Хабарҳои Агентӣ

Ҳамаи хабарҳо...

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.03.2013, №90

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавӣ

Мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

      Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
     Тоҷикистон                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 марти соли 2013, № 90
     ш. Душанбе


Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, № 90
тасдиқ шудааст


Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таҳия гардида, қоидаҳои муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавиро муайян менамояд.
2. Амали Тартиби мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомати расмӣ дошта ва ба нафақа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, татбиқ мегардад.

2. Тартиби пешниҳоди ариза барои таъини нафақа

3. Ариза барои таъини нафақа метавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа бевосита аз ҷониби худи шаҳрванд, ё тавассути шахси боваринокаш дар асоси ваколатнома, ки бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати на зиёда аз дувоздаҳ моҳ дода шудааст, пешниҳод карда шавад.
4. Аризаи шаҳрванде, ки ба таъини нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ пайдо намудааст ва ў дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад, метавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа аз ҷониби корфармо пешниҳод карда шавад.
5. Ариза барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок, метавонад ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа пеш аз расидан ба синну соли нафақавӣ, аммо на пештар аз як моҳ то ҳуқуқ пайдо намудан ба таъини он, пешниҳод карда шавад.
6. Ариза барои таъини нафақа барои шахсе, ки аз озодӣ маҳрум шудааст, тавассути маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи мазкур пешниҳод карда мешавад.
7. Ариза барои таъини нафақа ба ноболиғ ё шахси ғайри қобили амал аз ҷониби падар ё модар, ё васии (парастор) ў ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар ҷои зисти аризадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
Дар сурати аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардани падар ва модари шахси ноболиғ ариза ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар ҷои истиқомати он волидайне дода мешавад, ки ин шахс бо ў зиндагӣ мекунад.
8. Дар ҳолати таҳти таъминоти пурраи давлатӣ дар муассисаи таълимӣ ё иҷтимоӣ қарор доштани шахси ноболиғ ё ғайри қобили амал, ариза барои таъини нафақа аз тарафи маъмурияти муассисаи мазкур ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии он пешниҳод карда мешавад.
9. Рўзи муроҷиат барои таъини нафақа, бозҳисобӣ ё аз як намуди нафақа ба намуди дигари он гузаронидан, рўзи қабули ариза барои баррасӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа ба ҳисоб меравад.

3. Тартиби пешниҳоди ариза барои бозҳисобии
нафақа ё аз як намуди нафақа ба намуди
 дигар гузаронидани он

10. Ариза барои бозҳисобии нафақа ба тарафи зиёдшавӣ ё аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақае, ки нафақагир дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод карда мешавад.
11. Бозҳисобии нафақа ба тарафи камшавӣ дар ҳолатҳои муқарраршуда бе аризаи нафақагир сурат мегирад. Дар ин маврид, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа вазифадор аст, ки нафақагирро дар бораи кам шудани андозаи нафақа ва сабабҳои он огоҳ намояд.

4. Тартиби қабул ва баррасии ариза аз
 ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ
оид ба таъминоти нафақа

12. Қабули ариза дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа аз тарафи шахси ваколатдор сурат мегирад.
13. Ариза дар сурате барои баррасӣ қабул карда мешавад, ки агар ба он ҳуҷҷатҳои дахлдори дар бандҳои 36-46 Тартиби мазкур пешбининишуда замима гардида бошанд ва дар китоби бақайдгирии аризаҳо ба қайд гирифта мешавад. Ариза барои таъини нафақа мутобиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" дар мўҳлати на зиёдтар 30 рўз баррасӣ карда мешавад.
14. Шахси ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа баъди қабули ариза ва сабти он дар китоби бақайдгирии аризаҳо ба аризадиҳанда дастхати расмӣ дар бораи санаи қабули ариза медиҳад.
15. Шахси ваколатдор вазифадор аст, ки ҳамарўза дар охири рўзи корӣ аризаҳои воридшударо барои шиносоӣ ба роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа пешниҳод намояд.
16. Роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа бо аризаҳо шинос шуда, онҳоро барои баррасӣ ба воҳидҳои дахлдор оид ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва таъиноти нафақа ирсол менамояд.
17. Шахси ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа аз рўи масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ вазифадор аст, ки дар муддати понздаҳ рўз дар асоси маълумоти мавҷудбуда андозаи сармояи шартии нафақавӣ ва маблағҳои дар суратҳисоби инфиродии аризадиҳанда ҷамъшударо муайян намуда, ин маълумотро ба шахси ваколатдор барои таъини нафақа пешниҳод намояд.
18. Шахси ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа вазифадор аст, ки дар мўҳлати даҳ рўз дар асоси маълумот оид ба хаҷми сармояи шартии нафақавӣ ва маблағи дар суратҳисоби инфиродии захиравии аризадиҳанда андўхташуда, андозаи нафақа ва мўҳлати пардохтро муқаррар намуда, таъин кардани нафақаро бо тартиб додани протокол ба расмият дарорад ва ҳуҷҷатҳои омодашударо барои тасдиқ ба роҳбари мақомоти мазкур пешниҳод намояд.
19. Таъин ва бозҳисобии нафақа дар асоси протокол ва фармоиш бо имзои роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа, шахсони масъул оид ба масъалаҳои суғуртаи иҷтимоӣ, таъиноти нафақа ва шахсони ваколатдоре, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо омода намудаанд, тасдиқ карда мешавад.
20. Дар ҳама ҳолат таҷдиди назари андоза ва намуди нафақа бо тартиб додани протокол тасдиқ карда мешавад.
21. Пас аз таъини нафақа мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа вазифадор аст, ки ба таври расмӣ аризадиҳанда ё шахси бовариноки ўро дар бораи санаи таъини нафақа ва андозаи он огоҳ намояд.
22. Дар сурати розӣ набудани шаҳрванд аз нафақаи таъингардида, ў метавонад ба сохтори болоии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа бо ариза барои аз нав дида баромадани нафақааш муроҷиат намояд. Агар қарори қабулнамудаи сохтори болоӣ шаҳрвандро қонеъ нагардонад, ў метавонад ба суд муроҷиат намояд.
23. Пас аз таъини нафақа шахси ваколатдори давлатӣ оид ба таъиноти нафақа вазифадор аст, ки ба рўйхати гирандагони нафақа ному насаб, нишонӣ ва санаи таваллуди нафақагир, намуд ва андозаи нафақа, инчунин рақами инфиродии суғуртавии нафақагирро дохил намояд.
24. Пас аз дохил кардани нафақагир ба рўйхат шахси масъул оид ба таъиноти нафақа рўйхати таҷдиди назаршудаи мазкурро барои моҳи ҳисоботи барои маблағгузорӣ ба шахси масъул оид ба суғуртаи иҷтимоӣ пешниҳод менамояд.

5. Тартиби омода намудан, бақайдгирӣ ва
пешбурди асноди нафақавӣ

25. Пас аз таъини нафақа шахси ваколатдор оид ба таъини нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои ҷамъшуда асноди нафақавии нафақагирро омода менамояд.
26. Асноди нафақавӣ барои ҳар як нафақагир дар алоҳидагӣ тартиб дода мешавад.
27. Ба кўдакони то синни шонздаҳсолаи аз як оила, ки ба онҳо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъин карда мешавад, новобаста аз теъдод, як асноди нафақавӣ тартиб дода мешавад. Дар ҳолати расидан ба синни шонздаҳсолагӣ бо хоҳиши нафақагир дар асоси ариза, ҳиссаи нафақааш ҷудо карда шуда, асноди нафақавии алоҳида тартиб дода мешавад.
28. Дар сурати иваз шудани ҷои зисти доимии нафақагир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафақагир вазифадор аст, ки расман мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаро, ки дар он ба қайд гирифта шудааст, дар бораи баромада рафтанаш огоҳ намуда, аз он ҷо варақаи аттестатсионӣ бо сабти андоза ва санаи пардохти охирини нафақаро гирад.
29. Пас аз расидан ба ҷои зисти нав нафақагир бояд мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаро дар ин хусус огоҳ намояд ва варақаи аттестатсионии қаблан гирифташударо пешниҳод намояд.
30. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар ҷои зисти нав вазифадор аст, ки дар мўҳлати се рўзи пас аз огоҳ намудан аз ҷониби нафақагир, аз мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаи ҷои зисти пештараи нафақагир асноди нафақавии ўро дархост намуда, пардохти нафақаашро барқарор намояд.
31. Дар сурати муваққатан (ба мўҳлати на камтар аз ду моҳ) иваз шудани ҷойи истиқомати нафақагир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминоти нафақаи ў бо тартиби пешбининамудаи бандҳои 28-30 Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
32. Дар сурати барои зисти доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кўч бастани нафақагир асноди нафақавии ў аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа ба ҷои зисти нави доимии ў дар асоси дархости мақомоти ваколатдор оид ба таъминоти нафақаи тарафи қабулкунанда фиристода мешавад.
33. Агар созишномаҳои байнидавлатии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда дигар тартибро пешбинӣ карда бошанд, тартиби пешбининамудаи ин созишномаҳо татбиқ мегардад.
34. Дар сурати гум шудани (вайрон шудан) асноди нафақавии нафақагир мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа вазифадор аст, ки барои барқарор намудани он чораандешӣ намояд.
35. Далели таъини нафақа ба нафақагир шаҳодатномаи нафақа мебошад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дода мешавад.

6. Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои таъин ва
бозҳисобии андозаи нафақаҳои суғуртавӣ ва
давлатӣ ва аз як намуди нафақа ба намуди
дигари он гузаронидан зарур мебошанд

36. Ба аризаи шахси барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол муроҷиатнамуда, дар баробари ҳуҷҷатҳои дар банди 2 моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" пешбинишуда, ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи шиноснома;
- маълумот оид ба собиқаи суғуртавӣ.
Дар ҳолатҳои зарурӣ ба аризаи шахси муроҷиаткунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ивазшавии ном, насаб ё номи падар замима карда мешавад.
37. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи зербанди "д)" банди 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 36 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ;
- маълумотномаи комиссариати ҳарбӣ, ки иштироки шахсро дар рафъи оқибатҳои садамаи Нерўгоҳи барқии атомии Чернобил тасдиқ мекунад.
38. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи зербанди "е)" банди 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 36 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи шаҳодатномаҳои таваллуди на кам аз панҷ фарзанд ё нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кўдаки маъюб;
- маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки маъюбии кўдакро тасдиқ мекунад.
39. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 36 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, инчунин маълумотномаи намунаи муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ оид ба маъюб донистани ў аз замима карда мешавад.
40. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи суғуртавӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон муроҷиат менамояд, ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи хати вафоти саробон;
- маълумот оид ба собиқаи суғуртавии саробони фавтида;
- маълумот оид ба муносибати хешовандӣ бо саробони фавтида;
- маълумог оид ба муносибати хешовандии аъзои ғайри қобили меҳнати оила бо саробони фавтида;
- маълумот оид ба муносибатҳои хешовандии аъзои оила, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳсили рўзона) таҳсил менамояд, бо саробони фавтида.
Дар сурати зарурӣ ба аризаи шахси муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо замима карда мешаванд:
- ваколатҳои намояндаи қонунӣ (падархонд ё писархонд, падарандар ё модарандар, васӣ ё парастор);
- бекор будан дар давраи машғул будан ба нигоҳубини бародарону хоҳарон ё набераҳои саробони фавтида, ки ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаанд;
- воқеияти гирифтани нафақа бо сабаби маҳрум шудан аз саробон аз ҷониби шахсони дигар бо сабаби фавти ҳамин саробон;
- фавти дигар волидайн;
- муқаррар гардидани маъюбӣ ба шахсе, ки барои таъини нафақа муроҷиат намудааст;
- бе ному нишон гум шудани саробон.
41. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ аз рўи синну сол муроҷиат менамояд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, синну сол, ҷои истиқомат ва мансубияти шаҳрвандии ў замима карда мешавад.
42. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ аз рўи маъюбӣ муроҷиат менамояд, дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 41 Тартиби мазкур пешбинигардида, инчунин маълумотномаи намунаи муқарраршуда дар бораи ҳамчун шахси маъюб эътироф кардани ў аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ замима карда мешавад.
43. Ба аризаи шахсе, ки барои таъини нафақаи иҷтимоӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон муроҷиат менамояд, ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи хати вафоти саробон;
- маълумот оид ба муносибати хешовандӣ бо саробони фавтида;
- маълумот оид ба муносибати хешовандии аъзои ғайри қобили меҳнати оила бо саробони фавтида;
- маълумот оид ба муносибати хешовандии аъзои оила, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳсили рўзона) таҳсил менамояд, бо саробони фавтида.
Дар сурати зарурӣ ба аризаи шахси муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо замима карда мешаванд:
- ваколатҳои намояндаи қонунӣ (падархонд ё писархонд, падарандар ё модарандар, васӣ ё парастор); - фавти дигар волидайн;
- муқаррар гардидани маъюбӣ ба шахсе, ки барои таъини нафақа муроҷиат намудааст;
- бе ному нишон гум шудани саробон.
44. Дар ҳама ҳолат ба аризаи шахси барои таъини нафақаи суғуртавӣ ё давлатӣ муроҷиатнамуда ду дона расми 3x4 см замима карда мешавад.
45. Ба ариза барои бозҳисобии андозаи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ аз рўи маъюбӣ ва барои маҳрум шудан аз саробон дар сурати тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ ё теъдоди аъзои ғайри қобили меҳнати оила ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаро расидани чунин ҳолатҳо замима карда мешавад.
46. Ба ариза барои аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи муроҷиаткунанда ба гирифтани намуди дигари нафақа замима карда мешавад.
47. Намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои коргузории дохилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар самти таъин, бозҳисобӣ ва аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидани он зарур мебошанд, аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.06.2007, №313

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р


аз «1» июни соли 2007, №313                                                                ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди
миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ,
кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои
корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба
пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд

Мутобиқи моддаи 116 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва xиҳати иxрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 «Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буxетӣ ва андозаи нафақаи иxтимоӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Rоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кeмакпули дар вақти аз кор рафтан, кeмакпули барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Rарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 308 «Дар бораи тасдиқи Rоидаҳои ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кeмакпули барои корношоямии муваққатӣ, кeмакпули дар вақти аз кор рафтан ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд» аз эътибор соқит дониста шавад.

            Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                        Э. Раҳмонов
        Тоҷикистон                        

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2007, № 313
тасдиқ шудааст

Қоидаҳои
ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ
барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба
пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд
(дар таҳрири ќарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2012, №349)

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Ҳамин Rоидаҳо тартиби ҳисобкунии музди миёнаи меҳнати кормандонро ҳангоми пардохти рухсатиҳои меҳнатии пардохтшавандаи асосӣ, дарозкардашуда, иловагӣ, таълимӣ ва эxодӣ, инчунин барои пардохти xубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, дар давраи бо кор таъминкунӣ, ҳангоми ҳисоби кeмакпули дар вақти аз кор рафтан, ҳангоми иxро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористи ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор ва бо айби корманд, давраи гузаштан ба кори дигар ва ноилоx ба кор ҳозир нашудан, дар сафари хизмати қарор доштан, иxрои вазифаҳои давлатӣ ё xамъиятӣ, кeмакпули барои корношоямии муваққатӣ, кeмакпули барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми додани кафолатҳои иловаги барои занону xавонон, ки ҳисоби андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, муайян менамоянд.
2. Rоидаҳои мазкур ба тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон татбиқ мегарданд.

II. Пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти
аз кор рафтан, xубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда
 ва музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ

3. Ҳисобкунии музди миёнаи якмоҳаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшавандаи асосӣ ва иловагӣ (аз он xумла рухсатиҳои дарозкардашуда), рухсатиҳои таълимӣ ва эxодӣ, инчунин барои пардохти xубронпули барои рухсатии истифоданашуда, аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар 12 моҳи тақвимӣ, ё бо хоҳиши корманд аз рeзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёри тарифӣ), анxом дода мешавад.
4. Барои муайян намудани музди миёнаи моҳонаи меҳнат музди миёнаи якрeза истифода мешавад. Музди миёнаи якрeза барои пардохти маблаuи рухсати бо роҳи тақсими ҳамаи маблаuҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 12 моҳ ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба миқдори пурраи моҳҳои то пешниҳоди рухсатӣ ва ба коэффитсиенти 29,3 - миқдори миёнаи рeзҳои тақвими муайян карда мешавад. Ҳисоби пардохти рухсати бо роҳи зарб задани музди миёнаи якрeза ба шумораи рeзҳои тақвимии рухсатӣ амали мешавад.
а) агар рухсати аз ҳисоби музди миёнаи меҳнати аз давраи рeзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) дода шавад, ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат ҳамаи пардохтҳои баъди баландшави суратгирифта, инчунин мукофотҳо ва дигар пардохтҳои (ба uайр аз маоши вазифавӣ) то баландшави анxомдодашуда ва ба давраи ҳисоботӣ (12 моҳ) дохилшаванда, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Мукофотҳо, uайр аз мукофотҳои яквақта ва пардохтҳои мазкури давраи то зиёдшави ва ба давраи ҳисоботи дохилшаванда ба андозаи зиёдшави тасҳеҳ мегарданд;
б) агар давраи ҳисоби пурра кор карда нашуда бошад, рухсати аз рeи музди миёнаи меҳнати якрeза, ки бо тарзи тақсим намудани музди меҳнати вақти воқеии коркардашуда ба миқдори моҳҳои пурраи корӣ ва ба рeзҳои тақвимии рухсатӣ, ки мувофиқи моддаи 90 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, зарб зада, пардохт карда мешавад.
5. Дар ҳолати дар давраи ҳисоби мавxуд набудани музди меҳнат, аз xумла ҳангоми пардохти давраи ноилоx ҳозир нашудан ба кор, ҳангоми ҳафтаи кории нопурра, рeзи кории нопурра ва ё музди меҳнати давраҳое, ки аз ҳисобкуни хориx карда шудаанд, музди меҳнати миёнаи якрeза аз рeи маблаuҳои воқеии ҳисобкардашуда дар давраи се моҳи тақвимии охири иxрои кор, бевосита пеш аз давраи ҳисоботи бо тасҳеҳи минбаъдаи онҳо ба андозаи зиёдшавии маошҳои вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ) муайян карда мешавад. Агар корманд ҳам дар давраи ҳисоботӣ ва ҳам то давраи ҳисоботӣ ва дар моҳе, ки ҳолати баамаломада ба нигоҳдории музди миёнаи меҳнат алоқаманд аст, музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда ё рeзи корӣ надошта бошад, дар ин маврид музди миёнаи меҳнат аз рeи меъёрҳои тарифии дараxаи муқарраргардида ва маоши вазифавӣ муайян карда мешавад.
6. Ҳангоми пардохти маоши собити вақтбайъ (аз xумла дастмузди собити кафолатнок, ё изофамузди фоизнок, вале бе дигар намудҳои иловагии мукофотпулӣ), музди миёнаи меҳнати якрeза бо роҳи тақсими маоши вазифавии моҳонаи охирини корманд бо иловапулиҳо ба коэффитсиенти 29, 3 муайян карда шуда, ба шумораи рeзҳои тақвимии рухсатӣ зарб карда мешавад. Ҳангоми мавxуд будани дигар намудҳои мукофотпулиҳо музди миёнаи меҳнати якрeза бо тартиби банди 4 Rоидаҳои мазкур муайян карда мешавад.
7. Ҳангоми ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ аз давраи ҳисоботи ваќте, ки дар давоми он корманд дар рухсатиҳои бемузд ё қисман пардохтшаванда қарор дошт ва барои нигоҳубини кeдак, то синни муқаррарнамудаи қонун расидани у кeмакпули гирифтааст, хориx карда мешавад. Дар ҳолати қисман нигоҳ доштани музди меҳнат ҳангоми озодшавӣ аз кор, ин қисм аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат хориx карда мешавад. Рeзҳои иди uайрикорӣ, ки ба давраи рухсати рост меоянд, дар вақти муайян намудани давомнокии рухсатиҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд ва пардохт карда намешаванд.
8. Ҳангоми бо корманд қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти xубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, давраи гузаштан ба кори дигар, кeмакпули дар вақти аз кор рафтан, нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ, мутобиқи талаботи бандҳои 4-7 Rоидаҳои мазкур амали мегардад.

III. Пардохти музди миёнаи меҳнати корманд ҳангоми
иxро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, иxрои вазифаҳои
давлатӣ ё xамъиятӣ, дар сафари хизматӣ қарор доштан,
барои давраи ноилоx ба кор ҳозир нашудан, додани
кафолатҳои иловагӣ барои занону xавонон, ки ҳисобкунии
андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб менамоянд

9. Музди миёнаи якрeзаи меҳнат дар ҳолати пардохти кафолатнок, ҳангоми иxрои вазифаҳои давлатӣ ё xамъиятӣ, истеҳсоли маҳсулоти ноқис, бо назардошти дараxаи зарар ва бекористи на бо айби корманд, ҳангоми ноилоx ҳозир нашудан ба кор ва дар дигар ҳолатҳо (uайр аз пардохти рухсатиҳо, ҳисоб кардани нафақа ва кeмакпулиҳо) бо роҳи тақсим кардани маблаuҳои воқеии ҳисобшуда дар 3 моҳи тақвимии ҳолати мушаххаси қаблии вақти пардохт ба корманд дар ин ҳолатҳо (аз санаи 1 то 1 моҳи дигар) ва ба коэффитсиенти теъдоди миёнаи якмоҳаи рeзҳои корӣ бо назардошти давомнокии мeътадил ё кeтоҳи вақти корие, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, муайян карда мешавад.
10. Барои муайян намудани музди миёнаи якрeзаи меҳнат дар ҳолати давомнокии вақти кории мeътадил (40 соат дар як ҳафта) ҳангоми ҳафтаи кории шашрeза коэффитсиенти 25,0 - ҳисоби миёнаи рeзҳои кории якмоҳа ва ҳангоми ҳафтаи кории панxрeза коэффитсиенти 20,6 - теъдоди миёнаи рeзҳои корӣ дар як моҳ истифода карда мешавад. Ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар ин давра бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрeза ба теъдоди рeзҳои кории ҳисобшаванда амали мегардад.
11. Ҳангоми баҳисобгирии xамъбастии вақти корӣ, музди миёнаи меҳнат дар асоси музди меҳнати соатбайъ ҳисоб карда мешавад. Барои он ки маблаuи пардохт муайян карда шавад, бояд музди меҳнати ҳисобкардашудаи давраи ҳисоботӣ (меъёрҳои тарифии моҳона, маош) ба фонди вақти кории миёнаи якмоҳа, ки ба 165,0 соат дар як моҳ баробар аст, тақсим карда шавад ва маблаuи музди меҳнати миёнаи соати ҳосилшуда ба миқдори соатҳои воқеии дар ин давра коркардашуда зарб зада шавад.
12. Азнавҳисобкунии меъёрҳои тарифии (маошҳо) соатбайъ ҳангоми ҳафтаи кории 35 - соата бо роҳи тақсим намудани фонди вақти кории миёнаи якмоҳа ба коэффитсиенти дахлдорӣ 1,14 (40:35), инчунин барои дигар низомҳои (16, 18 ва 24 соата) ҳафтаи корие, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, анxом дода мешавад.
13. Маблаuи умумии музди миёнаи меҳнат бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрeза ё яксоата ба шумораи рузҳо ё соатҳои кории корманди мазкур, ки тибқи ҷадвали (реҷаи) корӣ дар фосилаи ваќте, ки бояд пардохта шавад, муайян мегардад.

IV. Пардохти кeмакпулиҳои суuуртаи иxтимоии давлатӣ, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва кўмакпулӣ
 барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

14. Музди миёнаи якрeзаи меҳнат барои ҳисоб кардани кeмакпулb барои корношоямии муваққатb бо роҳи тақсими музди меҳнати моҳона ба ҳамаи рeзҳои кории моҳи корношоямb муайян карда мешавад. Вобаста ба андозаи кeмакпулии марбута бо ҳисоби фоиз нисбат ба музди меҳнати моҳона (аз 60 то 100 фоиз) кeмакпулии рeзона бо роҳи зарб задан ба теъдоди рeзҳои корие, ки дар ҳамин моҳ дар натиxаи корношоямb аз даст дода шудаанд, муайян карда мешавад. (RҲXТ №349 аз 30.06.12с.)
15. Барои кормандони дорои низоми мукофотии музди меҳнат, ҳисобкунии музди меҳнати моҳона барои пардохти вақти корношоямии муваққатb аз ҳисоби музди меҳнати моҳонаи се моҳи пурраи корb пеш аз корношоямии муваққатии корманд анxом дода мешавад. Ба кормандоне, ки вақти кории онҳоро ба ҳисоб гирифтан uайриимкон аст, (онҳое, ки корро дар хона мекунанд, тайёркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, кироякорони шахсони алоҳида ва uайра) кeмакпули вобаста ба корношоямии муваққатӣ, аз ҳисоби музди меҳнат дар 12 моҳи охири кор, вобаста ба маблаuи пардохташудаи аъзоҳаққии иxтимоӣ ҳисоби карда мешавад. (RҲXТ №349 аз 30.06.12с.)
16. Барои ҳисобкунии кeмакпули барои корношоямии муваққатӣ, (ҳомиладорӣ ва таваллуд), музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда бо маблаuи на зиёда аз маоши вазифавии дукарата ё меъёри тарифии дукарата истифода бурда мешавад. Ҳамин маҳдудият дар ҳолати маъюбии меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, ки дар ин мавридҳо кeмакпулӣ ба андозаи музди миёнаи меҳнати воқеӣ, бидуни маҳдудияти маблаuи маоши дукарата (меъёрҳои тарифӣ) дода мешавад, ба назар гирифта намешавад.
17. Музди миёнаи меҳнати якрeза барои ҳисоб кардани кeмакпули барои ҳомиладори ва таваллуд бо роҳи тақсими ҳамаи маблаuҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 3 моҳ ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба ҳамаи рeзҳои кории моҳи корношоямӣ то пешниҳоди ба рухсати барои ҳомиладорӣ ва таваллуд рафтани коргарзан (аз рeзе, ки пардохти музди миёнаи меҳнат ҳисоби шудааст) ва пас аз он ба миқдори рeзҳои тақвими корношоями дода шуда, ки онро муассисаи тиббӣ муқаррар менамояд (аз 70 то 180 рўзи тақвимӣ) зарб зада мешавад.
18. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои ҳисоби кeмакпулиҳо ҳамаи намудҳои пардохти музди меҳнат, ки дар банди 20 Rоидаҳои мазкур пешбини шудаанд, ҳам аз xойи кори асосӣ ва ҳам аз ду xойи корӣ, инчунин маблаuҳои подоши ҳаққи қалами муаллиф ва маблаuҳои мукофотпулиҳо аз шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои муддат ё кори муайян, дар сурате, ки аз онҳо ҳаққи суuурта ситонида шудаст, ба назар гирифта мешаванд.
19. Давраҳои корношоямии муваққатӣ ё рухсати барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат ба инобат гирифта намешаванд.

V. Қоидаҳои умумӣ барои тамоми ҳолатҳое, ки ба
пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд

20. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат пардохтҳое, ки аз онҳо андози иxтимоӣ ситонида мешавад ва ба буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд, яъне:
а) музди меҳнати асосӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) коллективӣ, инфиродӣ, бо меъёрҳои тарифӣ, маоши вазифавӣ ё музди корбайъ, муайян карда шудааст;
б) нигоҳдории кафолатноки музди меҳнат ҳангоми ба кори дигар гузаронидан, таuйири макон бо сабаби қабул ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда, ҳангоми сафари хизматӣ, дар рухсатии меҳнати будан, иxро намудани вазифаҳои давлатӣ ва xамъиятӣ;
- пардохти музди меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ноқис ва бекористи на бо айби корманд, вақти ноилоx ҳозир нашудан ба кор;
- музди меҳнати ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ (курсҳо) нигоҳдошташаванда ва ба занҳо дар давраи танаффусҳо барои маконидани тифл нигоҳдошташаванда;
в) иловапулиҳо:
- барои тахассус, дараxа, рутбаҳои тахассусӣ, унвони илмӣ, донистани забони хориxӣ, барои собиқаи хизмат, фарқияти байнидараxавӣ, иxрои корҳои махсусан муҳим, шахси ва дар дигар ҳолатҳо;
- барои баланд бардоштани самаранокии меҳнат, (барои иxрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда дар муддати давомнокии рeзи кории муқаррарӣ, барои хизматрасонии якчанд дастгоҳ, барои иxрои ду вазифа, касб, барои васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаxми корҳои иxрошаванда), барои роҳбари ба ҳайат, таxрибаомeзии истеҳсолӣ барои омeзонидани шогирдон дар истеҳсолот;
- барои кор ҳангоми риоя накардани низоми мeътадили вақти корӣ (барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ ва кори шабона, барои кор дар рeзҳои ид ва истироҳат);
- иловапулиҳо ба кормандони меъёри кориашон корбайъ, ҳангоми таuйири шароити мeътадили меҳнат (дар мавридҳое, ки агар иxро нагардидани меъёри коркарди маҳсулот дар ҳолати таuйирёбии шароити истеҳсолот нисбати он шароите, ки бо дарназардошти он меъёр муқаррар карда шуда буд, ба амал омада бошад);
- барои кор ҳангоми риоя накардани шароити мeътадили меҳнат (барои корҳои вазнин ва зарарнок, шароити меҳнати махсусан вазнин ва махсусан зарарнок дар ноҳияҳо ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишии меҳнат);
г) тамоми намуди мукофотҳои тибқи низомномаи музди меҳнат ва низомнома дар бораи мукофотони пешбинигардида ва дар ҳамин корхона, муассиса, ташкилот тасдиқшуда ё мувофиқи шартномаи (созишномаи) колективӣ тасдиқгардида.
21. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат инҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд:
а) пардохтҳое, ки берун аз манбаъҳои фонди музди меҳнат (барои мусоидат дар xори намудани ихтироот ва пешниҳодҳои навоварӣ), пардохти стипендияҳое, ки корхона барои донишxeён ва аспирантҳои xудо аз истеҳсолот ба таҳсил фиристодашуда медиҳад, кeмакпулиҳо барои хeроки нисфирeзӣ, арзиши роҳхатҳо барои табобат дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо аз ҳисоби Фонди рушди иxтимоӣ (фонди истеъмолот);
б) ҳамаи намудҳои подошҳои иловагии дорои хусусияти яквақта (иxрои супоришҳои алоҳидае, ки ба доираи вазифаҳои муқаррарии корманд дохил намешаванд, мукофотпулиҳо, подошҳои яквақтаи дорои хусусияти ҳавасмандгардонӣ, ба муносибати xашнҳои шахсӣ, кeмакпули ҳангоми озодшави аз вазифа, кeмакпулиҳои ҳавасмандгардонии моддӣ, мукофотҳои пулӣ барои ишuоли мақоми аввал дар озмунҳо ва uайра);
в) xубронпулиҳо:
- ҳангоми дар сафари хизмати будан ва гузаштан ба кори дигар, ки ба xои хароxоти шабонарeзӣ, кирояи манзил ва роҳкиро пардохта мешаванд (маблаuҳои хароxот барои интиқол, пардохти кирояи меҳмонхона, роҳкиро, пардохт барои кашонидани амвол ва кирояи бино ҳангоми ба кори дигар гузаронидан ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда);
- арзиши манзилҳои ба таври ройгон додашуда, хизматрасонии коммуналӣ ва сeзишворӣ;
- барои рухсатии истифоданашуда, барои фарсудашавии асбоб, либоси махсус ва uайра;
г) кeмакпулиҳои аз суuуртаи иxтимоии давлатӣ пардохтшаванда;
д) музди меҳнати дар рeзҳои кории беподоши меҳнат, ки ба буxети дахлдор ё фондҳои хайрия гузаронида мешавад.
22. Мукофотҳо ва дигар пардохтҳои ҳавасмандкунии мувофиқи системаи музди меҳнат пешбинишуда аз рeи ҳисоби воқеӣ ва мукофотҳою подошҳои солона бошанд, ба андозаи 1/12 барои дар як моҳи давраи ҳисоботӣ дохил карда мешаванд.
23. Ҳангоми иxрои корҳои гуногунпардохт (корҳои таъмирӣ, якxокунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ ё иxрои вазифаи кормандони муваққатан дар кор ҳозир набуда ва uайраҳо) музди миёнаи меҳнат аз маблаuи умумии подош, ки бо ҳамаи намудҳои корҳои иxрошуда пардохт карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.
24. Музди миёнаи меҳнат дар рeзи пардохти он ба корманд, ки дар давраи ҳисоботӣ меъёри муайяни вақти корӣ ва ҳаxми корро пурра иxро кардааст, боқи аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида паст набошад.
25. Ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ноҳияҳое, ки коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон ва xойҳои беоб, коэффитсиентҳои ноҳияҳои баландкeҳ истифода карда мешаванд, бо дарназардошти коэффитсиентҳо барои ноҳияи мушаххас ва андозаи музди меҳнате, ки дар вақти ҳисобкунии музди миёна илова карда мешавад, анxом дода мешавад.
26. Ҳангоми пардохти музди миёнаи меҳнат аз маблаuҳои буxетӣ ва махсус (аз даромади фаъолияти хоxагидории онҳо бадастомада), ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ҳама ҳолатҳое, ки ин Rоидаҳо пешбини намудаанд, аз ҳар ду сарчашмаҳои маблаuгузорӣ анxом дода мешавад, агар аз музди меҳнати кормандон андоз аз даромад ва аъзоҳаққии суuуртаи давлатии иxтимоӣ ситонида шуда бошанд.

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2013, №293 Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р

аз 2 июли соли 2013, №293                                                                  ш. Душанбе


Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти
кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

Мутобиқи моддаҳои 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
1. Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоатро бе ситонидани хароҷот барои хизматрасонии бонкӣ амалӣ намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли соли 1998, №347 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» беэътибор дониста шавад.


                   Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон
               Тоҷикистон


 Замима
 Бо қарори Ҳукумати
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 2 июли соли 2013, №293
тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ
пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
(дар таҳрири қарори Ҳукумати ҶТ аз 5 ноябри соли 2014, №709)

1.  Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» таҳия гардида, тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулӣ барои дафнро ба аъзои оилаи камбизоат муайян менамояд.
2. Ба гирифтани кўмакпулӣ барои дафн аъзои оилаи камбизоат ё дигар шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва маросими дафни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом додааст, ҳуқуқ дорад.
3. Далели он ки шахси ба гирифтани кўмакпулӣ барои дафн муроҷиатнамуда аъзои оилаи камбизоат мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад.
5. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нисбати музди меҳнати кормандон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, андозаи кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо назардошти ин коэффитсиентҳо ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

2. Мақоми ваколатдор оид ба пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

6. Кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат вобаста аз мақоми иҷтимоии шаҳрванди вафоткарда (ҳалокгардида) аз ҳисоби маблағҳои мақомоти зерин пардохт мегардад:
а) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709):
- барои шаҳрвандони суғурташудае, ки то рўзи вафот кор мекарданд;  
- барои аъзои корношоями оилаи вафоткардаи шахси суғурташуда;
- барои шаҳрвандони муваққатан бекоре, ки то рўзи вафот мақоми бекорӣ доштанд ва кўмакпулӣ барои бекорӣ мегирифтанд;
- барои шаҳрвандоне, ки то рўзи вафот донишҷўи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, аспирантура ва ординатура буданд;
- барои шаҳрвандоне, ки то рўзи вафот аз мақомоти мазкур нафақа мегирифтанд.
б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
- барои шаҳрвандони бекоре, ки то рўзи вафот мақоми бекорӣ надоштанд ва шахсони бе ҷои зисти муайян;
- барои аъзои оилаи корношоями шаҳрвандони бекори мақоми бекорӣ надошта ва аъзои оилаи корношоями нафақагирон;
- барои шаҳрвандони фавтида (ҳалокгардида), ки хизмати ҳарбиро аз рўи даъват адо менамуданд.
7. Дар сурати вафоти шаҳрвандоне, ки то рўзи вафот дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кўдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доштанд, агар маросими дафни онҳо аз ҷониби ин муассисаҳо анҷом дода шуда бошад, кўмакпулӣ барои дафн пардохт карда намешавад. Маросими дафни ин гурўҳи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои мазкур амалӣ мешавад.  
8. Агар маросими дафни шаҳрвандоне, ки то рўзи вафот дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кўдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарордошта аз ҷониби оилаи камбизоат анҷом дода шуда бошад, кўмакпулӣ барои дафн вобаста аз талаботи банди 6 Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор пардохт карда мешавад.

3. Тартиби муроҷиати аъзои оилаи камбизоат барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн

9. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандони дар зербанди а) банди 6 Тартиби мазкур пешбинишударо анҷом додааст, барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн бо ариза ба раёсати (шуъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои истиқомати худ муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709):
- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;
- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида мебошад.
10. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандони дар зербанди б) банди 6 Тартиби мазкур пешбинишударо анҷом додааст, барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷои истиқомати худ бо ариза муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709):
- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;
- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида мебошад.
11. Ариза барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақоми дахлдор дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи баъди бақайдгирии он баррасӣ карда мешавад.
12. Мақоми ваколатдор вазифадор аст, ки дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз аризадиҳандаро дар хусуси қарори худ расман огоҳ намояд.   
13. Кўмакпулӣ барои дафн дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар муроҷиат барои он дар мўҳлати на дертар аз шаш моҳ пас аз рўзи вафоти шаҳрванд сурат гирифта бошад.

4. Тартиби пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

14. Кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат тавассути муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҷои истиқомати он пардохт карда мешавад.
15. Рўйхати аъзои оилаи камбизоат, ки ба онҳо кўмакпулӣ барои дафн барои шаҳрвандоне, ки дар зербанди а) банди 6 Тартиби мазкур пешбинигардида пардохт карда  мешавад, ба мақоми пардохткунанда аз ҷониби раёсати (шуъбаи) Агентии   суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия (шаҳр) пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709).
16. Рўйхати аъзои оилаи камбизоат, ки ба онҳо кўмакпулӣ барои дафн барои шаҳрвандоне, ки дар зербанди б) банди 6 Тартиби мазкур пешбинигардида пардохт карда мешавад, ба мақоми пардохткунанда аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) пешниҳод мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709).
17. Пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат, бояд сари вақт аз ҷониби мақоми ваколатдоре, ки дар банди 6 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидааст, маблағгузорӣ карда шаванд.
18. Маблағи кўмакпулӣ барои дафне, ки муроҷиаткунанда барои гирифтани он ба муассисаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар мўҳлати то се моҳ муроҷиат накардааст, ба суратҳисоби мақоми ваколатдори кўмакпулӣ барои дафнро маблағгузоринамуда бозпас гардонида мешавад.
Дар ин ҳолат муроҷиаткунанда барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдор муроҷиат менамояд.

Қарори Шӯрои Олии ҶТ аз 25.06.1993, №797

ҚАРОРИ
ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тартиби амалӣ гардонидани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи
 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 январи соли 1994 мавриди амалӣ гардонида шавад.
2. Бинобар афзудани арзиши зиндагӣ ва баланд гаштани андозаи пардохти меҳнат, ҳамаи намудҳои нафақа, ки то амалӣ гаштани ҳамин Қонун таъин шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ҳисобу китоб карда шаванд.
3. Дар давраи то 1 июли соли 1995 андозаи зиёдтарини нафақа аз рўи синну сол, дар сурати доштани собиқаи корӣ умумӣ, ки барои таъини нафақаи пурра баробар аст, инчунин андозаи зиёдтарини нафақаи маъюбони гурўҳи 1 ва 2 дар ҳадди ду нафақаи камтарин; нафақаи маъюбони гурўҳи 3 ва нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як аъзои корношоями оила, ба ғайр аз кўдаконе, ки падару модарро гумм кардаанд ва модари яккаю танҳояшон фавтидааст, дар ҳадди нафақаи камтарин аз рўи синну сол; нафақа аз рўи синну сол барои кор дар шароити басо зараровар ва басо вазнини меҳнат (рўйхати 1) ва нафақаҳое, ки барои хизмати дарозмуддат ба кормандони ҳавонавардӣ ва ҳайати парвозу озмоишгарон таъин карда мешавад, дар ҳадди андозаи дуюним нафақаи камтарин аз рўи синну сол муайян карда мешавад. Ин маҳдудиятҳо бидуни назардошти иловапулии бо Қонун пешбинишуда муқаррар карда мешаванд. Ба маъюбон ва иштирокчиёни ҷанг нафақа бе маҳдудият пардохта мешавад.
4. Нафақаҳое, ки пештар барои хизмати дарозмуддат ба кормандони маориф ва тандурустӣ барои занон аз 50-солагӣ ва барои мардон аз 55-солагӣ таъин шуда буданд, ба андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол муқаррар карда шаванд.
5. Тарифи пардохти ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва шаҳрвандони соҳибкор, инчунин маблағи пардохти ҳатмии шаҳрвандони коркунандаро ба Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
6. Фонди нафақа, Вазорати таъминоти иҷтимоӣ, Вазорати молия, Вазорати иқтисод, Вазорати адлия, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ механизми баҳисобгирии пардохти нимаи ҳатмии шаҳрвандони кор мекардагиро ҳангоми ҳисоб кардани нафақа муайян кунанд.
7. Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва ташкилотҳои он аз пардохти ҳама гуна андоз, пардохти ҳатмӣ ва боҷҳо, аз ҷумла боҷи давлатӣ, инчунин аз пардохт барои хизматрасонии банкҳои давлатию тиҷоратӣ аз рўи хизматрасонии кассавии иҷрои фонди буҷет озод карда шаванд.
8. Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
то 1 октябри соли 1993 оид ба масъалаҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба салоҳияти Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, қарорҳо қабул намояд;
то 1 январи соли 1994 рўйхати истеҳсолот, цехҳо, ихтисосҳо ва нишондиҳандаҳоеро, к ба гирифтани нафақа барои кори шароити меҳнаташ зарарнок ҳуқуқ медиҳанд, феҳристи нафақаҳоро барои хизмати дарозмуддат ва корҳои мавсимӣ дар ҷумҳурӣ таҳия карда, тасдиқ намояд;
санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ кунонад ва аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадани тағйир додани қарорҳояшонро, ки ба ин Қонун ихтилоф доранд, таъмин намоянд;
барои амалӣ гаштани замонати ҳимояи иҷтимоӣ ва беҳбуди шароити зиндагии ветеранҳо, маъюбон, камбизоатону модарони сефарзанд тадбирҳои иловагӣ андешанд;
оиди ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки амалиётҳои мусаллаҳона барои муҳофизати сохти Конститутционии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаанд (дар солҳои 1992-1993), инчунин аъзоёни оилаи шахсоне, ки дар амалиёти нишондода дар натиҷаи ярадорӣ, контузия, ё ин ки маҷруҳӣ ҳалок ё ин ки вафот ёфтаанд, қарор қабул карда шавад.
9. Муқаррар гардад, ки то аз тарафи Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани Рўйхати истеҳсолот, кор, ихтисос, вазифа ва нишондиҳандаҳое, ки барои таъмини нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ медиҳанд, ҳамон Рўйхатҳое амал мекунанд, ки бо қарори Девони Вазирони ИҶШС аз 26 январи соли 1991, №10, инчунин тағйироту иловаҳои он тасдиқ шуда буданд.
10. Ба Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки дар бораи тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳу эзоҳ диҳад, ки онҳо барои ҳамаи корхонаю ташкилотҳои воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд.


   Раиси Шўрои Олии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Э. Раҳмонов

25 июни соли 1993, №797
ш. Душанбе

Дополнительная информация