 135 маротиб БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТ ВА ИНТИХОБОТИ НАВИ РАИС ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХАЙРИЯ”
18-уми апрели соли 2025 дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия”-и Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ баргузор гардид, ки дар он Умед Содиқиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ ва аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” оид ба фаъолияти ташкилот дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хайрия” ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2024) ба муҳокимаи аъзои ташкилот пешниҳод гардид. -
17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.
-
15.04.2025 16:14Хонда шуд 136 маротиб Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
-
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
-
11.04.2025 11:46Хонда шуд 236 маротиб Суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати интихоб ва таъин шуданатон ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба шумо дар амалӣ намудани салоҳиятҳои пурмасъулиятатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 24.01.1994, №25
ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
«Дар бораи тасдиқи Рўйхати категорияҳои кормандоне, ки вақти кориашон соатбайъ нест»
(дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 30.12.2009, №713)
Тибқи моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Рўйхати категорияҳои кормандоне, ки бо сабаби соатбайъ набудани вақти кориашон барои ҳисоб карда баровардани нафақа на бештар аз андозаи чоркаратаи музди меҳнати ҳадди ақал ба ҳисоб гирифта мешавад, тасдиқ карда шавад (Рўйхати мазкур замима мегардад).
2. Ин қарор аз 1 январи соли 1994 дар амал татбиқ карда шавад.
Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири Корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 24 январи соли 1994, №25
ш. Душанбе
Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 январи соли 1994, №25
тасдиқ карда шудааст
РЎЙХАТИ
Категорияҳои кормандоне, ки бо сабаби соатбайъ набудани вақти кориашон барои ҳисоб карда баровардани нафақа на бештар аз андозаи чоркаратаи музди меҳнати ҳадди ақал ба ҳисоб гирифта мешавад
1. Захиракунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми муштак ва дигар намудҳои ашёи хом .
2. Фурўшандагоне, ки доимо бо савдои сайёр машғул мебошанд.
3. Кормандони корхонаҳои суратгирӣ, ки бо корҳои сайёр машғул мебошанд.
4. Ташкилкунандагони сайёҳатҳо (экскурсияҳо).
5. Фурўшандагони ғайриштатии билетҳои театр.
6. Ташкилкунандагони ғайриштатии намоишҳои концертию цирк.
7. Агентҳои ғайриштатии суғурта.
8. Кормандоне, ки барои фурўши абонементҳо ва билетҳои мавсимӣ дар корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ ба кор қабул карда мешаванд.
9. Кормандони коллективҳое, ки дар онҳо тибқи қонунгузории ҷорӣ низоми вақти кории аз ҷониби давлат муқарраршуда риоя намешавад (пудратӣ оилавӣ, кооперативҳо, иҷоракории инфиродӣ (гурўҳӣ) ва ғайра.
10. Шахсоне, ки бо кор дар хона машғуланд (ба ғайр аз маъюбони гурўҳи 1 ва 2).
Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 7.04.1994, № 157
ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
«Дар бораи тасдиқ намудани рўйхати корҳое, ки мўҳлати иҷроишашон барои категорияҳои алоҳидаи кормандони тиббии муассисаҳои тандурустӣба собиқаи корӣбарои таъин намудани нафақа ба андозаи якунимкарата ҳисоб карда мешавад»
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Рўйхати корҳое, ки мўҳлати иҷроишашон барои категорияҳои алоҳидаи тиббии муассисаҳои тандурустӣба собиқаи корӣбарои таъин намудани нафақа ба андозаи якунимкарата ҳисоб карда мешавад, тасдиқ карда шавад.
Раиси Шўрои Вазирони А. Самадов
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мудири Корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
ш. Душанбе
аз 7 апрели соли 1994, №157
Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 апрели соли 1994, №157
тасдиқ шудааст
РЎЙХАТИ
корҳое, ки мўҳлати иҷроишашон барои категорияҳои алоҳидаи кормандони тиббии муассисаҳои тандурустӣ ба собиқаи корӣ барои таъини нафақа ба андозаи якунимкарата ҳисоб карда мешавад
Номи корҳо |
Номи вазифаҳо |
Хадамоти патологоанатомии беморхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ |
|
1. Ташреҳи патологоанатомии ҷасадҳо ва таҳқиқи гистологии маводҳои ҷасадӣ, узвҳои бофтаҳое, ки тавассути ҷарроҳӣва бионсӣ ба даст омадаанд. 2. Ширкат дар ташреҳҳои патолого-анатомӣ: коркарди маводҳои ҷасадӣ, ҷарроҳӣва бионсӣ. |
пизишкон – патологоанатомҳо ҳайати тиббии миёна ва хурд |
Шўъбаҳо ва бахшҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣва ноҳиявии бюроҳо, экспертизаи судию тиббии байни ноҳияҳо |
|
1. Ташреҳи судию тиббӣва таҳқиқи ҷасадҳо ва маводи ҷасадӣ. 2. Ширкат дар ташреҳ ва коркарди маводҳои ҷасадӣ |
пизишкон – экспертҳои судию тиббӣ ҳайати тиббии миёна ва хурд |
Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 3.02.1994, №61
ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тартиби ба хориҷа гузаронидани нафақае, ки дар натиҷаи маъюбии меҳнати ё бемории касбӣ муқаррар шудааст
(бо назардошти тағйирот тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011, №184)
Бо мақсади иҷрои моддаи 107 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад;
1. Вазорати мењнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои нафақавии нафақахўронеро, барои сукунати доими ба хориҷа (ғайр аз кишварҳои ИДМ) мераванду қаблан дар натиҷаи маъюбии меҳнати ё бемории касби нафақа мегирифтанд, бо дархости онҳо ба Ассоциацияи Намояндагиҳои Фондҳои Нафақа (Иҷтимои) ирсол кунанд.
2. Агентии давлатии суғуртаи иғтимоҷ ва нафақа аз тариқи Ассоциацияи Намояндагиҳои Фондҳои Нафақа (Иҷтимои) хароҷоти пардохти нафақа аз рўи маъюбии меҳнати ё бемории касбиро ба нафақахўроне, ки ба хориҷа ғайр аз кишварҳои ИДМ) рафтаанд, аз рўи нормаҳои қонунгузории қаблан амалкунаадаи ИҶШС бо пул таъмин намояд.
Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири Корҳои Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 3 феврали соли 1994 №61
ш. Душанбе
Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 4.02.1994, №73
ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
«Дар бораи тасдиқ намудани Руйхати вазифаҳои кормандони ҳайати парвоз ва инженерону техникҳои авиация, ки кор дар онҳо барои нафақа баҳри хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад ва Тартиби ҳисоб кардани нафақаҳои кормандони ҳайати парвоз»
(дар таҳрири қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2011, № 184)
Мувофици моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Руйхати замимагардидаи вазифаҳои кормандони ҳайати пар¬воз ва инженерону техникҳои авиация, ки кор дар онҳо барои нафақа баҳри хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад ва Тартиби замимагардидаи ҳисоб кардани нафақаҳои кормандони ҳайати парвоз тасдиқ карда шаванд.
Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. САМАДОВ
Мудири корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. МИРЗОЕВ
ш. Душанбе
аз 4 феврали соли 1994 № 73
Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1994 № 73
тасдиқ карда шудааст
Р Ў Й X А Т И
вазифаҳои муҳандисон ва техникҳои авиация, ки кор дар онҳо ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад
Ҳамаи номгўи техникҳо (механикҳо, устоҳои мотори ҳавопаймоӣ).
Ҳамаи номгўи устоҳо.
Ҳамаи номгўи муҳандисон.
Сардорони сехҳо, бахшҳо, қитъаҳои корӣ, хадамот ва гурўҳҳои оид ба хизматрасонии техникии киштиҳои ҳавоӣ ва дигар дастгоҳҳои парвозкунанда.
Ҳуқуқи ба нафақа барои хизмати дарозмуддат он кормандо¬ни дар руйхат зикргардида доранд, ки бевосита дар корҳо оид ба хизматрасонии амалӣ ва даврагии (кафолатноки) техникии фурудгоҳии киштиҳои ҳавоӣ (ғайр аз онҳое, ки дар корҳои зикршуда дар шароити ғaйpифурудгоҳӣ дар ҷойҳои махсусан пешбинишуда машғуланд) дар муассисаҳо, дар иттиҳодияҳо, воҳидҳои (қисматҳои) озмоишии хавоӣ (тафтишии озмоишӣ), воҳидҳои сохтории қисмҳои ҳарбӣ ва корхонаҳои сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳайати ғайринизомӣ), ташкилотҳои илмӣ тадқиқотӣ ва варзишии ҳавоӣ ва ҳамчунин дар гурўҳҳои (дастаҳои) ҳавоӣ ва таълимии ҳавоӣ муассисаҳои таълимии ҳавоӣ машғул мебошанд.
Машғулияти кормандони зикршуда дар корҳое, ки кор дар онҳо ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад, аз рўи маълумотномаҳои аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои мувофиқ додашуда тасдиқ карда мешавад.
Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1994 № 73
тасдиқ карда шудааст
РЎЙХАТИ
вазифаҳои ҳайати парвоз, ки кор дар онҳо ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад
1.1. Аъзоёни ҳайати сарнишинони киштиҳои ҳавоӣ ва дигар дастгоҳҳои парвозкунанда.
1.2. Ҳайати мураббиёни ҳавоӣ.
1.3. Ҳайати фармондеҳони ҳавоӣ: роҳбарон (ҷонишинҳои онҳо), нозирон ва дигар мутахассисон доир ба хизмати ҳавоӣ (корҳои ҳавоӣ)-и вазоратҳо, созмонҳо, идораҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва воҳидҳои (ҷузъҳои) сохтории онҳо, ки шаҳодатномаи амалкунандаи ҳавоӣ доранд ва дар парвозҳо дар ҳайати сарнишинҳои киштии ҳавоӣ ё дигар дастгоҳҳои парвозкунанда иштирок мекунанд.
1.4. Порашутчиёни ҳама намудҳо, наҷотдиҳандагон ва ҳамчунин ҳамаи гурўҳҳои десантии оташхомушкунӣ, мураббиёни хадамоти оташхомушкунии ҳавоӣ, роҳбарони қисмҳои парашутӣ (наҷотдиҳандаи парашутӣ, ҷустуҷўии имдодрасон), коркунони ғайрирасмӣ ва расмии гурўҳҳои десантии парашутӣ, ки бо чатри наҷот (парашут) ё аз нишебиҳою (баландиҳо) бо дастгоҳҳои махсуси болоравӣ аз чархболҳо анҷом медиҳанд, дар сурате, ки онҳо (чархболҳо) дар ҳолати муаллақ дар баландии на камтар аз 10 метр қарор гирифта бошанд.
Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1994 № 73
тасдиқ карда шудааст
Т А Р Т И Б И
ҳисобкунии мўҳлати хизмати дарозмуддат барои таъин кардани нафақа ба коркунони ҳайати ҳавоӣ
2.1. Ҳангоми ҳисобкунии мўҳлати хизмати дарозмуддат ба¬рои таъин кардани нафақа ба коркунони ҳайати ҳавоӣ инҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:
а) ҳар як 20 соати парвоз дар ҳавопаймо (ғайр аз парвоз ва корҳое, ки дар бандҳои «б», «в», «г»-и ҳамин банд пешниҳод шудаанд) баробари як моҳи хизмат;
б) ҳар як 12 соати парвоз дар чархболҳо; дар ҳавопаймоҳои истифодашавандаи махсус (парвозҳои санитарӣ, корҳои ҳавоӣ кимиёни, аксбардориҳои ҳавопаймоӣ, чархзаниҳои ҳавоӣ, обу ҳавошиносӣ ва дигар намудҳои кор); дар вазифаҳои ҳайати ҳавоии гурўҳҳои ҳампарвозии киштиҳои ҳавоии хориҷиён (пеш - пеш парвозкунандаҳо); дар вазифаҳои ҳайатҳои фармондеҳии ҳавоӣ ва мураббиҳои (инструкторҳои) ҳавоӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ оид ба тайёрӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои ҳайати ҳавоӣ; ҳавопаймоӣ - баробари як моҳи хизмат;
в) як соли кор дар ҳайати сарнишинони парвозкунандаи киштиҳои ҳавоӣ дар қисмҳои имдодӣ (ҷустуҷўӣ - имдодрасон) баробари якуним соли хизмат;
г) як сол дар вазифаҳои ҳайати парвозкунанда дар ташкилотҳои таълимӣ ва варзишии ҳавопаймоии ДОСААФ ва ҷамъияти ихтиёрии артиш, ҳавопаймоӣ ва дарёнавардии Тоҷикистон - баробари якуним соли хизмат ба шарте, ки нақшаи тайёрии таълимии ҳавоӣ иҷро шуда бошад, валекин дар сурати иҷро гардидани унсурҳои мураккаб ё амалиёти хушпарвозии ҷамъӣ - баробари ду соли хизмат;
д) як соли хизмат дар вазифаҳое, ки дар банди 1.4. Руйхати вазифаҳои кормандони ҳайати ҳавоӣ, ки кор дар онҳо ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад, пешниҳод шу¬даст - баробари якуним соли хизмат, ба шарти иҷро гардидани мизонҳои солонаи паришҳо аз ҳавопаймоҳои поршендор, чархболҳо, дирижабелҳо ва арэростатҳо, аз нишеби (баландиҳо) дар дастгоҳҳои махсуси пойиншавӣ (баландшавӣ) аз чархболҳои дар ҳолати муаллиқ дар баландии на камтар аз 10 метр истода ва аммо ҳангоми иҷро гардидани мизонҳои солонаи паришҳо аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои реактивӣ - баробари ду соли хизмат;
Дар вақти иҷро нагардидани шартҳое, ки ҳуқуқи ҳисобкунии имтиёзноки мўҳлати хизматро мутобиқ бо зербандҳои «г» ва «д» медиҳад, - як соли кор баробари як соли хизмат ҳисоб кар¬да шавад.
2.2. Ҳисобкунии мўҳлатҳои хизматҳо мутобиқ бо зербандҳои «а» ва «б»-и банди 2.1. бо роҳи тақсим кардани соатҳои парвози вокеъӣ таи давраи кор дар вазифаҳои ҳайати ҳавоӣ мувофиқан ба 20 ва 12 соат ба амал бароварда мешавад.
2.3. Ҳангоми дар давоми сол иҷро кардани корҳои гуногун, ки дар банди 2.1. нишон дода шудаанд, хизмати дарозмуддат ба таносуби давомнокии соатҳои (машғулиятҳои) парвоз дар ҳар яке аз корҳо ҳисоб карда мешавад.
2.4. Ба хизмати дарозмуддат барои ҳайати ҳавоӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- вақти хизмат дар ҳайатҳои ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи СССР, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор дар вазифаҳои ҳайатҳои ҳавоӣ-таҷрибавӣ бо он тартибе, ки барои таъини нафақа мутобиқан ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ҳавоии таҷрибавӣ муқаррар карда шудааст;
- вақти кор дар хориҷа дар вазифаҳои ҳайати ҳавоии ҳавопаймоии ғайринизомии давлатии хориҷӣ - бо тартибе, ки бо банди 2.1. барои намудҳои мувофиқаткунандаи корҳои ҳавоӣ муқаррар карда шудааст, ба он шарте, ки ба Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртавиро (дар давраи корҳо аз соли 1991 сар карда) пардохт намуда бошад;
- вақти таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии ҳавоӣ, агар ки қабл аз таҳсил дар вазифаҳои ҳавоӣ кор карда бошад, - мувофиқи давомнокии воқеъӣ;
- вақти рухсатии пардохтшаванда барои нигоҳубини кўдак, ки ба занҳо дода мешавад, - мувофиқи давомнокии аз тарафи Қонун муқарраргардида;
2.5. Мўҳлати хизмати дарозмуддати коркунони ҳавопаймо дар давраи кор то 1 январи соли 1992 мувофиқи интихоби ба нафақа муроҷиаткунанда аз рўи қоидаҳое ҳисоб карда мешавад, ки то санаи нишондодашуда амал мекарданд.
Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 3.02.1994, №59
ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
«Дар бораи тасдици Рўйхати муассисаю ташкилотҳо ва вазифаҳое, ни кор дар онҳо ба баъзе гурўҳҳои кормандони маорифи халқ ва нигаҳдории тандурустӣ барои хизмати дарозмуддат ба нафақа ҳуқуқ медиҳад»
Бо мақсади иҷрои моддаи 60 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Рўйхати замимгардидаи ташкилоту муассисаҳо ва вазифаҳое, ки кор дар онҳо ба баъзе гурўҳҳои кормандони маорифи халқ ва нигаҳдории тандурустӣ барои хизмати дарозмуддат ба нафақа ҳуқуқ медиҳад, тасдиқ карда шавад.
Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири Корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
ш. Душанбе
аз 3 феврали соли 1994, № 59
Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 1994, №59
тасдиқ шудааст
РЎЙХАТИ
ташкилоту муассисаҳо ва вазифаҳое, ки кор дар онҳо ба баъзе гурўҳҳои кормандони маорифи халқ ва нигаҳдории тандурустӣ барои хизмати дарозмуддат ба нафақа ҳуқуқ медиҳад
Номгўи ташкилоту муассисаҳо |
Номи вазифаҳо |
а) мактабҳои ибтидоӣ, ҳафтсола ҳаштсола вам иёна, сарфи назар аз номашон. Ҳамаи мактаб-интернатҳо ва интернатҳои мактабӣ. Ҳамаи навъҳои мактабҳо барои кару гунгҳо, нобиноён ва дигар атфоли бемор. Мактабҳои миёнаи политехники меҳнатии маълумоти умумӣ. Мактабҳои миёнаи мусиқию бадеӣ. Мактабҳои мусиқии ҳафтсола. Мактабҳои тарбиягирандагонии касби-мусиқӣ. Мактабҳои миёнаи махсуси ҳарбӣ ва омўзишгоҳҳо.
б) Ҳимояҳои атфол, колонияҳои тарбиявии меҳнатии атфол, қабулгоҳҳои атфол ва пунктҳои қабули атфол, қабулгоҳ - тақсимҷои атфол, пунктҳо ва статционарҳои логопедӣ, мактабҳо - клиникаҳо, мактабу омўзишгоҳҳои касбҳои техники махсус.
в) Техникумҳо, муассисаҳои таълимии миёнаи махсус (педагогӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, ва ғ.). Мактабу омўзишгоҳҳои маълумоти касбҳои техникӣ (ба ғайр аз мактабҳои олӣ).
г) Кўдакистон ва кўдакистону ширхоргоҳҳои муттаҳид.
Клинакаҳои атфол, поликлиникаҳо, беморҳонаҳо, санаторияҳо ва диспансерҳо, ширхоргоҳҳо ва хонаҳои атфол, шўъбаи атфоли бемор, хона-санаторияҳо, диспансерҳо ва колонияҳо. |
Муаллимон, муаллимон - логопедҳо, омўзгорон, педагогҳо, сурдопедагогҳо, тифлопедагогҳо, педагогҳо - мураббиён, мураббиён - роҳбарон (мураббиён) Роҳбарон – мураббиҳо, мураббиҳо. Муаллимон, педагог - мураббиҳо, логопедҳо ва сурдопедагогҳо |
II. Духтурон ва дигар кормандони тиб |
|
Ҳамаи навъҳои муассисаҳои амбулаторю поликлиникӣ, (поликлиникаҳо, амбулатория - диспансерҳои ҳамаи соҳаҳо, муассисаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ва хунгузаронӣ, қисми санитарии тиббӣ, пунктҳои нигоҳдории тандурустӣ, кабинету пунктҳои тиббӣ, пунктҳои фелдшерӣ ва фелдшерию акушерӣ, станцияҳои авиацияи санитарӣ, станцияи пунктҳои ренгенӣ, лабараторияҳои тиббӣ ва ғайра). Таваллудхонаҳо. |
Духтурон, духтурони дандон, техникҳо, фелдшерҳо, акушеркаҳо, масгагарон, лаборантҳо, ҳамаи хоҳарони шафқат, сарфи назар аз вазифаашон |